المولى
كلمة (المولى) في اللغة اسم مكان على وزن (مَفْعَل) أي محل الولاية...
93.
Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Аллоҳ дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Аллоҳ нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ эй Паёмбар, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоикаҳо бар онҳо даст кушодаанд, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азоби хоркунандае азоб мекунанд ва ин ҷазо бар он аст, ки дар бораи Аллоҳ ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти Ӯ саркашӣ мекардед. (1)