المبين
كلمة (المُبِين) في اللغة اسمُ فاعل من الفعل (أبان)، ومعناه:...
Ва [мушрикон бузургӣ ва мақоми] Аллоҳ таолоро чунон ки сазовори Ӯст нашинохтанд, чаро ки гуфтанд: «Аллоҳ таоло бар [ҳеҷ] башаре чизе нозил накардааст».
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Он китоберо, ки Мӯсо овард, чи касе нозил кардааст? [Ҳамон китобе, ки] барои мардум рӯшноӣ ва раҳнамуде буд [ва шумо яҳудиён] онро ба сурати [пароканда бар] туморҳо дармеоваред [ва ҳар чиро ки мехоҳед] аз он ошкор месозед ва бисёреро пинҳон мекунед.Ва [акнун, эй қавми араб] чизҳое [аз оёт ва ахбори Қуръон] ба шумо омӯхта шуд, ки на худ медонистед ва на падаронатон». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Аллоҳ таоло [онро нозил кардааст». Онгоҳ [дар ҷаҳлу гумроҳӣ] раҳояшон кун, то дар жарфо [-и ақоиди ботил]-и худ саргарми бозӣ бошанд