النصير
كلمة (النصير) في اللغة (فعيل) بمعنى (فاعل) أي الناصر، ومعناه العون...
120. Ахли Мадина ва арабҳои бодиянишини атрофи онро насазад, ки аз ҳамроҳӣ бо паёмбари Аллоҳ қафокашӣ намоянд ва набояд, ки аз Ӯ ба худ (яъне, аз Ӯ гузашта ба ҳифзи ҷони худ бошанд) пардозанд.
Зеро дар роҳи Аллоҳ ҳеҷ ташнагӣ ва ранҷе бар онҳо нарасад ва ё ба гуруснагӣ дучор нашаванд, ё қадаме барнадоранд, ки кофиронро хашмгин созад, ё ба душман дастбурде назананд, магар он ки амали солеҳе барояшон навишта шавад, ки Аллоҳ подоши некӯкоронро нобуд намесозад!