النصير
كلمة (النصير) في اللغة (فعيل) بمعنى (فاعل) أي الناصر، ومعناه العون...
39.
Эй мӯъминон, чун ба ҷанг сафарбар нашавед, Аллоҳ шуморо ба шиканҷаи дардноке азоб мекунад ва қавми дигареро ба ҷои шумо иваз мекунад ва ҳар гоҳ ба онон гуфта шавад, ки ба ҷанг бароед, онон ба ҷанг мебароянд ва итоати Аллоҳу расулаш мекунанд ва агар аз майдони ҷанг ақибнишинӣ кардед ба Аллоҳ зиёне намерасонед, чунки Аллоҳ ба шумо ниёзманд нест, балки шумо ба Ӯ ниёзмандед. Ва Ӯ бе мадади шумо ҳам дин ва паёмбарашро нусрат хоҳад дод, зеро ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!(1)