الحليم
كلمةُ (الحليم) في اللغة صفةٌ مشبَّهة على وزن (فعيل) بمعنى (فاعل)؛...
2. Ҷуз Аллоҳ маъбуди барҳақ дигаре нест. Ҳамеша зинда ва пойдору устувор аст ба зоти хеш ва дар пойдорӣ эҳтиёҷ ба дигарон надорад.
3. Китоби Қуръонро бар ту ба ҳақ нозил кард, тасдиқкунандаи китобҳоест, ки пеш аз он буданд,(1)
4. барои ҳидояти мардум фиристод ва Фурқонро нозил кард. Бегумон касоне, ки ба оёти Аллоҳ куфр варзиданд, онон азоби сахт дар пеш доранд ва Аллоҳ тавоност ва касе, ки аз фармони Ӯ сар печад, дучори интиқом мегардад.
5. Бегумон ҳеҷ чизе дар осмон ва дар замин бар Аллоҳ пинҳон намемонад. (Ва ҳатто он чи дар шиками занон аст бар Ӯ пӯшида нест.(1))
6. Ӯст, ки шуморо дар шикамҳои модаронатон он гуна, ки бихоҳад, дар қолаби мард ё зан, комил ё ноқис, сурат мебандад. Ҷуз Ӯ маъбуди барҳақе нест, тавоност ва дар офариниши махлуқоташ бо ҳикмат аст.
7.Ӯ зотест, ки китобро бар ту нозил кард ва баъзе аз он оёт муҳкам ҳастанд, ки маъонии он возеҳ ва равшан аст ва онҳо асли китоб ҳастанд. Ва баъзе аз он муташобиҳот ҳастанд, ки эҳтимолан маъонии дигар ҳам доранд. Ва аммо касоне, ки дар дилҳояшон майл ба суи ботил аст, барои фитнаангезӣ ва таъвили нодурусти он, аз паси муташобиҳот мераванд ва таъвили онро ҷуз Аллоҳ касе намедонад. Ва собитқадамон дар илм мегуянд: "Ба ҳама оёти Қуръон имон овардем, ҳама аз ҷониби Парвардигори мост" ва ҷуз хирадмандон панд намепазиранд.
8.Парвардигоро, пас аз ин ки моро ҳидоят кардӣ, дилҳои моро ба ботил моил масоз ва аз ҷониби худ ба мо раҳмате бубахш. Бегумон Ту дорои бахшиши зиёде ҳастӣ. Касеро, ки Ту хостӣ аз фазлу атои худ барояш беҳисоб арзонӣ мекунӣ.
9. Эй Парвардигори мо, ҳамоно шаҳодат медиҳем, ки Ту мардумро дар рӯзи қиёмат, ки ҳеҷ шакке дар он нест, ҷамъ хоҳӣ кард. Бегумон Аллоҳ хилофи ваъда намекунад.
10. Бегумон касоне, ки куфр варзиданд, ҳаргиз молҳо ва фарзандонашон онҳоро аз азоби Аллоҳ наҷот нахоҳанд дод ва онҳо ҳезуми дӯзаханд. (1)
11.
Монанди рафтор ва кирдори оли Фиръавн ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, оёти моро дурӯғ бароварданд, пас Аллоҳ онҳоро ба азобҳои дунявӣ ва ухравӣ гирифтор кард ва Аллоҳ, касеро ба Ӯ куфр орад ва паёмбарашро дурӯғ барорад, сахт азобкунанда аст. (1)
12. Бигӯй, эй Расул, ба кофирони яҳуд ва ғайрашон, ба онҳое, ки пирӯзии туро дар Бадр (1) бовар надоштанд: ба зудӣ мағлуб хоҳед шуд дар дунё ва бар куфр мемиред ва ба ҷаҳаннам гирд оварда мешавед ва бад ҷойгоҳест дӯзах!
13.
Эй яҳудони саркаш, барои шумо дар ҷанги Бадр нишонаи бузурге буд дар рӯ ба рӯ шудани ду гурӯҳ, гурӯҳе дар роҳи Аллоҳ меҷангид (яъне, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ёронашон) ва гурӯҳе дигар кофир буданд, ки муъминонро бо чашмони худ ду баробар медиданд ва инро Аллоҳ сабаби шикасти кофирон гардонид. Ва Аллоҳ бо ёрии худ ҳар касеро ки хоҳад ёрӣ медиҳад. Ҳамоно дар он барои фаросатмандон ибрати бузургест!(1)
14. Муҳаббати орзуҳои нафс: аз қабили занон ва фарзандон ва сарватҳои қимматбаҳо аз зару сим ва аспони нишондор ва чаҳорпоён (шутур, гов ва гӯсфанд) ва зироат барои мардум ороста шудааст. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии дунёст ва саранҷоми нек дар пешгоҳи Аллоҳ аст.
15. Бигӯ эй Расул: "Оё шуморо ба чизҳое беҳтар аз инҳо огоҳ кунам?" Барои онон, ки парҳезгорӣ пеша карданд ва аз азобаш тарсиданд, дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест, ки дар зери қасрҳои он дарёҳо равон аст. Онҳо бо ҳамсарони покиза аз ҳайзу нифос ва хулқи бад бо ризоияти Аллоҳ ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд. Ва Аллоҳ аз сифатҳои неку бади бандагонаш огоҳ аст ва ба ҳолашон доност. (1)
16. Он бандагони парҳезгоре, ки мегуянд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем (ба Ту ва китобат ва Расулат, Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам,) гуноҳони моро биёмӯрз ва моро аз азоби оташ наҷот деҳ.(1)
17. Онҳое, ки дар тоъату мусибатҳо сабр мекунанд ва дар сухану корҳояшон содиқ ҳастанд ва дар тоъат бардавоманд ва дар пинҳону ошкоро нафақа мекунанд ва дар саҳаргоҳон аз гуноҳҳо омӯрзиш мехоҳанд. Ба дурустӣ, ки ин вақт, вақти қабули дуъо аст.(1)
18.
Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ӯ нест ва фариштагон ва аҳли илм низ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ӯ нест ва Ӯ азиз аст, хости Ӯро чизе монеъ шуда наметавонад ва дар гуфтору корҳояш бо ҳикмат аст.
19. Ба дурустӣ дине, ки Аллоҳ онро барои худ писандидааст ва ба он паёмбарашро фиристодааст, Ислом (1) аст. Ба ҷуз ислом дигар дин дар пешгоҳи Аллоҳ мақбул нест. Пас аз омадани ҳуҷҷат (омадани расулон ва нозил шудани китобҳо) аҳли китоб аз яхуду насоро миёни худ аз рӯи ҳасад ва саркашӣ бо якдигар ихтилоф карданд. Ва ҳар кас, ки ба оёти Аллоҳ кофир шавад, бидонад, ки Аллоҳ зудшумор аст ба ҳисоби ҳар кас мерасад.
20.
Агар бо ту эй Расул, ахли китоб дар бораи тавҳид(1) ба муноқиша бархезанд, ба онҳо бигӯ: «Ман ибодати худро холис аз барои Аллоҳ мекунам ва касеро дар ибодаташ шарик намеорам ва низ пайравони ман холис Ӯро ибодат мекунанд ва барояш сар фурӯ меоранд. Ба аҳли китоб ва мушрикони араб ва ғайрашон бигу: Агар шумо ҳам ба Аллоҳ худро таслим намудед, пас шумо бар роҳи мустақим ва ҳақ ҳастед ва агар рӯй гардонед, ҳисоби шумо бар Аллоҳ аст. Ва вазифаи ман танҳо пайғом расонидан асту бас. Аллоҳ ба бандагон биност ва ҳеҷ чизе аз Ӯ махфӣ намемонад(1).
21. Ҳамоно касоне, ки оёти Аллоҳро инкор мекунанд ва паёмбаронро ба ноҳақӣ мекушанд ва мардумонеро, ки аз рӯи адл фармон медиҳанд ва ба тариқи паёмбарон пайравӣ мекунанд, ба қатл мерасонанд. Пас онҳоро ба азоби дарднок мужда бидеҳ!
22. Ин гурӯҳ ононанд, ки нобуд шуд амалҳояшон дар дунёву охират ва ҳеҷ амале аз онҳо қабул нахоҳад шуд ва нест онҳоро ёридиҳандае, ки аз азоби Аллоҳ онҳоро наҷот диҳад!
23. Оё эй Расул, надидӣ аҷоиботеро аз ҳоли яҳудон, ки баҳрае аз илми китоби Таврот дода шуда будаанд, пас медонанд, ки он чи дар Қуръон омадааст ҳақ аст. Чун даъват карда шаванд, ба ҳукми китоби Аллоҳ (Қуръон), ки дар бораи ихтилофи онҳо ҳукм бикунад, пас агар ҳукм мувофиқи ҳавою ҳавасашон набошад, аз вай рӯ гардонданд. Бештарашон ҳукми Аллоҳро рад мекунанд, зеро одати онҳо саркашӣ кардан аз ҳақ аст.(1)
24. Ва ин саркашиашон аз сабаби эътиқоди фосиди онон буд, ки мегуфтанд: Ҷуз чанд рӯзе дигар оташи дӯзах ба мо нарасад. Ин суханро аз назди худ бофтанд ва онро ҳақиқат донистанд, пас ба он амал карданд. Ва ба ин эътиқоди дурӯғбофтаашон дар дин, худашонро фиреб доданд.
25. Пас дар рӯзи қиёмат, он гоҳ ки Аллоҳ онҳоро ҷамъ мекунад, ҳоли онҳо чи гуна хоҳад буд!? Ҳол он ки дар омадани он рӯзи қиёмат шак нест ва ба ҳар шахсе ҷазои он мешавад ва бар онҳо ситам намешавад.
26.
Эй Расул, рӯ ба сӯи Парвардигорат кун бо дуъо ва бигӯ: Бор Илоҳо, Туӣ подшоҳи мулки дунёву охират! Ба ҳар кӣ бихоҳӣ, дар замин мулк (мол ва султон) медиҳӣ ва аз ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк меситонӣ! Ҳар касро, ки бихоҳӣ, бо тоъатат дар дунё ва охират иззат медиҳӣ ва ҳар касро, ки бихоҳӣ, ба маъсият хорӣ медиҳӣ! Ҳамаи некиҳо ба дасти Туст ва Ту бар ҳар коре тавоноӣ!(1)
27. Аз нишонаҳои қудрати Ту, ин ки шабро ба рӯз ва рӯзро ба шаб дармеоварӣ. Инро ба ҷои он ва онро ба ҷои ин қарор медиҳӣ, бар шаб меафзоӣ ва аз рӯз кам мекунӣ, то бо ин корҳо ва манофеъи бандагон таъмин шавад. Ва зиндаро аз мурда падид меоварӣ, ҳамон тавре ки киштзорҳои гуногунро аз дона мерӯёнӣ ва мӯъминро аз кофир падид меоварӣ ва мурдаро аз зинда берун мекунӣ ва тухми мурғи беҷонро аз мурғи зинда берун меоварӣ. Ва ба ҳар ки бихоҳи, беҳисоб рӯзи медиҳӣ!
28. Аллоҳ манъ мекунад муъминонро аз ин ки кофиронро ба ҷои мӯъминон ба дӯстӣ гиранд. Пас ҳар кӣ чунин кунад, ӯро бо Аллоҳ робитае нест ва ӯ аз Аллоҳ дур аст. Магар ин ки аз ҷони худ битарсед, пас дар чунин ҳолат Аллоҳ ба шумо рухсат медиҳад, ки ба онон дӯстии рӯякӣ кунед, то он даме, ки тавоно шавед. Ва Аллоҳ шуморо аз худаш метарсонад, ки бозгашт ба сӯӣ Ӯст барои ҳисобу ҷазо.
29. Эй Паёмбар, ба мӯъминон бигу: «Ҳар чӣ дар дил доред, аз майл кардан ба сӯи кофирон, дар муҳаббату ёрӣ доданашон, чӣ пинҳонаш кунед ва чӣ ошкораш созед. Аллоҳ ба он огоҳ, аст. Ӯ ҳар чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва бар ҳар коре тавоност!
30. Рӯзи қиёмат ҳар кас корҳои нек ва корҳои бади худро дар пеши худ ҳозир бинад, то ҷазо дода шавад, онгоҳ касе, ки корҳои бад кардааст орзу кунад, эй кош миёни ӯ ва кирдори бадаш масофае бузург бувад. Пас барои он рӯз омода бошед, ки Аллоҳ шуморо аз Худаш метарсонад. Ва бо ҳамроҳи ин ҳама сахтгириҳояш Аллоҳ ба бандагонаш меҳрубон аст!
31.
Эй Паёмбар бигу: Агар дӯстдори Аллоҳ бошед, пас пайравии ман кунед ва бо зоҳиру ботинатон ба ман имон оред, то Ӯ низ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмӯрзад, ки омӯрзанда ва меҳрубон аст! (Ин оят чунин мефармояд, ки шахсоне, ки даъвои муҳаббати Аллоҳ мекунанд, вале аз амру наҳйи Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайравӣ намекунанд, пас ин гуна касон дар даъвои худ дурӯғгӯ ҳастанд.)
32. Эй Паёмбар бигӯ: Итоъати Аллоҳ кунед бо пайравӣ кардани китобаш ва итоъати паёмбар кунед бо пайравии суннаташ. Пас агар рӯй баргардонданд, ҳамоно Аллоҳ кофиронро дӯст надорад.(1)
33. Ҳамоно Аллоҳ, Одаму Нуҳ ва хонадони Иброҳимро бар ҷаҳониён бартарӣ дод ва онҳоро беҳтарини аҳли замонашон гардонид:
34. Онҳо фарзандони поке буданд дар тавҳиду ихлос. Баъзе аз насли баъзе дигар пайдо шудаанд. Ва Аллоҳ шунаво аст ба гуфтори бандагонаш ва доност ба кирдорашон ва мувофиқи аъмолашон подошашон хоҳад дод!
35. Ба ёд ор эй Расул, қиссаи зани Имрон ва духтараш Марям ва Исо алайҳиссаломро; то ин ки ту рад намоӣ касонеро, ки даъво кардаанд, ки Исо Аллоҳ аст ё фарзанди Аллоҳ аст. Чун гуфт зани Имрон: Эй Парвардигори ман, он чи ки дар шикам дорам, барои Ту назр кардам, (1) Ин назрро аз ман бипазир, ки Ту танҳо шунавоӣ ба дуъои ман ва доноӣ ба нияти ман.
36.
Чун фарзанди хешро ба дунё овард, гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳамоно ман духтар ба дунё овардаам ва назр кардам то он чиро, ки дар шикам дорам, ходими ибодатгоҳи ту қарор диҳам ва Аллоҳ ба он чӣ ки ӯ таваллуд карда буд, донотар аст. Аллоҳ қалби ӯро таскин дод ва назрашро пазируфт ва фармуд, ки писар монанди духтар нест. (Ва модари Марям гуфт:) Уро Марям ном ниҳодам. Ӯ ва фарзандонашро аз шайтони раҷим дар паноҳи Ту месупорам.(1)
37. Пас Парвардигораш дуъояшро қабул кард ва он духтарро ба некӣ аз ӯ пазируфт ва ба тарзе писандида парваришаш дод ва Закариё алайҳиссаломро ба сарпарастии ӯ вобаста кард. Ва ҳар вақт, ки Закариё ба меҳроб назди ӯ мерафт, пеши ӯ хӯрданӣ меёфт.(1) Мегуфт: Эй Марям, инҳо барои ту аз куҷо мерасад? Марям мегуфт: Аз ҷониби Аллоҳ; зеро Ӯ ҳар касро, ки бихоҳад, аз бандагонаш беҳисоб рӯзӣ медиҳад.
38. Дар он ҷо, ки Закариё алайҳиссалом ин ҳолатро дид ва меҳрубонии Аллоҳро нисбат ба Марям мушоҳида кард, аз Аллоҳ хост, то ӯро фарзанде бидиҳад. Ин дар ҳоле буд, ки ӯ аз доштани фарзанд ноумед шуда буд. Пас гуфт: "Парвардигоро! Аз ҷониби худ фарзанди некӯ барои ман ато фармо! Ҳамоно Ту шунавандаи дуъо ҳастӣ".
39.
Пас, Закариё алайҳиссалом дар ҳоле, ки дар ибодатгоҳ ба намоз истода буд, фариштагон ӯро нидо доданд, ки Аллоҳ туро ба Яҳё мужда медиҳад, ки тасдиқкунандаи калимаи (1) Аллоҳ аст ва ӯ Яҳё алайҳиссалом пешво ва аз паёмбарони бузургвор аст ва аз гуноҳ ва майл ба занон дур аст. Ва паёмбаре аз ҷумлаи солеҳон аст.
40.
(Закариё алайҳиссалом бо таъаҷҷуб ҷавоб дод:) Парвардигоро! Бо вуҷуди ин ду монеъ, яъне пирӣ ва назоидани ҳамсарам, аз чи роҳе ман соҳиби фарзанд мешавам?!" Фармуд: Инчунин Аллоҳ ҳар чи бихоҳад аз корҳои аҷиб бар хилофи одатҳо анҷом медиҳад.
41. Гуфт (Закариё алайҳиссалом:) «Эй Парвардигори ман, барои ман нишонае падидор кун, ки далолат кунад ба фарзанддоршавии ман, то шод шавам». Гуфт: «Нишони ту ин аст, ки се рӯз бо мардум сухан нагӯӣ, магар ба ишора-ҳоло ин ки сиҳату саломат ҳастӣ ва Парвардигоратро хеле ҳам зиёдтар ёд кун ва дар шабонгоҳу бомдод барои Ӯ намоз хон.
42. (Ба ёд ор эй Расул,) ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: Эй Марям, Аллоҳ туро интихоб кард барои тоъаташ ва покиза сохт туро аз рафторҳои бад ва бар занони ҷаҳон бартарӣ дод.
43. (Фариштагон гуфтанд): Эй Марям, давомат кун бар тоъати Парвардигорат, саҷда кун ва рукуъ кун ҳамроҳи рукуъ кунандагон (яъне бо намозгузорон намоз бихон аз барои шукри Парвардигорат!) (1)
44. Ин қиссаҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту (эй Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом) ваҳй мекунем. Он гоҳ, ки ихтилоф карданд, то чӣ касе аз миёнашон сарпарасти Марям шавад, қуръа партофтанд. (Пас Закариё алайҳис салом он қуръаро бурид,) ту дар наздашон набудӣ.(1)
45. (Набудӣ эй Расул,) ҳангоме ки фариштагон гуфтанд; «Эй Марям, Аллоҳ туро ба калимаи Худ мужда медиҳад: Номи ӯ, Исои Масеҳ, писари Марям аст. Дар дунё обрӯманд ва дар охират аз наздикон аст.
46. Ва бо мардум дар гаҳвора ва дар синни миёнасолӣ сухан мегӯяд, (яъне, ба ваҳйи Аллоҳ) (1) ва аз зумраи шоистагон аст.
47. (Марям гуфт:) «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро фарзанде шавад, дар ҳоле ки одамӣ ба ман даст назадааст ва ҳамсар надорам ва бероҳагард ҳам нестам Гуфт; «Ин амре, ки ба ту воқеъ мешавад, барои Аллоҳ осон аст. Ҳар чиро ки бихоҳад, меофаринад. Чун иродаи чизе кунад, ба ӯ гуяд: «Мавҷуд шав!», пас мавҷуд мешавад». (1)
48. Аллоҳ ба ӯ навиштан ва ростӣ дар гуфтору кирдор ва Тавроту Инҷил меомӯзонад.(1)
49. Ва ӯро барои бани Исроил пайғамбар гардонид, то бигӯяд барояшон: Ман бо мӯъҷизае аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Бароятон аз лой чизе чун парранда месозам ва дар он медамам, ба фармони Аллоҳ паррандае шавад ва кӯри модарзодро ва бемории песро шифо медиҳам. Ва ба фармони Аллоҳ мурдаро зинда мекунам. Ва барои шумо мегӯям, аз он чи ки мехӯред ва аз он чи ки захира мекунед дар хонаҳои худ. Ҳамоно дар ин мӯъҷизот нишонаҳои бузургест, ки аз қудрати башар хориҷ аст; ва ин далолат бар паёмбарии ман мекунад, агар мӯъмин бошед.(1)
50.
(Ва мегуяд:) Омадам, то тасдиқкунандаи Таврот бошам, ки пеш аз ман нозил шудааст ва то баъзе аз чизҳое, ки бар шумо ҳаром шудааст, ҳалол кунам ва нишонае аз ҷониби Парвардигоратонро бароятон овардаам, пас аз Аллоҳ битарсед ва маро итоъат кунед.
51. Бегумон Аллоҳ Парвардигори ман ва Парвардигори шумост. Ман шуморо ба сӯи Ӯ даъват менамоям. Пас ману шумо дар бандагӣ баробарем. Ӯро бипарастед, ин аст роҳи рост.
52. Вақте Исо аз эшон эҳсоси куфр кард, гуфт: Кистанд ёридиҳандагони ман ба сӯи Аллоҳ? Ҳавориён гуфтанд: "Мо ёридиҳандагони Аллоҳем, ба сӯи Ӯ даъват менамоем, ба Аллоҳ имон овардем ва туро пайравӣ менамоем. Гувоҳ бош эй Исо, ки мо мусалмонем".
53. Эй Парвардигори мо, ба он чӣ нозил кардаӣ, дар Инҷил имон овардем ва ба паёмбарат Исо алайҳиссалом пайравӣ намудем. Моро бинавис аз ҷумлаи он касоне, ки Туро ба ягонагиат ва барҳақ будани рисолаи паёмбаронат, гувоҳӣ медиҳанд. (Ва он гувоҳидиҳандагон умматони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд.)
54. (Касоне, ки аз бани Исроил кофир шуданд ба Исо алайҳиссалом) макр карданд, (1) (яъне шахсеро барои куштани Исо вакил карданд. Пас Аллоҳи мутаъол мардеро ба Исо монанд кард ва ӯро дастгир карда кушта ва ба дор овехтанд ба гумоне, ки гӯё ӯ Исо ҳаст.) Вале макри Аллоҳ беҳтар аст аз он макркунандагон. (Ва дар ин оят исботи сифати макри Аллоҳ зикр шудааст, ки лоиқ ба бузургӣ ва камоли Ӯ мебошад; Макри Аллоҳ макри ҳақ аст дар муқобили макри бандагон.)
55.
Ва ба ёд ор он гоҳ, ки Аллоҳ фармуд: "Эй Исо, Ман туро мемиронам(1) ва ба сӯи худ боло барандаам ва туро аз дасти касоне, ки куфр варзидаанд, наҷот медиҳам ва касонеро, ки аз ту пайравӣ карданд, бар касоне, ки куфр варзиданд, то рӯзи қиёмат бартар қарор медиҳам. Сипас бозгашти шумо ба сӯи Ман аст, пас дар дар он чӣ ихтилоф мекардед, дар бораи Исо алайҳиссалом миёнатон ҳукм мекунам.
56.
Аммо онон, ки кофир шуданд (аз яҳудиҳо ва ё касоне, ки дар таърифи Исо аз ҳад гузаштанд аз насоро,) онҳоро дар дунё ба қатл ва гирифтани мол ва рафтани мулк ва дар охират ба оташ, сахт азоб хоҳам кард ва барояшон мададгороне нест, ки ононро аз азоби Аллоҳ бираҳонад!
57. Аммо онон, ки ба Аллоҳ ва Расулаш имон оварданд ва корҳои нек анҷом доданд, Аллоҳ муздашонро ба пуррагӣ хоҳад дод. Аллоҳ дӯст намедорад ситамкоронеро, ки ширк ва куфр меварзанд.
58. Ин қиссаҳое, ки бар ту мехонем (эй Муҳаммад, дар бораи Исо,) аз далолатҳои равшан аст бар дуруст будани паёмбарии ту ва дуруст будани Қуръони ҳаким, ки ҳақро аз ботил ҷудо менамояд. Ва дар он ҳеҷ шак ва шубҳае нест.
59. Мисоли Исо, (ки бе падар офарида шудааст,) дар назди Аллоҳ чун мисоли Одам аст, ки ӯро (бе падар ва модар) аз хок биёфарид ва ба ӯ гуфт: «Мавҷуд шав». Пас мавҷуд шуд. (Пас онон, ки даъво карданд, ки Исо бе падар офарида шудааст, маъбуди бар ҳақ аст (яъне, Аллоҳ аст), даъвои ботил аст. Ва агар ин шубҳа саҳеҳ буд, Одам аз Исо сазовортар буд, зеро Одам бе падар ва модар офарида шуд. Ва ҳама бар он итифоқ ҳастанд, ки ӯ бандае аз бандагони Аллоҳ аст.) (1)
60. Ин ҳақ аст аз ҷониби Парвардигори ту ва он чи дар мавриди Исо омад, шакке дар он нест, пас ба имони худ устувор бош ва аз шаккунандагон мабош! (Дар ин оят субот ва оромӣ аст барои Расулаллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам.)
61.
Пас, ҳар кӣ баъд аз он чи ба ту аз дониш омад, дар бораи Исо алайҳиссалом, бо ту ҷидол кунад, бигу: «Биёед фарзандонамон ва фарзандонатон ва занонамон ва занонатонро даъват намоем ва мо худро омода мекунем ва шумо ҳам худро омода кунед. Сипас дасти дуъо ва зорӣ ба сӯи Аллоҳ дароз мекунем ва лаънати Аллоҳро бар дурӯғгуён қарор медиҳем.
62. Ҳамоно ин қиссае, ки хабар додам туро дар бораи Исо росту дуруст аст ва дар он шакке нест. Ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуде нест. Ӯ Аллоҳи пирӯзманду ҳаким аст!
63. Агар рӯй гардонанд дар боварӣ ва пайравӣ бар ту, пас онон фасодкоронанд. Аллоҳ ба фасодкорон доност ва онҳоро тибқи аъмолашон ҷазо медиҳад.
64. Бигӯ: «Эй аҳли китоб,(1) биёед ба сӯи сухане, ки миёни мо ва шумо, баробар аст ва он иборат аст, аз ин ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ насозем (мисли бут, салиб, тоғут ва ғайра..) (2) ва баъзе аз мо баъзе дигарро ба худоӣ нагирад. Эй мӯъминон агар онон рӯйгардонанд, ба аҳли китоб бигӯед, шоҳид бошед, ки мо мусалмон ҳастем.
65.
Эй аҳли китоб, чаро дар бораи Иброҳим алайҳиссалом ҷидол мекунед, дар ҳоле ки Тавроту Инҷил баъд аз ӯ нозил шудааст? Магар намеандешед нодуруст будани суханатонро дар бораи Иброҳим, оё яҳудӣ буд ё насронӣ? Ба дурустӣ, ки дини яҳудӣ ва насронӣ баъди вафоти Иброҳим пайдо шуд.
66.
Огоҳ шавед шумо! Шумо дар бораи он чи ки ба он илм ва огоҳӣ доштед дар амри Мӯсо ва Исо ва даъво кардед, ки шумо бар дини онон ҳастед ва ҳол он ки Тавроту Инҷил ба шумо нозил шуда буд, ба ҷидол пардохтед, Пас чаро дар мавриди он чи ки дар он илм надоред ва дар китобатон зикр нашуда буд, ки Иброҳим яҳудӣ ё насронӣ буд ҷидол мекунед? Ҳол он ки Аллоҳ медонад ва шумо намедонед.(1)
67. Иброҳим на яҳудӣ буд ва на насронӣ, балки ӯ бар ҳақ ва таслими фармони Аллоҳ буд ва аз мушрикон набуд.
68.
Наздиктарин касон ба Иброҳим ҳамоно пайравони ӯ касонеанд, ки ба ӯ имон оварда ӯро пайравӣ карданд ва низ ин паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва касоне, ки ба ӯ имон оварданд аз муҳоҷирон ва ансориҳо ҳастанд. Ба Аллоҳ сарпарасти мӯъминон аст.(1)
69.
Эй мӯъминон Аллоҳ аз ҳасад ва ситами яҳуд хабардор месозад, ки гурӯҳе аз аҳли китоб дӯст доранд, шуморо аз роҳи Ислом гумроҳ кунанд, вале намедонанд, ки зиштии корашон бар худашон бармегардад ва худ ба гумроҳм мубтало мешаванд.(1)
70. Эй аҳли китоб! Чаро ба оёти Аллоҳ куфр меварзед, дар ҳоле, ки шумо нишонаҳои паёмбарӣ ва рисолати Муҳаммадро дар китобҳои ҳуд мебинед.
71. Эй аҳли китоб, бо он ки аз ҳақиқат огоҳед, чаро ҳақро ба ботил омехта мекунед ва онро аз китобатон тағйир медиҳед ва сифатҳои Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар он пинҳон медоред, ҳол он ки дини ӯ ҳақ аст?
72. Ва гурӯҳе аз ахли китоб гуфтанд: "Ба он чи бар мӯъминон нозил шуда дар аввали рӯз имон оваред ва дар охири рӯз ба он кофир шавед, то шояд аз дини худ шак карда баргарданд."
73. Ва яҳудиён гуфтанд: бовар макунед, магар ба касе, ки пайравии дини шумо кунад. Эй Паёмбар, бигӯ: "Ҳидоят, ҳидояти Аллоҳ аст". Гуфтанд: ин ки ба дигарон ҳамон чизҳое, ки ба шумо дода шудааст аз илм; ба мусалмонон нишон надиҳед, то ки аз шумо ёд гирифта ва аз шумо болотар шаванд ё фардо дар назди Парвардигоратон бо шумо муноқаша кунанд. Бигӯ эй Паёмбар: "Фазл ва бахшиш дар дасти Аллоҳ аст ва онро ба ҳар касе аз бандагонаш, ки бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ фарохнеъмати доност."
74. Ва Аллоҳ раҳмати хешро ба ҳар кас, ки бихоҳад, хос мегардонад. Ва Аллоҳ дорои фазли бузург аст.
75.
Ва дар миёни аҳли китоб касоне ҳастанд, ки агар ба таври амонат моли бисёреро ба онҳо супорӣ, онро ба ту бармегардонанд ва ҳастанд касоне, ки агар диноре ба таври амонат ба онҳо бисупорӣ, онро ба ту боз намегардонанд, магар ин ки ҳама вақт болои сари ӯ бошӣ, ин бад-он ҷиҳат аст, ки онҳо гуфтанд: "Мо дар баробари уммийин масъул нестем"(1) ва бар Аллоҳ дӯруғ нисбат медиҳанд, ҳол он ки онҳо медонанд.
76. Оре, ҳар кас, ки ба аҳди худ вафо кунад, (яъне имон орад, ба Аллоҳу Расулаш) ва аз манъкардаҳои Аллоҳ бипарҳезад, пас ӯ парҳезгори ҳақиқӣ аст. Аллоҳ парҳезгоронро дӯст медорад.
77.
Ҳамоно касоне, ки ба ивази паймони Аллоҳ, (1) ва савгандҳои дурӯғини худ баҳои андакеро аз моли дунё меситонанд, дар охират насибае надоранд ва Аллоҳ дар рӯзи қиёмат на ба онон сухан мегӯяд, ки хурсандашон кунад ва на ба онон менигарад ба чашми раҳмат ва на ононро аз гуноҳ покиза месозад. Ва барояшон азобе дардовар аст.
78. Ва аз миёни яҳудиён гурӯҳе ҳастанд, ки забони хешро дар вақти хондани китоб каҷ мекунанд, (1) то гумон кунед, ки он чӣ мегӯянд, аз китоби (2) Аллоҳ аст, дар ҳоле, ки аз китоби Аллоҳ нест. Ва мегӯянд: Ин аз ҷониби Аллоҳ ба Мӯсо омадааст, ҳол он ки аз ҷониби Аллоҳ наёмадааст. Барои дунё шуда дониста бар Аллоҳ дурӯғ мебанданд.
79.
Барои ҳеҷ инсоне сазовор нест, ки Аллоҳ ба ӯ китоб ва ҳукм ва паёмбарӣ диҳад, сипас ба мардум бигуяд: "Ба ҷои Аллоҳ бандагони ман бошед", балки сазовори паёмбарон ин аст, ки бигӯянд: "Ба сабаби он чи таълим медодед ва дарс мехондед, бандагони Аллоҳ бошед". (Модоме, ки ин ибодат кардан ба паёмбар лоиқ набошад, пас ба ҳеҷ мардум ба тариқи авло шоиста нест.) (1)
80. Ва шуморо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳеҷ гоҳ фармон намедиҳад, ки фариштагон ва паёмбаронеро маъбуди худ бигиред. Эй қурайшиҳо, оё шуморо ба куфр фармон медиҳад, пас аз ин ки шумо мусалмон ҳастед?! (1)
81. (Ва ба ёд овар эй Расул,) ҳангоме, ки Аллоҳ аз паёмбарон паймон гирифт, ки шуморо китобу ҳикмат додаам; сипас паёмбаре пеши шумо омад, ки тасдиқкунандаи он чи, ки бо худ доред, бояд бо ӯ имон оваред ва ӯро ёрӣ кунед. Аллоҳ фармуд: "Оё иқрор доред ва паймони маро бар он пазируфтед?" Гуфтанд: "Иқрор кардем". Фармуд: "Пас гувоҳ бошед ва ман ҳам бо шумо аз гувоҳон ҳастам". (1)
82. Пас ҳар кас баъд аз он (1) рӯй баргардонад, аз зумраи фосиқон ҳаст.
83.
Оё (фосиқони аҳли китоб) ғайр аз дини Аллоҳ, (ки он ислом аст ва онро Аллоҳ ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристод,) дини дигаре меҷӯянд, ҳол он ки он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, ба ихтиёр ё беихтиёр таслими фармонравои Ӯ ҳастанд. Ва ба назди Ӯ дар рӯзи қиёмат бозгардонда мешавед!
84.
Бигӯ ба онон эй Расул: «Ба Аллоҳ бовар кардем ва моро маъбуде гайр аз Ӯ нест ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ӯ (Яъқуб) (1) ва низ он чӣ бар Мӯсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеҷ як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама ба рубубият ва улуҳияти Парвардигорамон иқрор ҳастем ва таслими иродаи Ӯ ҳастем».
85. Ва ҳар кас, ки динеро ғайр аз ислом (1) бипазирад, пас амалаш мардуд ва қабул нест ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд. (Ислом, таслим шудан ба Аллоҳ ва сар фурӯ овардан ба тоъат ва пайрави кардан ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.) (2)
86.
Чӣ гуна Аллоҳ ҳидоят кунад қавмеро, ки аввал имон оварданд (ва ба ҳаққонияти паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шаҳодат доданд ва далоилу оёти равшанро мушоҳида карданд,) сипас кофир шуданд? Аллоҳ ситамкоронеро, ки куфрро бар имон ихтиёр карданд, ҳидоят намекунад!
87. Ҷазои он золимон ин аст, ки лаънати Аллоҳ ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар онон аст. Пас онон аз раҳмати Аллоҳ дур ҳастанд.
88. Абадӣ дар дӯзах бимонанд ва аз азобашон кам нашавад, то каме роҳат кунанд ва агар узр пеша кунанд, мӯхлаташон надиҳанд,
89. магар онон, ки баъд аз куфрашон тавбаи насуҳ карданд, ва ислоҳ шуданд, пас Аллоҳ тавбаашонро қабул мекунад, зеро Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст!
90. Тавбаи касоне, ки пас аз имон оварданашон кофир шуданд ва бар куфри худ афзуданд, то дами марг, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо гумроҳонанд!
91.
Онон, ки инкор карданд (паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) -ро) ва бар ақидаи куфрашон мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест. (1)
92. Ҷааннатро дарнахоҳед ёфт, то он гоҳ, ки аз он чӣ дӯст медоред, нафақа (хайр) кунед. Ва ҳар чӣ нафақа мекунед, хоҳ кам бошад ё зиёд, Аллоҳ ба он огоҳ аст. Ва ҳар касро мувофиқи нафақааш аҷр медиҳад.
93. Ҳамаи таомҳои пок қабл аз нозил шудани Таврот барои бани Исроил ҳалол буд, ба ҷуз чизҳое андаке, ки Яъқуб (алайҳиссалом ба сабаби бемориаш) барои худ ҳаром карда (1) буд. Вале Аллоҳ ба сабаби ситамкории бани Исроил баъзе таъомҳоеро, ки барои онон ҳалол буд, ҳаром гардонид; Бигу: «агар ростгу ҳастед, пас, Тавротро биёвареду бихонед.
94. Ва касоне, ки пас аз он ба Аллоҳ дурӯғ нисбат диҳанд, онҳо ситамкоронанд.
95. Бигӯ (ба онон эй Расул): «Аллоҳ рост мегӯяд. Агар ростгӯ бошед, пас ба дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ намоед. (Зеро дар пайравӣ намудани оини Иброҳим алайҳиссалом пайравии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст.) Ва Иброҳим алайҳиссалом аз гурӯҳи мушрикон набуд.(1)
96. Нахустин хонае, ки барои мардум барои ибодати Аллоҳ дар рӯи замин бино шуд, "Байтуллоҳ" аст, ки дар Макка қарор дорад. Ва ин хона муборак аст, (аҷру подош дар он зиёд мешавад, раҳматҳои Илоҳӣ дар он ҷо нозил мешаванд ва он қиблаи муъминон аст.) Хонаест, ки ҷаҳониёнро сабаби баракат ва ҳидоят аст!
97. Дар он ҷо нишонаҳои равшан аст ва далолат мекунад ба ин ки Иброҳим онро бино кардааст ва Аллоҳ он биноро мушарраф гардонидааст. Дар он ҷой мақоми Иброҳим (1) ҳаст. Ва хар кӣ ба он дохил шавад, эмин аст. Ва Аллоҳ ҳаҷҷи хонаи Каъбаро бар касоне аз мардум, ки тавоноии рафтан бо он ҷоро доранд, фарз гардонидааст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, (яъне, фарзияти ҳаҷро инкор кунад,) бидонад, ки Аллоҳ бар ҷаҳониён мӯҳтоҷ нест».
98. Бигу: (ба яҳуд ва насоро) «Эй аҳли китоб, чаро оёти Аллоҳро инкор мекунед, ҳол он ки медонед дини Аллоҳ, ислом аст ва мункир мешавед он ҳуҷҷатҳоеро, ки ба ин дин далолат мекунанд. Аллоҳ бар он чи мекунед, гувоҳ аст!» (1)
99.
Бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба чӣ сабаб онҳоро, ки имон овардаанд, аз роҳи Аллоҳ бозмедоред ва мехоҳед он роҳро каҷ нишон диҳед ва шумо хуб медонед, ки ба он чи ки ман овардаам, ҳақ аст? Аллоҳ аз он чӣ ки мекунед, ғофил нест ва шуморо барои корҳоятон, ҷазо медиҳад!
100.
Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва Расули Ӯ, агар ба гурӯҳе аз аҳли китоб (яҳуду насоро), ки ба онон Тавроту Инҷил дода шуда буд, итоъат кунед, шуморо гумроҳ карда дар динатон шубҳа меандозанд ва баъд аз имонатон шуморо ба куфр бозмегардонанд. Пас аз онон ҳеҷ фикр ва маслиҳатеро қабул накунед. (1)
101.
Ва чӣ гуна кофир мешавед эй муъминон, дар ҳоле, ки оёти Аллоҳ бар шумо хонда мешавад ва расули Ӯ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар миёни шумост? Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ таваккал кунад ва ба Қуръону суннат амал кунад, ба роҳи рост ҳидоят шудааст. (1)
102. Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ ва Расули Ӯ он чунон ки шоистаи тарс аз Аллоҳ аст, аз Ӯ битарсед, (1) ва то намиред, магар мусалмон бошед.
103.
Ва ҳамагон ба ресмони Аллоҳ (яъне Қуръон) (1) чанг занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки эй мӯъминон душмани якдигар будед ва Ӯ дилҳоятонро ба муҳаббати худ ва расулаш ҷамъ карда бо ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Аллоҳ шуморо аз он ба сабаби исломатон бираҳонид. Аллоҳ оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ҳидоят ёбед ва гумроҳ нашавед. (2)
104. Бояд, ки аз миёни шумо эй мӯъминон гурӯҳе бошанд, ки ба хайр даъват кунанд ва амри ба маъруф(1) ва наҳӣ аз мункар(2) кунанд, инҳо наҷот ёфтагонанд.
105.
Ба монанди он касоне (аз аҳли китоб) набошед, ки пас аз он ки оёти равшани Аллоҳ бар онҳо ошкор шуд, парокандаву гурӯҳ - гурӯҳ гаштанд ва бо якдигар ихтилоф (зиддият) варзиданд, албатта барои онҳо азоби бузурги дарднок хоҳад буд. (1)
106. Он рӯзи қиёмат, ки гурӯҳе сафедрӯй (1) ва гурӯҳе сияҳрӯй (2) шаванд. Аммо онон, ки сиёҳ гашт рӯйҳояшон, ба онон сарзаниш карда гӯянд: «Оё шумо пас аз имон оварданатон кофир шудед? Ба сабаби кофир шуданатон бичашед азоби Аллоҳро!»
107. Аммо онон, ки сафедрӯй шудаанд, ҳамеша боқӣ ва ҷовидона дар раҳмати Парвардигор бошанд.
108. Инҳо оёти Аллоҳ аст, ки -эй Паёмбар- ба сидқ ва боварй бар ту мехонем. Ва Аллоҳ ба мардуми ҷаҳон ситам раво намедорад ва ҳаққи ҳеҷ касро кам намекунад; зеро, ки Ӯ таъоло ҳукмкунандаи одил аст!(1)
109. Аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва бозгашти ҳама мардум ба сӯи Ӯст ва ҳамагонро мувофиқи амалашон ҷазо медиҳад.
110. Шумо, -эй умматони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам- беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум ба вуҷудомада, ки амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар мекунед ва ба Аллоҳ имон доред, ки амалатон онро қавӣ мекунад. Агар аҳли китоб (яҳуду насоро) низ имон биёваранд (ба монанди шумо ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба он чи ки овардааст аз назди Аллоҳ,) барояшон беҳтар аст дар дунёву охират. Баъзе аз онҳо мӯъминанд (ва ба рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бовар мекунанд,) вале бисёрашон фосиқонанду аз дини Аллоҳ берунанд. (1)
111. Ба шумо он фосиқон аз аҳли китоб ҷуз андак озор (1) дигар осебе нарасонанд. Агар бо шумо ҷанг кунанд, пушт гардонида рӯй ба гурез андозанд ва пирӯз нагарданд. Баъд аз он дар ягон ҳолат бар шумо пирӯз нашаванд. (2)
112. Ҳар ҷо, ки бошанд, нишонаи хорӣ ва пастӣ бар онҳо (яҳудиён) зада шудааст, магар он ки дар амони Аллоҳ (1) ва дар амони мардум бошанд, тану ҷон ва молашонро эмин медоштанд.
Ва хашми Аллоҳро оварданд ва бар онҳо мӯҳри бадбахтӣ зада шуд ва намебинӣ яҳудиёнро, ки аз аҳли имон метарсанд ва ин ҳама ба он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳаққӣ куштанд ва исён (нофармонӣ) варзиданд ва таҷовуз карданд.
113. Аҳли китоб ҳама баробар нестанд. Гурӯҳе ба тоъати Аллоҳ барпоанд (ва ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон оварданд.) Оёти Аллоҳро нисфи шаб тиловат карда ва ба Аллоҳ муноҷот мекунанд ва саҷда ба ҷой меоваранд.
114. Ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд ва амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар мекунанд ва ба корҳои нек мешитобанд ва аз ҷумлаи солеҳонанд.
115. Ҳар кори хайре, ки анҷом медиҳанд, беҳуда намеравад ва аз савоби он маҳрум карда нашаванд, зеро Аллоҳ ба парҳезгороне, ки худро аз гуноҳ нигоҳ медоранд, доност.(1)
116. Ҳароина касоне, ки ба оёти вай куфр варзиданд ва паёмбаронашро такзиб кардаанд, ҳеҷ наҷотдиҳандае онҳоро аз азоби Аллоҳ наҷот намедиҳад. Ва фарзандон ва молҳояшон, ки барои муқобала бо сахтиҳо омода карда буданд, ба онҳо фоидае намерасонад ва ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд!(1)
117. Мисоли он чи кофирон дар зиндагии ин дунё хайр мекунанд, монанди шамолест бо хунукии сахт аст, ки ба киштзори қавми бар худ ситам карда мерасад ва онро нобуд созад. Ва Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, вале онҳо ба сабаби гуноҳашон бар худ ситам мекунанд.
118. Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ ва амал кардед ба шариати Ӯ. Аз ғайри худатон кофиронро дӯсти пинҳонӣ барнагиред, онҳо аз расондани ҳар гуна зиён ва бадӣ ба шумо худдорӣ намекунанд, дӯст доранд, ки шумо гирифтори ранҷ ва машаққат шавед. Душмание, ки аз даҳони онҳо ошкор аст ва он чи, ки дар дил пинҳон доранд, бузургтараст. Ба ростӣ, ки оётро барои шумо баён намудем, агар биандешед. амрро бароятон равшан кардааст. Чаро шумо онҳоро дӯст доред? Панд гиред аз оёти Аллоҳ ва ҳушёр бошед!
119. Огоҳ бошед, ки шумо ононро дӯст медоред ва ҳол он ки онҳо шуморо дӯст надоранд. Шумо ба ҳамаи ин китобҳои нозил шуда имон овардаед ва онон ба китоби Қуръон имон наоварданд. Пас чи гуна ононро дӯст медоред? Чун шуморо бубинанд, гӯянд: (аз рӯи нифоқ) «Мо ҳам имон овардаем». Ва чун хилват кунанд, аз ғояти кинае, ки ба шумо доранд, сарангушти худ ба дандон газанд, (аз он чи мебинанд аз улфату муҳаббати мусулмонон бо ҳамдигар.) Бигӯ: "Бо хашме, ки доред, бимиред ва албатта Аллоҳ ба он чи ки дар даруни синаҳост, доност". Ва ҳар касро аз он чи пештар омода кардааст, хубӣ ё бадӣ ҷазо медиҳад. Аллоҳ он чиро ки дар дили куффор ва мунофиқин буд, барои бандагони мӯъмини худ баён кард.(1)
120. Аз аломати душмании онон ин аст, ки агар хайре (1) ба шумо расад, нороҳат мешаванд ва агар душмане бар шумо ғалаба кунад ва ё баъзе мушкилоти дунявӣ бароятон пеш ояд, хушҳол мешаванд. Агар сабр кунед дар мусибатҳо ва парҳезгорӣ кунед дар амр ва наҳйҳои Аллоҳ, аз макрашон ба шумо зиёне нарасад, ки Аллоҳ бар ҳар кори баде, ки мекунанд он кофирон, огоҳӣ дорад ва ононро ҷазо медиҳад! (2)
121. Ва ба ёд овар ҳангомеро, ки саҳаргоҳон аз миёни ахли хонаи худ берун рафтӣ ба ҷанги Уҳуд ва ҷои мӯъминонро барои ҷанг таъин намудӣ. Ва асҳобатро дар он ҷойгоҳ бар муқобили мушрикин қарор кардӣ ва фармудӣ ҳеҷ кас ба ҷанг намебарояд, то ба ӯ амр нашавад. Ва Аллоҳ шунаво ва доност. Ва ҳеҷ чизе аз корҳоятон бар Ӯ пинҳон намемонад. (1)
122. Ба ёд овар эй Расул, чун бани Салама ва бани Ҳориса бо ҳамроҳи сардори мунофиқашон Абдулло бинни Убай аз тарс мехостанд, ки дар ҷанг сустӣ намоянд ва аммо Аллоҳ нигоҳашон дошт, пас ҳамроҳи ту ба Аллоҳ таваккал карданд. Ва мӯъминон бояд бар Аллоҳ таваккал кунанд! (1)
123. Албатта Аллоҳ шуморо, (эй Расул,) дар Бадр пирӯз кард бар душманҳои мушрикатон ва ҳол он ки нотавон будед. Пас аз Аллоҳ битарсед, (1) бояд шукргузори неъматҳояш шавед!
124. Ба ёд овар (эй Расул) чун мегуфтй дар рӯзи Бадр ба мӯъминон, оё шуморо кофӣ нест, ки Парвардигоратон шуморо ба се ҳазор фаришта, ки аз осмон фуруд меоянд, ёрӣ кунад? (1)
125. Бале, агар сабр кунед дар муқобилияти душман ва парҳезгорӣ намоед, чун мушрикон шитобон сӯи шумо ба гумоне, ки бар шумо пирӯз мешаванд, ба ҷанг оянд, Аллоҳ бо панҷ ҳазор аз фариштагони нишонадор шуморо ёрӣ кунад.
126. Ва Аллоҳ ин ёриро бо воситаи фариштагонаш танҳо барои шодмонӣ ва дилгармии шумо кард. Ва нест пирӯзӣ, магар аз сӯи Аллоҳи пирӯзманду доно.
127. Он пирӯзие, ки Аллоҳ дар Бадр ба шумо дод, ба хотири он буд, ки то гурӯҳе аз кофиронро ҳалок кунад ба марг, ё хор ва ноумед бозгардонад ононеро ки зинда монданд.(1)
128. Дар корҳои (сарнавишти) бандагон туро -эй Расул- коре нест. Ҳама дар дасти Аллоҳ аст. Шояд баъзе аз онон дар ҷангидан бо ту дилашон кушода шаванду мусалмон шаванд, пас Аллоҳ ононро бахшад. Ва касе, ки дар куфри худ боқӣ монд, Аллоҳ ӯро дар дунёву охират ба сабаби ситамкориашон азоб медиҳад.
129. Танҳо аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ҳар киро бихоҳад, ба раҳматаш меомӯрзад ва ҳар киро бихоҳад, ба адлаш азоб мекунад ва Аллоҳ омӯрзандаву меҳрубон аст!
130. Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, риборо (1) бо тамоми навъҳояш нахӯред. Чун қарз додед, бар он изофа нагиред, агар каме бошад ҳам. Ва аз Аллоҳ битарсед ва қонунҳои шариъатро риъоя кунед, то растагор шавед дар дунёву охират.(2)
131. Ва битарсед аз оташе, ки барои кофирон омода шудааст!
132. Ва ба Аллоҳу Расул -эй муъминон- итоъат кунед, (1) то бувад, ки раҳмат карда шавед.
133. Ва бишитобед дар тоъати Аллоҳ ва Расулаш, то ноил шавед омӯрзиши Парвардигоратонро ва ба он биҳишт расиданро, ки андозааш ба қадри ҳамаи осмонҳову замин аст ва барои парҳезгорон омода шудааст,
134. Он касоне, ки дар тавонгариву тангдастӣ моли худро дар роҳи Аллоҳ эҳсон мекунанд ва хашми худ фурӯ мебаранд, ба сабр ва аз хатои мардум дармегузаранд, Аллоҳ дӯст медорад некӯкоронро!(1).
135.
Ва он касон, ки чун коре зишт кунанд ё ба худ ситаме кунанд, азоби Аллоҳро ба ёд оварда дар ҳол Аллоҳро ёд мекунанд ва барои гуноҳони хеш омӯрзиш мехоҳанд ва кист ҷуз Аллоҳ, ки гуноҳонро биёмӯрзад? Ва чун ба бадии гуноҳ огоҳанд, дар он чӣ мекарданд, бардавом набошанд. Ва онон медонанд, ки агар тавба кунанд, Аллоҳ ононро мебахшад.
136. Аҷри ин гурӯҳе, ки чунин сифатҳоро доранд барояшон омурзиш аст аз ҷониби Парвардигорашон ва низ биҳиштҳое, ки дар он аз зери дарахтҳо ва қасрҳояш ҷӯйҳо ҷорист. Дар он ҷо ҷовидонанд ва чи хубаст подоши итоъаткунандагон!
137.
(Дар ин оят Аллоҳ ба мӯъминон аз сабаби он, ки дар ҷанги Уҳуд мусибате ба онон расида буд хитоби тасаллидиҳанда карда мегуяд:) Пеш аз шумо умматоне буданд, ки онон низ имтиҳон карда шуда буданд ба ҷанг бо кофирон ва ниҳоят пирӯз гаштанд, пас бар рӯи замин бигардед ва ба чашми ибрат бингаред поёни кори онҳое, ки паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат медоданд, чӣ будааст? (1)
138. Ин Қуръон баёнкунандаи роҳи рост ва пандест барои парҳезгорон, онон, ки аз Парвардигорашон метарсанд. Ва аз ин Қуръон манфиъат мегиранд.
139. Дар ҷанг бо кофирон сустӣ макунед ва ба сабаби шикаст дар ҷанги Уҳуд андӯҳгин мабошед, зеро агар содиқона ба Аллоҳ ва Расулаш имон оварда бошед, шумо ғолиб ҳастед. (1)
140. Агар бар шумо захме расид дар ҷанги Уҳуд, ҳамоно расида мушриконро захме монанди он дар ҷанш Бадр.
Ин пирӯз шудану шикаст хӯрдан ҳодисаҳоест, ки мегардонем онро миёни мардумон барои ҳикмате, (1) то маълум кунад Аллоҳ он чизеро медонист дар азал ва ҷудо созад мӯъмини содиқро аз ғайри он ва қавмеро аз байни шумоён ба шаҳодат насибадор гардонад. Ва Аллоҳ ситамкоронро дӯст надорад, ононро, ки аз ҷанг ақибнишинӣ карданд. (2)
141. Ва ин шикасте, ки дар ҷанги Уҳуд шуд, имтиҳоне буд, то мӯъминонро покиза гардонад ва ононро аз мунофиқон халос кунад ва кофиронро нобуд созад.
142.
Оё гумон доред (эй ёрони Муҳаммад (алайҳиссалоту вассалом), ки ба биҳишт хоҳед рафт, ҳол он ки имтиҳон карда нашудаед ба вазниниҳои ҷанг ва ба биҳишт дохил нахоҳед шуд то он даме, ки имтиҳон карда шавед ва Аллоҳ маълум мекунад аз миёни шумо чӣ касоне дар роҳи Ӯ ҷиҳод мекунанд ва чӣ касоне дар муқобили душман сабр мекунанд?
143. Ҳамоно шумо -эй мӯъминон- орзу мекардед ҷангиданро бо душман пеш аз ҷанги Уҳуд; то ноил шавед шаҳодатеро, ки бародаронатон дар ҷанги Бадр дар роҳи Аллоҳ ноил шуданд. Пас бо чашмони худ дидед онро дар Уҳуд, акнун биҷангед ва сабр кунед.(1)
144. Шубҳае нест, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) паёмбарест, ки пеш аз ӯ паёмбарони дигар будаанд, ки рисолати Парвардигорашонро мерасониданд.
Оё агар бимирад ё кушта шавад (чунон ки душманон хабари дурӯғ паҳн карданд,) шумо ба дини пешинаи худ бозмегардед ва дини паёмбаратонро тарк мекунед? Ҳар кас, ки аз динаш бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Аллоҳ нахоҳад расонид, балки ба худаш зиёни бузурге расонидааст. Аммо касе устувор аст дар имон ва шукргузор аст бар неъмати Ислом, Аллоҳ шукргузоронро подош (мукофот) хоҳад дод. (1)
145. Ҳеҷ шахсе намирад, магар ба иродаи Аллоҳ, ки навишта шудааст мӯҳлати вақти ӯ.
Ҳар кас бо амалаш хоҳони савоби ризқи ин дунё бошад, ба ӯ медиҳем ва ӯ дар охират насибе надорад ва ҳар кас бо амалаш хоҳони савоби охират бошад, ба ӯ медиҳем барзиёд бо ҳамроҳии он ризқе, ки барои ӯ дар ин дунё тақсим карда шуда буд. Ва шукргузоронро подош хоҳем дод! (1)
146.
Чӣ басо аз паёмбарони гузашта, ки гурӯҳи бисёре аз асҳобашон ҳамроҳи онон дар роҳи Аллоҳ биҷангиданд, ҳарчӣ ба онҳо расид аз ҷароҳату куштор, сустӣ накарданд ва нотавон нашуданд ва сар фуруд наёварданд дар пеши душман, балки сабр карданд ва Аллоҳ сабркунандагонро дӯст дорад.
147.
Танҳо ин сабркунандагон мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, гуноҳони моро ва зиёдаравиҳои моро дар корҳоямон биёмӯрз ва моро собитқадам гардон дар майдони ҷанг ва дар баробари онон, ки инкор карданд ягонагии туро ва паёмбарии паёмбаронатро моро ёрӣ кун». (1)
148. Пас Аллоҳ ба онон ҷазои некро дод дар дунё, ки он пирӯзӣ бар душман ва устуворӣ дар замин аст ва низ ҷазои некро дар охират дод, ки он биҳишти сарсабз аст. Ва Аллоҳ накӯкоронеро, ки бо Парвардигори худ ва мардумон хушмуомила ҳастанд, дӯст дорад! (1)
149.
Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, агар ба касоне,(1) ки Улуҳияти маро инкор карданд ва Расули маро бовар накарданд, пайравӣ кунед, шуморо гумроҳ карда ба дини пешинаатон бармегардонанд, пас зиёндида ва ҳалок бозмегардед.(2)
150. Ҳаргиз, кофирон ёрикунандаи шумо нестанд, балки Аллоҳ ёридиҳандаи шумост, ки беҳтарини ёрикунандагон аст! Ба ёрии касе мӯҳтоҷ нест.
151. Дар дили кофирон тарсу ваҳм хоҳем афканд ба сабаби он, ки бо Аллоҳ чизеро шарик муқаррар сохтанд, ҳол он ки Аллоҳ барои ибодати он бутҳо ҳеҷ ҳуҷҷате нафиристодааст. Ҳолати кофирон дар дунё; тарсу ваҳм аст аз мӯьминон. Аммо дар охират маконашон ва ҷойгоҳашон дӯзах мебошад. Ва ин ҳама ба сабаби ситам ва душманиашон мебошад. Ва чи бад ҷойгоҳест! (1)
152. Аллоҳ ба ваъдае, ки барои шумо карда буд, вафо кард, он гоҳ ки ба амри Ӯ душманро дар ҷанги Уҳуд мекуштед.
Ва чун ғаниматеро, ки ҳаваси онро дар фикр доштед, ба шумо нишон дод, сустӣ кардед ва дар он амр ба низоъ пардохтед оё дар ҷоятон боқӣ мемонед ё он ҷойро тарк мекунед ва ба ҷамъи ғанимат меравед?(1) Ва нофармонии амри паёмбаратон кардед, ки ба шумо гуфта буд дар ягон ҳолат ҷойҳои худро тарк накунед, пас аз сабаби ин нофармонбардори мағлуб шудед, баъд аз он ки пирӯзиро ба даст оварда будед. Маълум шуд миёни шумо касоне буданд, ки ғанимат мехостанд, ва касоне буданд, ки охиратро талаб мекарданд. Он гоҳ барои имтиҳон бозгардонид шуморо вақте ки гурехтед. Ҳамоно Аллоҳ донист пушаймониатонро ва шуморо бахшид. Ва Аллоҳ соҳиби фазлу раҳмат аст бар мӯъминон(2).
153. Ба ёд оред эй мӯъминон, он гоҳ ки аз душманатон ба ҳар сӯ мегурехтед ва ба ҳеҷ касе нигоҳ намекардед ва Паёмбар аз пушт, шуморо садо мезад, ки назди ман оед эй бандагони Аллоҳ, аммо ба ӯ ҷавоб надодед. Пас Аллоҳ шуморо дар муқобили коратон ҷазо дод.
Яъне, ғаме бар ғаматон афзуд, ғаме ба сабаби аз даст додани пирӯзӣ ва ғанимат ва ғаме ба сабаби шикаст хӯрданатон ва ғами дигар, ки ҳамаи ғамҳоро аз ёди шумо барад; (ва он, ин буд, ки хабари бардурӯғи кушта шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро шунидед.) Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст.(1)
154. Ва пас аз ғаме, ки ба шумо расида буд, оромишро бар шумо фуруд овард, ба гунае, ки хоби сабуке гурӯҳе аз шуморо фаро гирифт. Ва ин гурӯҳ мӯъминон буданд. Аммо гурӯҳи дигар, касоне буданд, ки фақат дар фикри худашон буданд, ба хотири ин ки мунофиқ буданд ё ин ки имонашон заъиф буд, бино бар ин хобе, ки дигаронро фаро гирифта буд, ба онҳо нарасид. Ва гуфтанд: Мо аз пирӯзӣ баҳрае надорем, пас нисбат ба Парвардигор ва Паёмбараш гумони бад бурданд ва тасаввур карданд, ки Аллоҳ Паёмбарро ёрӣ намедиҳад. Бигӯ: Ҳама кор аз они Аллоҳ аст. Мунофиқон дар дили худ чизҳоеро пинҳон медоранд, ки онро барои ту ошкор намекунанд. Мегӯянд: Агар бо мо дар ин амр бо розигӣ машварате мешуд, дар инҷо кушта намешудем. Бигу: Агар дар хонаҳоятон ҳам мебудед, ҳароина касоне ки бар онҳо кушта шудан муқаддар шуда буд ба маҳалли кушта шудани худ берун меомаданд. Ва то Аллоҳ он чиро аз нифоқ ё заъфи имон дар дилҳоятон доред, биёзмоид, то дилҳоятонро аз васвасаҳои шайтон, ки дар он асар гузоштааст, холис ва пок гардонад. Ва Аллоҳ ба он чи дар дилҳост, огоҳ аст.(1)
155.Аз миёни шумо онон, ки дар рӯзи муқобалаи он ду гурӯҳ (мӯъминон ва мушрикон), дар ҷанги Уҳуд гурехтанд, ба сабаби баъзе аз амалҳои бадашон шайтон онҳоро ба хато афканда буд. Инак Аллоҳ афвашон кард, ки Ӯ омӯрзандаи гуноҳи осиён аст ва ҳалим аст, шитоб намекунад дар азоби осиён !
156.
Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, монанди он кофироне, ки ба Парвардигорашон боварӣ надоранд, мабошед, ки дар бораи бародарони худ, ки ба сафар барои дарёфти ризқ ё ба ҷанг рафта буданд ва фавтиданд ё кушта шуданд, мегуфтанд: «Агар назди мо монда буданд, намемурданд, ё кушта намешуданд». Аллоҳ ин гумонро чун ҳасрате дар дили онҳо ниҳод. Аммо мӯъминон ҳамоно медонанд, ки ин ҳама ба тақдири Аллоҳ аст, пас Аллоҳ дилҳояшонро ҳидоят мекунад ва мусибатҳоро барои онон сабук мекунад.
Ва Аллоҳ аст, ки зинда мекунад касеро, ки барои ӯ ҳаёт муқаррар шуда бошад гарчанде мусофир ё муҷоҳид бошад ва мемиронад касеро, ки ҳаёташ ба охир расида бошад гарчанде дар хонааш бошад ва Ӯст, ки ҳамаи корҳои шуморо мебинад!(1)
157. Эй мӯъминон, агар дар роҳи Аллоҳ кушта шавед, ё дар вақти ҷанг бимиред, Аллоҳ гуноҳоятонро мебахшад ва комёб мешавед ба биҳишти сарсабз. Омӯрзиш ва раҳмати Аллоҳ беҳтар аст аз он чӣ дар ин ҷаҳон чамъ меоваред.
158. Ва агар бимиред дар ҷои хобатон ё кушта шавед дар майдони ҷанг, албатта дар пешгоҳи Аллоҳ ҷамъ мешавед. Пас ҳамаатонро тибқи амалатон ҷазо медиҳад.
159. Ба сабаби раҳмати Аллоҳ аст, ки эй Паёмбар ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар дуруштхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд.
Пас онҳоро аз он чизе ки дар ҷанги Уҳуд карданд, бубахшой ва барои онҳо аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат (маслиҳат) кун ва чун қасди коре кунӣ баъди маслиҳат, бар Аллоҳ таваккал кун, ки Аллоҳ таваккалкунандагонро дӯст дорад.(1)
160. Агар Аллоҳ шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо ғалаба нахоҳад кард. Ва агар шуморо хор кунад, чӣ касе аз он пас ёриатон хоҳад кард? Пас мӯъминон, бояд ки бар Аллоҳ таваккал кунанд!
161. Ва аз Паёмбар ҳаргиз хиёнат намеояд. Ва ҳар кӣ ба чизе хиёнат кунад, онро дар рӯзи қиёмат бо худ оварад, то шарманда шавад. Сипас ҷазои амали ҳар кас ба пуррагӣ дода хоҳад шуд ва бар касе ситаме нашавад!
162.
Оё он кас, ки ба роҳи хушнудии Аллоҳ меравад ва корҳоеро анҷом медиҳад, ки хушнудии Вайро дар пай дорад, монанди касест, ки муртакиби гуноҳ мешавад ва Парвардигорашро хашмгин мекунад ва макони ӯ ҷаҳаннам аст ва бад ҷое аст?
163. Ин ду гурӯҳро (асҳоби ҷаннат ва асҳоби ҷаҳаннам) назди Аллоҳ дараҷаҳоест гуногун; барои ҷаннатиён розигии Аллоҳ ва манзалатҳои олӣ ва барои дӯзахиён хашми Аллоҳ ва ҷуқуриҳои торик. Ӯ ба корҳояшон бино ва огоҳ аст, ҳеҷ чиз аз Ӯ пӯшида нест! (1)
164.
Аллоҳ бар муъминон он гоҳ неъмате ато фармуд, ки аз худашон ба сӯи худашон Паёмбаре равон кард, то оёти Қуръонашро бар онҳо бихонад ва аз ширк онҳоро пок созад ва китобу суннатро биёмӯзад, ҳарчанд онон пеш аз омадани ин Расул дар гумроҳии ошкоре буданд.(1)
165. Ва он ҳангом, ки мусибате ба шумо дар ҷанги Уҳуд расид, ки шумо ба мушрикон зарба задед ва ду баробари онҳоро шикаст додед.
Шумо ҳафтод нафар аз бузургонашонро дар ҷанги Бадр куштед ва ҳафтод нафарро ба асир гирифтед, гуфтед: Аз куҷо ин мусибат ба мо расид ва мо чӣ гуна шикаст хӯрдем? Бигу: Он аз ҷониби худатон аст ва аз пайдо кардани ихтилоф ва нофармонии шумост. Ҳамоно Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност. Пас аз гумони бад нисбат ба Аллоҳ бипарҳезед, зеро Ӯ бар ёрӣ карданатон тавоно аст. (1)
166. Он чӣ аз ҷароҳату куштор дар рӯзи Уҳуд дар бархурди он ду гурӯҳ, ба шумо расид, ба қазову қадари ризоияти Аллоҳ буд, то мӯъминони ҳақиқиро маълум кунад. (1)
167. Ва ононро, ки низ нифоқ варзиданд ва он чи дар дил доштанд, Аллоҳ онро маълум намуд. Чун мӯъминон ба онон гуфтанд: «Биёед, дар роҳи Аллоҳ ҷанг кунед ё дифоъ кунед». Мегуфтанд: «Агар медонистем ҷанг карданро ҳамоно пайравӣ мекардем шуморо». Онон (мунофиқон) дар он рӯз ба куфр наздиктаранд, на ба имон. Ба забон чизҳоеро мегӯянд, ки ба дил эътиқод надоранд ва Аллоҳ ба он чӣ дар дил пинҳон медоранд, огоҳтар аст! (1)
168.
Мунофиқоне, ки аз ҷанг кардан бозистоданд ва дар бораи он бародаронашон, ки бо ҳамроҳии мусалмонон дар ҷанги Уҳуд ба мусибат гирифтор шуданд, мегуфтанд; агар ба сухани мо гӯш медоданд, кушта намешуданд, бигӯ эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): «Агар ростгӯй ҳастед дар даъвоятон, маргро аз худатон дур кунед» (1)
169. Ва касонеро, ки дар роҳи Аллоҳ кушта шуданд, мурда напиндоред, балки онон зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд.
170. Ба он чи Аллоҳ аз фазл ва бахшиши худ ба онҳо додааст, шодмон ҳастанд ва бо он неъматҳо чашмонашон равшан шудааст ва шодмон ва хушҳол ҳастанд, чун он неъматҳо зебо ва фаровон ва бисёр лазиз ва гуворо ҳастанд. Ва якдигарро ба расидани бародароне, ки дар паи ононанд ва ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд башорат медиҳанд, ки онҳо ҳамон чизеро хоҳанд ёфт, ки онҳо ёфтаанд. Мужда медиҳанд, ки тарсе бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд.(1)
171. Ва хушҳол мешаванд ба неъмату фазли Аллоҳ ва ҳамоно Аллоҳ подоши мӯъминонро (зоеъ) бекор намекунад. Балки онро зиёд мекунад аз фазлу карамаш.
172. Касоне, ки пас аз захмҳо ва ҷароҳатҳое, ки ба онон расида буд, дастури Аллоҳ ва Паёмбарро иҷобат карданд, барои касоне аз онон ки некӣ карданд ва тақво пеша намуданд, подоши бузургест.
173. Касоне, ки мардум ба онҳо гуфтанд: "Мардум (1) бар зидди шумо ҷамъ шудаанд, пас аз онҳо битарсед", вале ин амр имонашонро афзуд ва гуфтанд: "Аллоҳ моро кофӣ аст ва Ӯ беҳтарин сарпараст аст".
174. Пас бозгаштанд ин мусалмонон, дар ҳоле ки неъмату фазли Аллоҳро ба ҳамроҳ доштанд ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасида буд. Инҳо ба роҳи хушнудии Аллоҳ рафтанд ва Аллоҳ дорои фазли бузург аст!
175. Он шайтон аст, ки дар дили дӯстони худ бим меафканад. Агар имон овардаед, эй мӯъминон аз онҳо матарсед, ба Ман таваккал кунед ва паноҳ баред. Ман барои шумо кифояткунандаам, аз ман битарсед! (1)
176. Онон, ки ба куфр мешитобанд, туро ғамгин насозанд.(1) Инҳо ҳеҷ зиёне ба Аллоҳ намерасонанд. Аллоҳ мехоҳад онҳоро дар охират бебаҳрагардонад ва барояшон азоби бузург аст!(2)
177. Ҳароина онон, ки ба ивази имон куфрро хариданд, ҳеҷ зиёне ба Аллоҳ намерасонанд ва барояшон азоби дарднок аст!
178. Кофирон ба сабаби бахилиашон дар ҷамъ кардани мол гумон набаранд, ки агар эшонро мӯҳлат диҳем, ба некӣ ва салоҳи онон аст, балки барояшон зарар аст дар дину дунёашон. Мо ононро мӯҳлат медиҳем, то бештар гуноҳашон афзуда шавад ва барои онон азоби хоркунандаест.
179. Аллоҳ мӯъминонро ҳаргиз бар он чи нагузорад, ки алҳол шумо бар он ҳастед. Меозмояд ва месанҷад, то нопокро аз пок, кофирро аз мӯъмин ҷудо созад. Ва Аллоҳ бар он нест, ки шуморо аз ғайб биогоҳонад, вале баъзе аз паёмбаронашро, ки худ бихоҳад, бармегузинад. Пас ба Аллоҳ ва паёмбаронаш имон биёваред. Ва агар имон дошта бошед ва парҳезгорӣ кунед, пас бароятон подоши бузургест. (1)
180. Ба касоне, ки ба он чи Аллоҳ аз фазли хеш ба онон додааст, бухл меварзанд, гумон набаранд, ки он бухл барои онон беҳтараст, балки ба зиёни онҳост. Ва дар рӯзи қиёмат, чизе ки дар он бухл варзидаанд, сабаби азобашон мегардад ва барои Аллоҳ аст ҳамаи дороиҳои осмон ва замин. Пас нафақа кунед аз он чи ки Аллоҳ рӯзиатон дод, зеро бозгашти ҳама умур ба сӯи Аллоҳ аст ва барои рӯзи охирати худ хайрхоҳӣ кунед, ки нафъи он, рӯзи қиёмат ба шумо мерасад ва Аллоҳ ба он чи мекунед огоҳ аст. (1)
181. Аллоҳ сухани касонеро, ки гуфтанд: "Аллоҳ фақир аст ва мо тавонгар ҳастем", шунид. Он чиро ки онҳо гуфтанд аз дурӯғ гуфтанашон бар Аллоҳ ва ноҳақ куштанашон паёмбаронро, хоҳем навишт ва мегӯем: «Бичашед азоби оташи сӯзонро!» (1)
182.Ин азоб ба хотири аъмоли зиштест, ки пеш анҷом дода будед ва Аллоҳ бар бандагон ситам намекунад, бегуноҳ касеро азоб диҳад.
183.Касоне, ки гуфтанд: "Ҳамоно Аллоҳ аз мо паймон гирифтааст, то ба ҳеҷ паёмбаре имон наёварем, магар ин ки қурбоние (1) барои мо биёварад, ки оташ онро бихурад". Ба яҳудиён бигу эй Муҳаммад: "Паёмбароне пеш аз ман бо далоили равшан ва бо чизе ки гуфтед, омаданд, пас чаро шумо онҳоро куштед (монанди Закариё ва Яҳё ва дигар паёмбаронро,) агар рост мегуед?".
184.Пас агар туро ба дурӯғ нисбат додаанд, ҳамоно паёмбароне пеш аз ту ҳам бо далоили равшан ва китобҳои осмонй ва китоби равшангар назди онон омадаанд ба дурӯғ нисбат дода шуда буданд. Ва чун одати кофирон ин гуна будааст, ки ба паёмбарон имон наёваранд ва ин кори онҳо туро ғамгин насозад ва ба онҳо таваҷҷуҳ накун.(1)
185.Ҳар нафс таъми маргро мечашад ва бегумон дар рӯзи қиёмат подошҳоятон ба таври комил ба шумо дода мешавад. Пас ҳар кас ки аз оташи ҷаҳаннам наҷот дода шавад ва дар биҳишт дохил гардонда шавад, воқеъан комёб шуда ва зиндагии дунё ҷуз мояи фиреб чизи дигаре нест. (1)
186.
Албатта шумо дар молҳо (ва ҷонҳоятон ба монанди ҷиҳод, қатл, асир, ҷароҳат ва бемориҳо) мавриди озмоиш қарор мегиред ва ҳатман аз касоне, ки пеш аз шумо ба онҳо китоб дода шудааст ва низ аз мушрикин азият ва озори фаровонӣ меёбед ва агар сабр кунед ва парҳезгорӣ намоед, ба дурустӣ, ки ин нишонаи азми устувории шумо дар корҳост. (1)
187.Ва ба ёд оваред замонеро, ки Аллоҳ аз касоне, ки ба онҳо китоб дода шудааст, паймон гирифт: "Онро барои мардум баён кунед ва онро пинҳон надоред",(1) пас онҳо онро қабул накарда ва ба баҳои андаке фурӯхтанд. чӣ бад аст он чи онҳо меситонанд.
188.Гумон мабар касонеро, ки ба корҳои зишт, суханон ва кирдори ботиле, ки анҷом медиҳанд, хушҳол мешаванд. Ва дӯст доранд ба сабаби корҳои хубе, ки анҷом надода ва сухани ҳаққе, ки нагуфтаанд, ситоиш шаванд.
Пас онон ҳам кори бад анҷом медиҳанд ва ҳам сухани бадро бар забон меоранд ва ҳам ба он хушҳол мешаванд ва ҳам дӯст доранд ба воситаи кори хубе, ки анҷом надодаанд, мавриди ситоиш қарор гиранд, гумон мабар, ки онҳо аз азоб наҷот ёбанд ва барои онон азобе дарднок аст. (1)
189.Ва фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ аст. Ва Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност. Пас ҳеҷ кас чизеро аз Ӯ манъ намекунад ва ҳеҷ чизе Ӯро нотавон намесозад. (1)
190.Бегумон дар офариниши осмонҳо ва замин ва омаду рафти шаб ва рӯз нишонаҳоест, барои хирадмандон.
191.Он касоне, ки истода ва нишаста ва бар паҳлӯҳояшон афтода Аллоҳро ёд мекунанд (1) ва дар офариниши осмонҳо ва замин меандешанд. (2) Пас мегуянд: Парвардигоро! Инро беҳуда наёфаридаӣ, пас моро аз азоби оташ наҷот бидеҳ.
192.Парвардигоро! Ҳамоно касеро, ки Ту дар оташи ҷаҳаннам дохил кунӣ, бегумон ӯро хор кардаӣ. Ва ситамкоронро ёридиҳандае нест.
193.Парвардигоро! Мо шунидем даъватгаре ба имон нидо медод, ки ба Парвардигоратон имон биёваред, пас мо имон овардем. Пас гуноҳонамонро биёмурз ва бадиҳои моро бипӯшон ва моро бо некон бимирон.
194.Парвардигоро! Ба мо бидеҳ он чиро ки бар забони паёмбаронат ба мо ваъда додаӣ ва дар рӯзм қиёмат моро хор магардон. Албатта ту ҳаргиз хилофи ваъда намекунӣ.
195. Пас Аллоҳ дуъои онҳоро иҷобат кард, ва фармуд: Ман амали ҳеҷ марду зане аз шуморо ночиз нахоҳам кард. Баъзе аз шумо аз бархе дигар ҳастед.(1) Пас касоне, ки ҳиҷрат карданд ва аз сарзаминашон барои хушнудии Аллоҳ берун ронда шуданд, ҳатман гуноҳашонро мебахшам ва онҳоро вориди биҳишт мекунам. Биҳиште, ки ҷӯйҳо аз зери он равон аст, ин подоше аз ҷониби Аллоҳ аст ва подоши некӯ назди Аллоҳ мебошад.
196. Рафту омади кофирон барои тиҷорат ва касб ва ризқи фаровон ва лаззатҷӯиашон дар шаҳрҳо туро фиреб надиҳад.
197. Матоъи андаке аст, яъне матоъи ночизе аст ва боқӣ нахоҳад монд, балки онҳо каме аз он баҳраманд мешаванд ва ба сабаби он муддате тӯлонӣ азоб мебинанд. Сипас ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳест.(1)
198. Вале касоне, ки аз Парвардигорашон тарсиданд, барои онҳост боғҳое, ки ҷӯйҳо аз зери он равон аст. Дар он ҷовидона ҳастанд. Ва онҳо касоне ҳастанд, ки дил ва гуфтор ва кирдорашон нек аст. Ин подоше аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва он чи назди Аллоҳ аст, барои некӯкорон беҳтар аст.
199. Баъзе аз аҳли китоб ҳастанд, ки ба Аллоҳ ва он чи бар шумо ва он чи бар онҳо нозил шудааст, имон доранд ва дар баробари Аллоҳ фурӯтан ҳастанд ва оёти Аллоҳро ба баҳои андак намефурӯшанд. Ва инҳо дар ҳақиқат аҳли китоб ва бархурдорон аз дониш ва илм ҳастанд. Подоши онҳо назди Парвардигорашон аст. Ҳамоно Аллоҳ зудҳисобгир аст.
200. Эй он касоне, ки имон овардаед! Сабр кунед бар тоъати Парвардигоратон ва дар муқобили душманатон устувор бошед ва барои ҷиҳод доимо омода бошед ва аз Аллоҳ битарсед, то растагор шавед.