الإله
(الإله) اسمٌ من أسماء الله تعالى؛ يعني استحقاقَه جل وعلا...
Сазовор нест, ки аҳли Мадина ва аъроб [-и бодиянишин] перомуни эшон аз [ҳамроҳӣ бо] Расулуллоҳ бозмонанд ва ҳифзи ҷони хешро муқаддам бар ӯ шуморанд, зеро дар роҳи Аллоҳ таоло ҳеҷ ташнагӣ ва ранҷу гуруснагие ба онон намерасад ва дар ҳеҷ маконе, ки кофиронро ба хашм меоварад, қадам намегузоранд ва аз душман ҳеҷ [шикаст ва] зарбае намехӯранд, магар инки ба [подоши] он кори шоиста барояшон сабт мешавад. Баростӣ, ки Аллоҳ таоло подоши накукоронро зоеъ намегардонад