المتعالي
كلمة المتعالي في اللغة اسم فاعل من الفعل (تعالى)، واسم الله...
119.
Чи шуморо манъ мекунад эй мусалмонон аз хӯрдани он чӣ номи Аллоҳ бар он ёд шудааст, ва ҳамоно Аллоҳ чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром сохтааст, ба тафсил баён кардааст, ғайри он гоҳо ки ба сабаби гуруснагие, ки шуморо ба ҳалокат мерасонад ночор гардед? Ва аз он чи ки бар шумо ҳаром шудааст; мисли худмурда. Пас дар ин сурат хӯрдани он барои шумо мубоҳ аст. Ҳамоно бисёре аз гумроҳон бе ҳеҷ донише, дигаронро гумроҳи гумонҳои худ кунанд. Албатта Парвардигори ту ба таҷовузкороне, ки аз ҳадди ҳалол ба ҳаром мегузаранд, донотар аст! (1)