القاهر
كلمة (القاهر) في اللغة اسم فاعل من القهر، ومعناه الإجبار،...
20.
Бидонед, ки эй мардум, дар ҳақиқат зиндагии инҷаҳонӣ бозиву беҳудагист, ки ба он баданҳо бозӣ мекунанд ва дилҳо саргарм мешаванд ва ороиш аст, ки худро ба он зиннат медиҳанд ва миёни шумо фахр кардану афзунҷӯӣ дар молҳову фарзандон ба монанди боронест, ки рӯиданиҳояш кишоварзонро дар тааҷҷуб оварад. Сипас он гиёҳ пажмурда мешавад, пас мебинӣ, ки зард гаштааст, сипас хасу хошок шудааст ва дар охират барои кофирон азоби сахт аст ва барои ахли имон омурзиши Аллоҳ ва хушнудии Ӯст. Ва зиндагии дунё барои касе, ки охираташро фаромӯш кардааст, ҷуз матоъе фиребанда чизи дигаре нест.(1)