البحث

عبارات مقترحة:

الغفار

كلمة (غفّار) في اللغة صيغة مبالغة من الفعل (غَفَرَ يغْفِرُ)،...

التواب

التوبةُ هي الرجوع عن الذَّنب، و(التَّوَّاب) اسمٌ من أسماء الله...

القابض

كلمة (القابض) في اللغة اسم فاعل من القَبْض، وهو أخذ الشيء، وهو ضد...

الترجمة الطاجيكية - عارفي

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها من الفارسية وراجعها فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام www.islamhouse.com.

1- ﴿بَرَاءَةٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى الَّذِينَ عَاهَدْتُمْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ﴾


[Ин оёт] Эъломи безорӣ [ва поёни тааҳҳуд] аз тарафи Аллоҳ таоло ва паёмбараш нисбат ба мушриконест, ки [шумо мусулмонон] бо онон паймон бастаед

2- ﴿فَسِيحُوا فِي الْأَرْضِ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللَّهِ ۙ وَأَنَّ اللَّهَ مُخْزِي الْكَافِرِينَ﴾


Пас, [эй мушрикон, фақат] чаҳор моҳ [фурсат доред, ки бо амнияти комил] дар замин бигардед ва бидонед, ки [ҳаргиз] наметавонед Аллоҳ таолоро нотавон созед [ва аз азобаш бигурезед] ва Аллоҳ таоло расвокунандаи кофирон аст

3- ﴿وَأَذَانٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى النَّاسِ يَوْمَ الْحَجِّ الْأَكْبَرِ أَنَّ اللَّهَ بَرِيءٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ۙ وَرَسُولُهُ ۚ فَإِنْ تُبْتُمْ فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَإِنْ تَوَلَّيْتُمْ فَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللَّهِ ۗ وَبَشِّرِ الَّذِينَ كَفَرُوا بِعَذَابٍ أَلِيمٍ﴾


Ва [ин] эъломест аз ҷониби Аллоҳ таоло ва паёмбараш ба мардум дар рӯзи ҳаҷҷи акбар [иди қурбон], ки: «Аллоҳ таоло ва паёмбараш аз мушрикон безоранд». Пас, агар тавба кунед, барои шумо беҳтар аст ва агар рӯ бигардонед [ва сарпечӣ кунед], пас, бидонед, ки шумо [ҳаргиз] наметавонед Аллоҳ таолоро нотавон созед [ва аз азобаш бигурезед]. Ва [ту эй паёмбар] касонеро ки куфр варзиданд, ба азоби дардноке башорат бидеҳ

4- ﴿إِلَّا الَّذِينَ عَاهَدْتُمْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ثُمَّ لَمْ يَنْقُصُوكُمْ شَيْئًا وَلَمْ يُظَاهِرُوا عَلَيْكُمْ أَحَدًا فَأَتِمُّوا إِلَيْهِمْ عَهْدَهُمْ إِلَىٰ مُدَّتِهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ﴾


Магар касоне аз мушрикон, ки бо онон паймон бастаед ва чизе аз [тааҳҳудоти худ нисбат ба] шумо фурӯгузор накардаанд ва касеро алайҳи шумо пуштибонӣ накарданд. Пас, паймони ононро то поёни муддаташон ба поён бирасонед, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло парҳезгоронро дӯст медорад

5- ﴿فَإِذَا انْسَلَخَ الْأَشْهُرُ الْحُرُمُ فَاقْتُلُوا الْمُشْرِكِينَ حَيْثُ وَجَدْتُمُوهُمْ وَخُذُوهُمْ وَاحْصُرُوهُمْ وَاقْعُدُوا لَهُمْ كُلَّ مَرْصَدٍ ۚ فَإِنْ تَابُوا وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ فَخَلُّوا سَبِيلَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾


Пас, чун моҳҳои ҳаром сипарӣ шуд, мушриконро ҳар куҷо ёфтед, бикушед ва ононро дастгир кунед ва дар муҳосира бигузоред ва дар ҳар гузаргоҳе ба камини онон бинишинед.Пас, агар тавба карданд ва намоз барпо доштанд ва закот пардохтанд, раҳояшон кунед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

6- ﴿وَإِنْ أَحَدٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ اسْتَجَارَكَ فَأَجِرْهُ حَتَّىٰ يَسْمَعَ كَلَامَ اللَّهِ ثُمَّ أَبْلِغْهُ مَأْمَنَهُ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَعْلَمُونَ﴾


Ва [эй паёмбар] агар яке аз мушрикон аз ту паноҳ хост, пас, паноҳаш бидеҳ, то сухани Аллоҳ таолоро бишнавад, сипас ӯро ба маҳалли амнаш бирасон. Ин [амон додан ба мушрикон] ба он сабаб аст, ки онон гурӯҳи нодонанд

7- ﴿كَيْفَ يَكُونُ لِلْمُشْرِكِينَ عَهْدٌ عِنْدَ اللَّهِ وَعِنْدَ رَسُولِهِ إِلَّا الَّذِينَ عَاهَدْتُمْ عِنْدَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۖ فَمَا اسْتَقَامُوا لَكُمْ فَاسْتَقِيمُوا لَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ﴾


Чигуна мушрикон метавонанд назди Аллоҳ таоло ва паёмбараш [аҳду] паймоне дошта бошанд? Магар [дар мавриди] касоне, ки бо онон наздики Масҷиду-л-ҳаром [дар Ҳудайбия] паймон бастаед. Пас, то [мушрикон дар мавриди он аҳд] бо шумо пойдоранд, шумо [низ] бо онон пойдор бошед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло парҳезгоронро дӯст медорад

8- ﴿كَيْفَ وَإِنْ يَظْهَرُوا عَلَيْكُمْ لَا يَرْقُبُوا فِيكُمْ إِلًّا وَلَا ذِمَّةً ۚ يُرْضُونَكُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ وَتَأْبَىٰ قُلُوبُهُمْ وَأَكْثَرُهُمْ فَاسِقُونَ﴾


Чигуна [паймони мушрикон арзиш дорад] бо инки агар бар шумо даст ёбанд, дар бораи шумо на [ҳаққи] хешовандиро муроот мекунанд ва на ҳеҷ паймонеро?! Онон шуморо бо забони худ хушнуд мекунанд ва ҳол онки дилҳояшон имтиноъ меварзад ва бештарашон нофармонанд

9- ﴿اشْتَرَوْا بِآيَاتِ اللَّهِ ثَمَنًا قَلِيلًا فَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِهِ ۚ إِنَّهُمْ سَاءَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾


Оёти Аллоҳ таолоро ба баҳои ночизе фурӯхтанд ва [мардумро] аз роҳи Ӯ боздоштанд. Ба ростӣ, чи бад аъмоле анҷом медоданд!

10- ﴿لَا يَرْقُبُونَ فِي مُؤْمِنٍ إِلًّا وَلَا ذِمَّةً ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُعْتَدُونَ﴾


Инон дар ҳаққи ҳеҷ муъмине, на [ҳаққи] хешовандӣ муроот [риоя] мекунанд ва на паймонеро. Ва инонанд, ки таҷовузкоранд

11- ﴿فَإِنْ تَابُوا وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ فَإِخْوَانُكُمْ فِي الدِّينِ ۗ وَنُفَصِّلُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ﴾


Пас, [бо ин ҳол] агар тавба карданд ва намоз барпо доштанд ва закот пардохтанд, бародарони динии шумо [мусулмонон] ҳастанд ва Мо оёти худро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунем

12- ﴿وَإِنْ نَكَثُوا أَيْمَانَهُمْ مِنْ بَعْدِ عَهْدِهِمْ وَطَعَنُوا فِي دِينِكُمْ فَقَاتِلُوا أَئِمَّةَ الْكُفْرِ ۙ إِنَّهُمْ لَا أَيْمَانَ لَهُمْ لَعَلَّهُمْ يَنْتَهُونَ﴾


Ва агар [тааҳҳуду] савгандашонро пас аз паймони хеш шикастанд ва дар динатон таъна заданд, пас бо пешвоёни куфр биҷангед; зеро онон аҳд [-у паймоне бо шумо] надоранд, бошад, ки [аз рафтори худ] даст бардоранд

13- ﴿أَلَا تُقَاتِلُونَ قَوْمًا نَكَثُوا أَيْمَانَهُمْ وَهَمُّوا بِإِخْرَاجِ الرَّسُولِ وَهُمْ بَدَءُوكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ ۚ أَتَخْشَوْنَهُمْ ۚ فَاللَّهُ أَحَقُّ أَنْ تَخْشَوْهُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ﴾


Эй муъминон] Чаро бо гурӯҳе намеҷангед, ки савганд [ва паймони] худро шикастанд ва дар берун рондани паёмбар [аз Макка] кӯшиданд? Онон буданд, ки нахустин бор [бо ёрӣ кардани қабилаи Бакр дар баробари Хузоа ҷангро] бо шумо оғоз карданд. Оё аз онон метарсед? Дар ҳоле ки агар имон доред, Аллоҳ таоло сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсед

14- ﴿قَاتِلُوهُمْ يُعَذِّبْهُمُ اللَّهُ بِأَيْدِيكُمْ وَيُخْزِهِمْ وَيَنْصُرْكُمْ عَلَيْهِمْ وَيَشْفِ صُدُورَ قَوْمٍ مُؤْمِنِينَ﴾


Бо онон биҷангед, то Аллоҳ таоло ба дасти шумо азобашон кунад ва хорашон созад ва шуморо бар онон пирӯз гардонад ва дилҳои муъминонро ором бахшад

15- ﴿وَيُذْهِبْ غَيْظَ قُلُوبِهِمْ ۗ وَيَتُوبُ اللَّهُ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾


Ва [бо шикасти кофирон] хашми дилҳои онон [муъминон] –ро бартараф кунад. Ва Аллоҳ таоло аз ҳар ки бихоҳад, дармегузарад. Ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

16- ﴿أَمْ حَسِبْتُمْ أَنْ تُتْرَكُوا وَلَمَّا يَعْلَمِ اللَّهُ الَّذِينَ جَاهَدُوا مِنْكُمْ وَلَمْ يَتَّخِذُوا مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلَا رَسُولِهِ وَلَا الْمُؤْمِنِينَ وَلِيجَةً ۚ وَاللَّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ﴾


Оё пиндоштаед, ки [бидуни имтиҳони илоҳӣ] ба ҳоли худ раҳо мешавед? Дар ҳоле ки Аллоҳ таоло ҳанӯз касоне аз шуморо, ки ҷиҳод карданд ва ба ҷуз Аллоҳ таоло ва паёмбар ва муъминон [касеро ба дӯстӣ ва] ҳамрозӣ нагирифтаанд, маълум надоштааст? Ва Аллоҳ таоло ба ончи мекунед, огоҳ аст

17- ﴿مَا كَانَ لِلْمُشْرِكِينَ أَنْ يَعْمُرُوا مَسَاجِدَ اللَّهِ شَاهِدِينَ عَلَىٰ أَنْفُسِهِمْ بِالْكُفْرِ ۚ أُولَٰئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ وَفِي النَّارِ هُمْ خَالِدُونَ﴾


Сазовор нест, ки мушрикон масоҷиди Аллоҳ таолоро обод кунанд, дар ҳоле ки онон [амалан] ба куфри хеш гувоҳанд [ва онро изҳор мекунанд], ононанд, ки аъмолашон табоҳ гаштааст ва худ дар оташи [дузах] ҷовидонанд

18- ﴿إِنَّمَا يَعْمُرُ مَسَاجِدَ اللَّهِ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَأَقَامَ الصَّلَاةَ وَآتَى الزَّكَاةَ وَلَمْ يَخْشَ إِلَّا اللَّهَ ۖ فَعَسَىٰ أُولَٰئِكَ أَنْ يَكُونُوا مِنَ الْمُهْتَدِينَ﴾


Масоҷиди Аллоҳ таолоро фақат касоне [бояд] обод кунанд, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират имон овардаанд ва намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва аз ғайри Аллоҳ таоло наметарсанд. Умед аст, ки инон аз ҳидоятёфтагон бошанд

19- ﴿۞ أَجَعَلْتُمْ سِقَايَةَ الْحَاجِّ وَعِمَارَةَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ كَمَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَجَاهَدَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ لَا يَسْتَوُونَ عِنْدَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ﴾


[Эй мушрикон] Оё об додан ба ҳоҷиён ва обод кардани Масҷиду-л-ҳаромро бо [имону амали] касе, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон оварда ва дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кардааст, баробар медонед? [Ин ду ҳаргиз] Назди Аллоҳ таоло баробар нестанд. Ва Аллоҳ таоло ситамгорон [-и мушрик]-ро ҳидоят намекунад

20- ﴿الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ أَعْظَمُ دَرَجَةً عِنْدَ اللَّهِ ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَائِزُونَ﴾


Касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Аллоҳ таоло бо амвол ва ҷонҳои хеш ҷиҳод карданд, назди Аллоҳ таоло мақоми бартаре доранд ва инон ҳамон растагоронанд

21- ﴿يُبَشِّرُهُمْ رَبُّهُمْ بِرَحْمَةٍ مِنْهُ وَرِضْوَانٍ وَجَنَّاتٍ لَهُمْ فِيهَا نَعِيمٌ مُقِيمٌ﴾


Парвардигорашон ононро аз ҷониби хеш ба раҳмату хушнудӣ ва боғҳое [дар биҳишт] мужда медиҳад, ки дар онҳо неъматҳои пойдор доранд

22- ﴿خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ إِنَّ اللَّهَ عِنْدَهُ أَجْرٌ عَظِيمٌ﴾


Ҳамвора дар он ҷовидонанд. Ба ростӣ, ки подоши бузург [фақат] назди Аллоҳ таоло аст

23- ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا آبَاءَكُمْ وَإِخْوَانَكُمْ أَوْلِيَاءَ إِنِ اسْتَحَبُّوا الْكُفْرَ عَلَى الْإِيمَانِ ۚ وَمَنْ يَتَوَلَّهُمْ مِنْكُمْ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ﴾


Эй касоне, ки имон овардаед, агар падарону бародаронатон куфрро бар имон тарҷеҳ медиҳанд, [ононро] ба дӯстӣ нагиред ва ҳар касе аз шумо ононро ба дӯстӣ бигирад, онон ҳамон ситамгоронанд

24- ﴿قُلْ إِنْ كَانَ آبَاؤُكُمْ وَأَبْنَاؤُكُمْ وَإِخْوَانُكُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ وَعَشِيرَتُكُمْ وَأَمْوَالٌ اقْتَرَفْتُمُوهَا وَتِجَارَةٌ تَخْشَوْنَ كَسَادَهَا وَمَسَاكِنُ تَرْضَوْنَهَا أَحَبَّ إِلَيْكُمْ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ وَجِهَادٍ فِي سَبِيلِهِ فَتَرَبَّصُوا حَتَّىٰ يَأْتِيَ اللَّهُ بِأَمْرِهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ﴾


[Эй паёмбар, ба муъминон] Бигӯ: «Агар падарону фарзандон ва бародарон ва ҳамсарон ва хешовандонатон ва амволе, ки ба даст овардаед ва тиҷорате, ки аз касодиаш метарсед ва хонаҳое, ки ба он дилхуш ҳастед, назди шумо аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш ва ҷиҳод дар роҳи Ӯ маҳбубтаранд, пас, мунтазир бошед, то Аллоҳ таоло фармони [азоби] хешро нозил кунад. Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи нофармонро ҳидоят намекунад»

25- ﴿لَقَدْ نَصَرَكُمُ اللَّهُ فِي مَوَاطِنَ كَثِيرَةٍ ۙ وَيَوْمَ حُنَيْنٍ ۙ إِذْ أَعْجَبَتْكُمْ كَثْرَتُكُمْ فَلَمْ تُغْنِ عَنْكُمْ شَيْئًا وَضَاقَتْ عَلَيْكُمُ الْأَرْضُ بِمَا رَحُبَتْ ثُمَّ وَلَّيْتُمْ مُدْبِرِينَ﴾


Бе тардид, Аллоҳ таоло шумо [муъминон]-ро дар мавқеиятҳои бисёр ёрӣ кардааст ва низ дар ҷанги Ҳунайн, он гоҳ ки фаровонии теъдодатон шуморо [шоду] шигифтзада кард, вале ҳеҷ суде ба ҳолатон надошт ва замин бо ҳама густурдагӣ бар шумо танг омад, он гоҳ [ба душман] пушт кардед [ва гурехтед]

26- ﴿ثُمَّ أَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَىٰ رَسُولِهِ وَعَلَى الْمُؤْمِنِينَ وَأَنْزَلَ جُنُودًا لَمْ تَرَوْهَا وَعَذَّبَ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ وَذَٰلِكَ جَزَاءُ الْكَافِرِينَ﴾


Сипас Аллоҳ таоло оромиши хешро бар паёмбараш ва муъминон фурӯ фиристод ва сипоҳиёнеро, ки шумо намедидед [ба кумакатон] фиристод ва ононро, ки куфр варзида буданд, азоб кард. Ва ҷазои кофирон чунин аст

27- ﴿ثُمَّ يَتُوبُ اللَّهُ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾


Сипас Аллоҳ таоло баъд аз он [азоби хоркунанда] тавбаи ҳаркиро бихоҳад, мепазирад ва Аллоҳ таоло омурзандаву меҳрубон аст

28- ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْمُشْرِكُونَ نَجَسٌ فَلَا يَقْرَبُوا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ بَعْدَ عَامِهِمْ هَٰذَا ۚ وَإِنْ خِفْتُمْ عَيْلَةً فَسَوْفَ يُغْنِيكُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ إِنْ شَاءَ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾


Эй касоне, ки имон овардаед, ҷуз ин нест, ки мушрикон ҳатман, палиданд, пас, набояд баъд аз имсол ба Масҷиду-л-ҳаром наздик шаванд. Ва агар [ба хотири қатъи тиҷорат бо онон] аз тангдастӣ бим доред, [бидонед, ки] агар Аллоҳ таоло бихоҳад, шуморо аз бахшиши хеш бениёз месозад. Бе тардид, Аллоҳ таоло доною ҳаким аст

29- ﴿قَاتِلُوا الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَلَا بِالْيَوْمِ الْآخِرِ وَلَا يُحَرِّمُونَ مَا حَرَّمَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَلَا يَدِينُونَ دِينَ الْحَقِّ مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ حَتَّىٰ يُعْطُوا الْجِزْيَةَ عَنْ يَدٍ وَهُمْ صَاغِرُونَ﴾


Бо касоне [аз аҳли китоб], ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон намеоранд ва ончиро Аллоҳ таоло ва паёмбараш ҳаром кардаанд, ҳаром намешуморанд ва дини ҳақро намепазиранд, биҷангед, то он гоҳ ки бо шикасту хорӣ ба дасти хеш ҷизя диҳанд

30- ﴿وَقَالَتِ الْيَهُودُ عُزَيْرٌ ابْنُ اللَّهِ وَقَالَتِ النَّصَارَى الْمَسِيحُ ابْنُ اللَّهِ ۖ ذَٰلِكَ قَوْلُهُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ ۖ يُضَاهِئُونَ قَوْلَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ ۚ قَاتَلَهُمُ اللَّهُ ۚ أَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ﴾


Ва яҳудиён гуфтанд: «Узайр писари Аллоҳ таоло аст» ва масеҳиён гуфтанд: «Масеҳ писари Аллоҳ таоло аст». Ин сухан [-и ботил]-е аст, ки бар забон меоваранд ва ба гуфтори касоне, ки пеш аз ин куфр варзиданд, шабоҳат дорад. Аллоҳ таоло ҳалокашон кунад! Чигуна [аз ҳақ] мунҳариф мешаванд?

31- ﴿اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ وَالْمَسِيحَ ابْنَ مَرْيَمَ وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا إِلَٰهًا وَاحِدًا ۖ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۚ سُبْحَانَهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ﴾


[Ин мушрикон] Уламо ва роҳибони худ ва [ҳамчунин] Масеҳ писари Марямро ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба унвони] маъбудони хеш талаққӣ карданд, ҳол онки дастуре ҷуз ин надоштанд, ки фақат Аллоҳ таолои ягонаро бипарастанд, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Ӯ аз ончи шарикаш қарор медиҳанд, муназзаҳ аст

32- ﴿يُرِيدُونَ أَنْ يُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَيَأْبَى اللَّهُ إِلَّا أَنْ يُتِمَّ نُورَهُ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ﴾


Онон мехоҳанд нури Аллоҳ таолоро бо суханони хеш хомӯш кунанд, вале Аллоҳ таоло ҷуз ин намехоҳад, ки нури хешро комил кунад, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд

33- ﴿هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَىٰ وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ﴾


Ӯст, ки паёмбарашро бо ҳидояту дини ҳақ фиристодааст, то онро бар ҳамаи адён пирӯз гардонад, ҳарчанд мушрикон нохушнуд бошанд

34- ﴿۞ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ كَثِيرًا مِنَ الْأَحْبَارِ وَالرُّهْبَانِ لَيَأْكُلُونَ أَمْوَالَ النَّاسِ بِالْبَاطِلِ وَيَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۗ وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلَا يُنْفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ﴾


Эй касоне, ки имон овардаед, бе тардид, бисёре аз уламо[-и яҳудӣ] ва роҳибон, амволи мардумро ба ноҳақ мехӯранд ва [ононро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд.Ва касоне, ки зару сим меандузанд ва онро дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ намекунанд, пас, ононро ба азоби дарднок башорат бидеҳ

35- ﴿يَوْمَ يُحْمَىٰ عَلَيْهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكْوَىٰ بِهَا جِبَاهُهُمْ وَجُنُوبُهُمْ وَظُهُورُهُمْ ۖ هَٰذَا مَا كَنَزْتُمْ لِأَنْفُسِكُمْ فَذُوقُوا مَا كُنْتُمْ تَكْنِزُونَ﴾


Рӯзе, ки он [ганҷинаҳо]-ро дар оташи дузах сурх кунанд ва пешонӣ ва паҳлу ва пушташонро бо он доғ ниҳанд [ва бигӯянд]: «Ин аст ончи барои хеш меандӯхтед, пас, бичашед ончиро, ки меандӯхтед»

36- ﴿إِنَّ عِدَّةَ الشُّهُورِ عِنْدَ اللَّهِ اثْنَا عَشَرَ شَهْرًا فِي كِتَابِ اللَّهِ يَوْمَ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ ۚ ذَٰلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ ۚ فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ ۚ وَقَاتِلُوا الْمُشْرِكِينَ كَافَّةً كَمَا يُقَاتِلُونَكُمْ كَافَّةً ۚ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ﴾


Шумори моҳҳо назди Аллоҳ таоло [аз] рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, дар китоби Аллоҳ таоло [Лавҳи маҳфуз] дувоздаҳ моҳ аст, ки [ҷангу даргирӣ дар] чаҳор моҳ аз он ҳаром аст [Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб]. Ин аст оини устувор [ва роҳи ҳақ]. Пас, дар ин [чаҳор моҳ] бар худ ситам накунед ва ҳамагӣ бо мушрикон биҷангед, чунонки ҳамаи онон бо шумо меҷанганд ва бидонед, ки Алллоҳ таоло ҳамроҳи парҳезгорон аст

37- ﴿إِنَّمَا النَّسِيءُ زِيَادَةٌ فِي الْكُفْرِ ۖ يُضَلُّ بِهِ الَّذِينَ كَفَرُوا يُحِلُّونَهُ عَامًا وَيُحَرِّمُونَهُ عَامًا لِيُوَاطِئُوا عِدَّةَ مَا حَرَّمَ اللَّهُ فَيُحِلُّوا مَا حَرَّمَ اللَّهُ ۚ زُيِّنَ لَهُمْ سُوءُ أَعْمَالِهِمْ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ﴾


Бе тардид, ба таъхир андохтан [-и моҳҳои ҳаром ва барҳам задани тартиби асли онҳо муҷиби] афзоиши куфр аст [ва] касоне, ки куфр варзиданд, бо ин кор ба гумроҳӣ кашида мешаванд. Он [моҳ]-ро як сол ҳалол мешуморанд ва як сол [-и дигар] ҳаромаш медонанд, то бо теъдоди моҳҳое, ки Аллоҳ таоло ҳаром кардааст, баробар созанд. Пас, [ба он сабаб] ончиро, ки Аллоҳ таоло ҳаром кардааст, [бар худ] ҳалол мекунанд.Зиштии аъмолашон бар эшон ороста шудааст ва Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад

38- ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا مَا لَكُمْ إِذَا قِيلَ لَكُمُ انْفِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ اثَّاقَلْتُمْ إِلَى الْأَرْضِ ۚ أَرَضِيتُمْ بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا مِنَ الْآخِرَةِ ۚ فَمَا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فِي الْآخِرَةِ إِلَّا قَلِيلٌ﴾


Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо чи шудааст, ки чун ба шумо гуфта мешавад: «Дар роҳи Аллоҳ таоло раҳсипор [ҷиҳод] шавед», сустӣ ба харҷ медиҳед [ва дар хонаҳоятон менишинед]? Оё ба ҷойи охират ба зиндагии дунё дилхуш кардаед? [Пас, бидонед, ки] колои зиндагии дунё дар баробари охират ҷуз андаке нест

39- ﴿إِلَّا تَنْفِرُوا يُعَذِّبْكُمْ عَذَابًا أَلِيمًا وَيَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَيْرَكُمْ وَلَا تَضُرُّوهُ شَيْئًا ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾


[Эй муъминон] Агар раҳсипор [-и ҷиҳод] нагардед, [Аллоҳ таоло] ба азоби дарднок гирифторатон мекунад ва ба ҷойи шумо гурӯҳи дигареро меоварад ва [шумо бо нофармонӣ ҳаргиз] ба Ӯ зиёне намерасонед. Ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

40- ﴿إِلَّا تَنْصُرُوهُ فَقَدْ نَصَرَهُ اللَّهُ إِذْ أَخْرَجَهُ الَّذِينَ كَفَرُوا ثَانِيَ اثْنَيْنِ إِذْ هُمَا فِي الْغَارِ إِذْ يَقُولُ لِصَاحِبِهِ لَا تَحْزَنْ إِنَّ اللَّهَ مَعَنَا ۖ فَأَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَيْهِ وَأَيَّدَهُ بِجُنُودٍ لَمْ تَرَوْهَا وَجَعَلَ كَلِمَةَ الَّذِينَ كَفَرُوا السُّفْلَىٰ ۗ وَكَلِمَةُ اللَّهِ هِيَ الْعُلْيَا ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ﴾


[Эй асҳоби паёмбар] Агар шумо ӯро ёрӣ накунед, ҳатман, Аллоҳ таоло ёриаш намуд: ҳангоме ки кофирон ӯро [аз Макка] берун карданд, он гоҳ ки яке аз он ду, ки дар ғор [-и Савр паноҳ гирифта] буданд, ба ҳамроҳи худ [Абубакр] гуфт: «Андуҳгин мабош, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бо мост». Пас, Аллоҳ таоло оромиши худро бар ӯ фурӯ фиристод ва ӯро бо сипоҳиёне, ки онҳоро намедидед, таъйид [-у тақвият] кард ва сухани касонеро, ки куфр варзиданд, пасттар гардонд. Ва сухани Аллоҳ таолост, ки бартар аст ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

41- ﴿انْفِرُوا خِفَافًا وَثِقَالًا وَجَاهِدُوا بِأَمْوَالِكُمْ وَأَنْفُسِكُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ﴾


Сабукбору гаронбор [ба ҳар ҳолате барои ҷиҳод] раҳсипор шавед ва бо амволу ҷонҳои хеш дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст

42- ﴿لَوْ كَانَ عَرَضًا قَرِيبًا وَسَفَرًا قَاصِدًا لَاتَّبَعُوكَ وَلَٰكِنْ بَعُدَتْ عَلَيْهِمُ الشُّقَّةُ ۚ وَسَيَحْلِفُونَ بِاللَّهِ لَوِ اسْتَطَعْنَا لَخَرَجْنَا مَعَكُمْ يُهْلِكُونَ أَنْفُسَهُمْ وَاللَّهُ يَعْلَمُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ﴾


[Эй паёмбар] Агар [ҳадафи мунофиқон аз ҳамроҳӣ бо ту касби ғанимат ва ёфтани] моле дар дастрас ва сафари [осон ва] кӯтоҳ буд, ҳатман, ба дунболат меомаданд.
Вале он роҳи пурмашаққати [ Шом] бар эшон дур [-у душвор] намуд ва ба зудӣ ба Аллоҳ таоло савганд хоҳанд хӯрд, ки: «Агар метавонистем, ҳатман, бо шумо раҳсипор мешудем» [Онон бо нофармонӣ ва савганди дурӯғ] худро ба ҳалокат афканданд ва Аллоҳ таоло медонад, ки онон, яқинан, дурӯғгӯ ҳастанд

43- ﴿عَفَا اللَّهُ عَنْكَ لِمَ أَذِنْتَ لَهُمْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكَ الَّذِينَ صَدَقُوا وَتَعْلَمَ الْكَاذِبِينَ﴾


[Эй паёмбар] Аллоҳ таоло аз ту даргузарад! Чаро пеш аз онки [ҳоли] ростгӯён бар ту равшан гардад ва дурӯғгуёнро бозшиносӣ, ба онон иҷозат додӣ [ки дар ҷиҳод ширкат кунанд]?

44- ﴿لَا يَسْتَأْذِنُكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ أَنْ يُجَاهِدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالْمُتَّقِينَ﴾


Касоне, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон доранд, дар ҷиҳод бо амволу ҷонҳояшон аз ту иҷозат [муофият] намехоҳанд. Ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли] парҳезгорон доност

45- ﴿إِنَّمَا يَسْتَأْذِنُكَ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَارْتَابَتْ قُلُوبُهُمْ فَهُمْ فِي رَيْبِهِمْ يَتَرَدَّدُونَ﴾


Танҳо касоне аз ту иҷозат [-и муофият аз ҷиҳод] мехоҳанд, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон надоранд ва дилҳояшон ба тардид олуда аст ва дар тардиди худ саргардонанд

46- ﴿۞ وَلَوْ أَرَادُوا الْخُرُوجَ لَأَعَدُّوا لَهُ عُدَّةً وَلَٰكِنْ كَرِهَ اللَّهُ انْبِعَاثَهُمْ فَثَبَّطَهُمْ وَقِيلَ اقْعُدُوا مَعَ الْقَاعِدِينَ﴾


Ва агар [ба ростӣ] иродаи раҳсипорӣ [ба қасди ҷиҳод] доштанд, ҳатман, созу барге барояш фароҳам мекарданд, вале Аллоҳ таоло раҳсипори ононро хуш надошт, пас, эшонро мунсариф намуд ва [ба онон] гуфта шуд: «Бо хонанишинон бимонед»

47- ﴿لَوْ خَرَجُوا فِيكُمْ مَا زَادُوكُمْ إِلَّا خَبَالًا وَلَأَوْضَعُوا خِلَالَكُمْ يَبْغُونَكُمُ الْفِتْنَةَ وَفِيكُمْ سَمَّاعُونَ لَهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ﴾


[Эй муъминон] Агар [мунофиқон] ҳамроҳи шумо раҳсипор мешуданд, [ба сабаби буздилӣ ва фирор аз майдони ҷанг] ҷуз фитна ва фасод бароятон ба бор намеоварданд ва миёнатон нуфуз менамуданд ва дар ҳаққи шумо фитнаҷӯӣ мекарданд ва дар ҷамъатон ҷосусоне доранд. Ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли] ситамгорон огоҳ аст

48- ﴿لَقَدِ ابْتَغَوُا الْفِتْنَةَ مِنْ قَبْلُ وَقَلَّبُوا لَكَ الْأُمُورَ حَتَّىٰ جَاءَ الْحَقُّ وَظَهَرَ أَمْرُ اللَّهِ وَهُمْ كَارِهُونَ﴾


Яқинан, пеш аз ин [низ мунофиқон бисёр] фитнаҷӯӣ карданд ва корҳоро бар ту [воруна ва] ошуфта ҷилва доданд, то онки ҳақ омад ва фармони Аллоҳ таоло ошкор гардид, дар ҳоле ки онон кароҳат доштанд

49- ﴿وَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ ائْذَنْ لِي وَلَا تَفْتِنِّي ۚ أَلَا فِي الْفِتْنَةِ سَقَطُوا ۗ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌ بِالْكَافِرِينَ﴾


Ва аз эшон касе ҳаст, ки мегӯяд: «Ба ман иҷозат бидеҳ, [ки ҷиҳод накунам] ва маро дар фитна наандоз». Огоҳ бошед! [Мунофиқон] Ҳам акнун низ дар фитна афтодаанд ва бе тардид, дузах бар кофирон иҳота дорад

50- ﴿إِنْ تُصِبْكَ حَسَنَةٌ تَسُؤْهُمْ ۖ وَإِنْ تُصِبْكَ مُصِيبَةٌ يَقُولُوا قَدْ أَخَذْنَا أَمْرَنَا مِنْ قَبْلُ وَيَتَوَلَّوْا وَهُمْ فَرِحُونَ﴾


[Эй паёмбар] Агар ба ту некӣ бирасад, ононро нороҳат мекунад ва агар мусибате ба ту расад, мегӯянд: «Мо пеш аз ин чораи кори худ андешидаем» ва шодмон [назди хонаводаҳояшон] бозмегарданд

51- ﴿قُلْ لَنْ يُصِيبَنَا إِلَّا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَنَا هُوَ مَوْلَانَا ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ﴾


Бигӯ: «Ҳаргиз [мусибате] ба мо намерасад, ҷуз ончи Аллоҳ таоло бароямон муқаррар кардааст. Ӯ [дӯсту] корсози мост ва муъминон бояд ба Аллоҳ таоло таваккал кунанд»

52- ﴿قُلْ هَلْ تَرَبَّصُونَ بِنَا إِلَّا إِحْدَى الْحُسْنَيَيْنِ ۖ وَنَحْنُ نَتَرَبَّصُ بِكُمْ أَنْ يُصِيبَكُمُ اللَّهُ بِعَذَابٍ مِنْ عِنْدِهِ أَوْ بِأَيْدِينَا ۖ فَتَرَبَّصُوا إِنَّا مَعَكُمْ مُتَرَبِّصُونَ﴾


[Ба мунофиқон] Бигӯ: «Оё барои мо ҷуз яке аз ду некӣ [пирӯзӣ ё шаҳодат]-ро интизор доред? Дар ҳоле ки мо интизор мекашем, ки Аллоҳ таоло аз ҷониби хеш ё ба дасти мо ба азоб [-и сахте] гирифторатон кунад. Пас, интизор бикашед, ки бе тардид, мо [низ] бо шумо мунтазирем»

53- ﴿قُلْ أَنْفِقُوا طَوْعًا أَوْ كَرْهًا لَنْ يُتَقَبَّلَ مِنْكُمْ ۖ إِنَّكُمْ كُنْتُمْ قَوْمًا فَاسِقِينَ﴾


[Ба мунофиқон] Бигӯ: «Чи бо рағбат, чи бо кароҳат инфоқ кунед, ҳаргиз аз шумо пазируфта намешавад, [чаро ки] бе тардид, шумо гурӯҳи нофармон будаед»

54- ﴿وَمَا مَنَعَهُمْ أَنْ تُقْبَلَ مِنْهُمْ نَفَقَاتُهُمْ إِلَّا أَنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَبِرَسُولِهِ وَلَا يَأْتُونَ الصَّلَاةَ إِلَّا وَهُمْ كُسَالَىٰ وَلَا يُنْفِقُونَ إِلَّا وَهُمْ كَارِهُونَ﴾


Ва ҳеҷ чиз монеи қабули бахшишҳояшон нашуд, ҷуз инки онон ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш куфр варзиданд ва ҷуз бо сустӣ намоз намегузоранд ва ҷуз ба кароҳат [ва бемайлӣ] инфоқ намекунанд

55- ﴿فَلَا تُعْجِبْكَ أَمْوَالُهُمْ وَلَا أَوْلَادُهُمْ ۚ إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُعَذِّبَهُمْ بِهَا فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَتَزْهَقَ أَنْفُسُهُمْ وَهُمْ كَافِرُونَ﴾


Пас, [эй паёмбар] амволу фарзандонашон туро шигифтзада накунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло мехоҳад дар зиндагии дунё ба василаи инҳо азобашон кунад ва дар ҳоле ки кофиранд, ҷонашон барояд

56- ﴿وَيَحْلِفُونَ بِاللَّهِ إِنَّهُمْ لَمِنْكُمْ وَمَا هُمْ مِنْكُمْ وَلَٰكِنَّهُمْ قَوْمٌ يَفْرَقُونَ﴾


Ва онон [ мунофиқон] ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, ки аз шумо [муъминон] ҳастанд, дар ҳоле ки аз шумо нестанд, вале онон гурӯҳе ҳастанд, ки метарсанд [ва ба ин сабаб савганд мехӯранд]

57- ﴿لَوْ يَجِدُونَ مَلْجَأً أَوْ مَغَارَاتٍ أَوْ مُدَّخَلًا لَوَلَّوْا إِلَيْهِ وَهُمْ يَجْمَحُونَ﴾


Агар паноҳгоҳ ё ғор ё гурезгоҳе пайдо кунанд, шитобон ба сӯйи он рӯ меоваранд

58- ﴿وَمِنْهُمْ مَنْ يَلْمِزُكَ فِي الصَّدَقَاتِ فَإِنْ أُعْطُوا مِنْهَا رَضُوا وَإِنْ لَمْ يُعْطَوْا مِنْهَا إِذَا هُمْ يَسْخَطُونَ﴾


Ва бархе аз онон ҳастанд, ки дар [тақсими] садақот [ва ғаноим] бар ту хурда мегиранд, пас, агар аз он [амвол] ба эшон дода шавад, хушнуд мегарданд ва агар аз он ба эшон дода нашавад, он гоҳ хашмгин мешаванд

59- ﴿وَلَوْ أَنَّهُمْ رَضُوا مَا آتَاهُمُ اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَقَالُوا حَسْبُنَا اللَّهُ سَيُؤْتِينَا اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ وَرَسُولُهُ إِنَّا إِلَى اللَّهِ رَاغِبُونَ﴾


Ва [ҳатман, бар эшон беҳтар буд], агар онон ба ончи Аллоҳ таоло ва паёмбараш ба эшон додаанд, хушнуд мегаштанд ва мегуфтанд: «Аллоҳ таоло бароямон кофист, ба зудӣ Аллоҳ таоло ва паёмбараш аз фазлу бахшиши худ ба мо медиҳад ва мо ба Аллоҳ таоло [умедвор ва ] муштоқем»

60- ﴿۞ إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِي الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِي سَبِيلِ اللَّهِ وَابْنِ السَّبِيلِ ۖ فَرِيضَةً مِنَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾


Садақот [ва закот] ихтисос дорад ба фақирон [-и тиҳидаст] ва мустамандон [-и тангдаст] ва коргузорон [-и ҷамъоварӣ ва тавзеи] он ва дилҷӯшудагон [тозамусулмон] ва барои [озод кардани] бардагон ва [пардохти воми] қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ таоло ва [кумак ба] дарроҳмондагон. [Ин] Фаризаи [муқарраршуда] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

61- ﴿وَمِنْهُمُ الَّذِينَ يُؤْذُونَ النَّبِيَّ وَيَقُولُونَ هُوَ أُذُنٌ ۚ قُلْ أُذُنُ خَيْرٍ لَكُمْ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَيُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِينَ وَرَحْمَةٌ لِلَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ ۚ وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ رَسُولَ اللَّهِ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾


Ва бархе аз онон [мунофиқон] ҳастанд, ки паёмбарро меозоранд ва мегӯянд: «Ӯ зудбовар [ва соропо гӯш] аст». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Ӯ барои шумо [фақат] шунавандаи сухани хайр аст. [Вай] ба Аллоҳ таоло имон дорад ва [сухани] муъминонро бовар дорад ва барои касоне аз шумо, ки имон овардаанд, раҳматест». Ва касоне, ки Расулуллоҳро меозоранд, азоби дарднок [дар пеш] доранд

62- ﴿يَحْلِفُونَ بِاللَّهِ لَكُمْ لِيُرْضُوكُمْ وَاللَّهُ وَرَسُولُهُ أَحَقُّ أَنْ يُرْضُوهُ إِنْ كَانُوا مُؤْمِنِينَ﴾


[Эй муъминон, мунофиқон] Бароятон ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, то шуморо хушнуд созанд, дар ҳоле ки агар имон доштанд, шоистатар [ин] буд, ки Аллоҳ таоло ва паёмбарашро хушнуд созанд

63- ﴿أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّهُ مَنْ يُحَادِدِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَأَنَّ لَهُ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدًا فِيهَا ۚ ذَٰلِكَ الْخِزْيُ الْعَظِيمُ﴾


Оё намедонанд, ҳар ки бо Аллоҳ таоло ва расулаш мухолифат [ва душманӣ] кунад, мусалламан, оташи ҷаҳаннам барои ӯст [ва] ҷовидона дар он хоҳад буд? Ин ҳамон расвоии бузург аст

64- ﴿يَحْذَرُ الْمُنَافِقُونَ أَنْ تُنَزَّلَ عَلَيْهِمْ سُورَةٌ تُنَبِّئُهُمْ بِمَا فِي قُلُوبِهِمْ ۚ قُلِ اسْتَهْزِئُوا إِنَّ اللَّهَ مُخْرِجٌ مَا تَحْذَرُونَ﴾


Мунофиқон бим доранд, ки [мабодо] сурае дар бораи онон [бар паёмбар] нозил шавад ва онон [ муъминон]-ро аз ончи дар дилҳои эшон [мунофиқон] аст, огоҳ созад. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «[Ҳарчи мехоҳед] Масхара кунед, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ончиро, ки [аз он мепарҳезед ва] ҳарос доред, ифшо хоҳад кард»

65- ﴿وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ لَيَقُولُنَّ إِنَّمَا كُنَّا نَخُوضُ وَنَلْعَبُ ۚ قُلْ أَبِاللَّهِ وَآيَاتِهِ وَرَسُولِهِ كُنْتُمْ تَسْتَهْزِئُونَ﴾


Ва агар аз онон бипурсӣ: [«Чаро тамасхур мекардед»?] Мусалламан, мегӯянд: «Мо ҷиддӣ намегуфтем ва [шӯхӣ ва] бозӣ мекардем». Бигӯ: «Оё Аллоҳ таоло ва оёти Ӯ ва паёмбарашро масхара мекардед»?

66- ﴿لَا تَعْتَذِرُوا قَدْ كَفَرْتُمْ بَعْدَ إِيمَانِكُمْ ۚ إِنْ نَعْفُ عَنْ طَائِفَةٍ مِنْكُمْ نُعَذِّبْ طَائِفَةً بِأَنَّهُمْ كَانُوا مُجْرِمِينَ﴾


Узр наоваред. Ба ростӣ, ки шумо пас аз имонатон кофир шудаед. Агар гурӯҳе аз шуморо [ба хотири тавбаашон] бибахшем, гурӯҳи дигарро [ба сабаби саркашӣ ва тарки инфоқ] азоб хоҳем кард, чаро ки бе тардид, онон табаҳкор буданд

67- ﴿الْمُنَافِقُونَ وَالْمُنَافِقَاتُ بَعْضُهُمْ مِنْ بَعْضٍ ۚ يَأْمُرُونَ بِالْمُنْكَرِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمَعْرُوفِ وَيَقْبِضُونَ أَيْدِيَهُمْ ۚ نَسُوا اللَّهَ فَنَسِيَهُمْ ۗ إِنَّ الْمُنَافِقِينَ هُمُ الْفَاسِقُونَ﴾


Мардону занони мунофиқ [монанди якдигар ва] аз як гурӯҳанд: ба корҳои зишт фармон медиҳанд ва аз некиҳо бозмедоранд ва дастҳои хешро [аз инфоқ] фурӯ мебанданд [ва] Аллоҳ таолоро фаромӯш карданд. Пас, Аллоҳ таоло [низ бо бетафовутӣ] ононро ба фаромӯшӣ супурд [ва раҳмату тавфиқашро аз онон салб намуд]. Бе гумон, мунофиқон ҳамон фосиқонанд

68- ﴿وَعَدَ اللَّهُ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْكُفَّارَ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ هِيَ حَسْبُهُمْ ۚ وَلَعَنَهُمُ اللَّهُ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ مُقِيمٌ﴾


Аллоҳ таоло ба мардону занони мунофиқ ва [ҳамчунин] ба кофирон ваъдаи оташи дузах додааст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ҳамон [оташ] барояшон кофист ва Аллоҳ таоло лаънаташон кардааст ва азоби пойдор [дар пеш] доранд

69- ﴿كَالَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ كَانُوا أَشَدَّ مِنْكُمْ قُوَّةً وَأَكْثَرَ أَمْوَالًا وَأَوْلَادًا فَاسْتَمْتَعُوا بِخَلَاقِهِمْ فَاسْتَمْتَعْتُمْ بِخَلَاقِكُمْ كَمَا اسْتَمْتَعَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ بِخَلَاقِهِمْ وَخُضْتُمْ كَالَّذِي خَاضُوا ۚ أُولَٰئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ﴾


[Шумо мунофиқон] Ҳаммонанди касоне [ҳастед], ки пеш аз шумо буданд, [балки] онон аз шумо нерумандтар буданд ва амволу фарзандони бештаре доштанд. Пас, аз баҳраи хеш [дар дунё] бархӯрдор шуданд ва шумо низ аз баҳраи худ бархӯрдор шудед ҳамчунон ки онон ки пеш аз шумо буданд [низ] аз баҳраи хеш бархӯрдор шуданд. Ва шумо [дар гуноҳи такзиби ҳақ ва тавҳин ба паёмбари худ] фурӯ рафтед, ҳамон тавре ки онон фурӯ рафтанд. Онон аъмолашон дар дунё ва охират табоҳ гашт ва ононанд, ки табоҳкоронанд

70- ﴿أَلَمْ يَأْتِهِمْ نَبَأُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ قَوْمِ نُوحٍ وَعَادٍ وَثَمُودَ وَقَوْمِ إِبْرَاهِيمَ وَأَصْحَابِ مَدْيَنَ وَالْمُؤْتَفِكَاتِ ۚ أَتَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ ۖ فَمَا كَانَ اللَّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَٰكِنْ كَانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ﴾


Оё хабари касоне, ки пеш аз онон буданд, ба онон нарасидааст? [Касоне ҳамчун] Қавми Нуҳ ва Од ва Самуд ва қавми Иброҳим ва асҳоби Мадян [қавми Шуайб] ва шаҳрҳои зерурӯшуда [-и қавми Лут], ки паёмбаронашон далоили равшан барояшон оварданд [вале онон напазируфтанд]. Пас, Аллоҳ таоло бар он набуд, ки [бо нузули азоб] ба онон ситам кунад, балки худ бар хештан ситам мекарданд

71- ﴿وَالْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ يَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَيُطِيعُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ أُولَٰئِكَ سَيَرْحَمُهُمُ اللَّهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ﴾


Ва мардон ва занони муъмин дӯстони якдигаранд, [мардумро] ба некӣ фармон медиҳанд ва аз нописандӣ бозмедоранд ва намоз барпо мекунанд ва закот мепардозанд ва аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат менамоянд. Инонанд, ки Аллоҳ таоло мавриди раҳмат қарорашон хоҳад дод. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст

72- ﴿وَعَدَ اللَّهُ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَمَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِي جَنَّاتِ عَدْنٍ ۚ وَرِضْوَانٌ مِنَ اللَّهِ أَكْبَرُ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ﴾


Аллоҳ таоло ба мардону занони муъмин боғҳое [аз биҳишт] ваъда додааст, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ва [низ] хонаҳои покизае дар биҳиштҳои ҷовидон [ба онон ваъда додааст] ва хушнудии Аллоҳ таоло [аз ҳамаи инҳо] бартар аст. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст

73- ﴿يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ جَاهِدِ الْكُفَّارَ وَالْمُنَافِقِينَ وَاغْلُظْ عَلَيْهِمْ ۚ وَمَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ﴾


Эй паёмбар бо кофирон ва мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онон сахтгир бош. Ва ҷойгоҳашон дузах аст ва чи бад саранҷомест!

74- ﴿يَحْلِفُونَ بِاللَّهِ مَا قَالُوا وَلَقَدْ قَالُوا كَلِمَةَ الْكُفْرِ وَكَفَرُوا بَعْدَ إِسْلَامِهِمْ وَهَمُّوا بِمَا لَمْ يَنَالُوا ۚ وَمَا نَقَمُوا إِلَّا أَنْ أَغْنَاهُمُ اللَّهُ وَرَسُولُهُ مِنْ فَضْلِهِ ۚ فَإِنْ يَتُوبُوا يَكُ خَيْرًا لَهُمْ ۖ وَإِنْ يَتَوَلَّوْا يُعَذِّبْهُمُ اللَّهُ عَذَابًا أَلِيمًا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۚ وَمَا لَهُمْ فِي الْأَرْضِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ﴾


[Мунофиқон] Ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, ки [суханони нописанде дар бораи Аллоҳ таоло ва паёмбараш] нагуфтаанд ва ба ростӣ, ки сухани куфр гуфтаанд ва пас аз Ислом оварданашон [боз] кофир шуданд [ва бо дасиса барои қатли паёмбар] тасмим ба коре гирифтанд, ки дар он муваффақ нашуданд. Ва ба айбҷӯӣ [ва мухолифат] барнахостанд, магар пас аз онки Аллоҳ таоло ва паёмбараш [бо бахшидани ғаноим] ононро аз фазли хеш бениёз карданд. Пас, агар тавба кунанд, барояшон беҳтар аст ва агар рӯй бигардонанд, Аллоҳ таоло ононро дар дунё ва охират ба азоби дарднок дучор месозад ва дар замин ҳеҷ корсозу ёваре нахоҳанд дошт

75- ﴿۞ وَمِنْهُمْ مَنْ عَاهَدَ اللَّهَ لَئِنْ آتَانَا مِنْ فَضْلِهِ لَنَصَّدَّقَنَّ وَلَنَكُونَنَّ مِنَ الصَّالِحِينَ﴾


Баъзе аз онон бо Аллоҳ таоло [аҳду] паймон бастанд, ки: «Агар [Аллоҳ таоло] аз фазли худ [насибе] ба мо диҳад, ҳатман, садақа [ва закот] хоҳем дод ва аз накукорон хоҳем буд»

76- ﴿فَلَمَّا آتَاهُمْ مِنْ فَضْلِهِ بَخِلُوا بِهِ وَتَوَلَّوْا وَهُمْ مُعْرِضُونَ﴾


Пас чун [Аллоҳ таоло] аз фазли худ ба онон [насибе] бахшид, нисбат ба он бухл варзиданд ва [аз он паймон] рӯ гардонданд ва [аз ҳақ] сарпечӣ карданд

77- ﴿فَأَعْقَبَهُمْ نِفَاقًا فِي قُلُوبِهِمْ إِلَىٰ يَوْمِ يَلْقَوْنَهُ بِمَا أَخْلَفُوا اللَّهَ مَا وَعَدُوهُ وَبِمَا كَانُوا يَكْذِبُونَ﴾


Пас, бо сазои онки бо Аллоҳ таоло хилофи ваъда карданд ва ба он хотир, ки дурӯғ мегуфтанд, [Аллоҳ таоло низ] то рӯзе, ки Ӯро [дар қиёмат] мебинанд, дар дилҳояшон доғ [-у нанги] нифоқ ниҳод

78- ﴿أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ سِرَّهُمْ وَنَجْوَاهُمْ وَأَنَّ اللَّهَ عَلَّامُ الْغُيُوبِ﴾


Оё надонистаанд, ки Аллоҳ таоло розу наҷвояшонро [ки дар маҳфилҳояшон баён мешавад, ба хубӣ] медонад ва Аллоҳ таоло донои розҳои ниҳон аст?

79- ﴿الَّذِينَ يَلْمِزُونَ الْمُطَّوِّعِينَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ فِي الصَّدَقَاتِ وَالَّذِينَ لَا يَجِدُونَ إِلَّا جُهْدَهُمْ فَيَسْخَرُونَ مِنْهُمْ ۙ سَخِرَ اللَّهُ مِنْهُمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾


[Мунофиқон] Касоне [ҳастанд], ки бар муъминон айб мегиранд, ки ба хости хеш садақот [-и бисёр] медиҳанд ва [ҳамчунин, фуқаро ва] афродеро, ки беш аз тавони моли хеш чизе [барои садақа] намеёбанд, масхара мекунанд. Аллоҳ таоло ононро ба тамасхур мегирад ва барояшон азоби дарднок [дар пеш] хоҳад буд

80- ﴿اسْتَغْفِرْ لَهُمْ أَوْ لَا تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ إِنْ تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ سَبْعِينَ مَرَّةً فَلَنْ يَغْفِرَ اللَّهُ لَهُمْ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ﴾


[Эй паёмбар] Чи барои онон омурзиш бихоҳӣ, чи омурзиш нахоҳӣ, [суде ба ҳолашон надорад, ҳатто] агар ҳафтод бор барояшон омурзиш бихоҳӣ, Аллоҳ таоло ҳаргиз ононро намеомурзад, чаро ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш куфр варзиданд, ва Аллоҳ таоло гурӯҳи нофармонро ҳидоят намекунад

81- ﴿فَرِحَ الْمُخَلَّفُونَ بِمَقْعَدِهِمْ خِلَافَ رَسُولِ اللَّهِ وَكَرِهُوا أَنْ يُجَاهِدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَقَالُوا لَا تَنْفِرُوا فِي الْحَرِّ ۗ قُلْ نَارُ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرًّا ۚ لَوْ كَانُوا يَفْقَهُونَ﴾


Вомондагон [аз ғазваи Табук] пас аз [мухолифат бо] Расулуллоҳ аз хонанишинии худ шодмон шуданд ва аз инки бо амволу ҷонҳои хеш дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунанд, кароҳат доштанд ва [ба афроди сустимон] мегуфтанд: «Дар ин гармо раҳсипор [-и ҷиҳод] нашавед». [Эй паёмбар ба онон] Бигӯ: «Агар дармеёфтанд, оташи дузах [аз ин бисёр] сӯзонтар аст»

82- ﴿فَلْيَضْحَكُوا قَلِيلًا وَلْيَبْكُوا كَثِيرًا جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ﴾


Ба сазои ончи мекарданд, бояд [дар дунё] кам биханданд ва [дар охират] бисёр бигирянд

83- ﴿فَإِنْ رَجَعَكَ اللَّهُ إِلَىٰ طَائِفَةٍ مِنْهُمْ فَاسْتَأْذَنُوكَ لِلْخُرُوجِ فَقُلْ لَنْ تَخْرُجُوا مَعِيَ أَبَدًا وَلَنْ تُقَاتِلُوا مَعِيَ عَدُوًّا ۖ إِنَّكُمْ رَضِيتُمْ بِالْقُعُودِ أَوَّلَ مَرَّةٍ فَاقْعُدُوا مَعَ الْخَالِفِينَ﴾


Ва агар Аллоҳ таоло туро ба сӯйи гурӯҳе аз онҳо бозгардонд ва аз ту барои ҳамроҳӣ [дар ҷиҳоди дигар] иҷозат хостанд, бигӯ: «[Аз ин пас] Ҳаргиз бо ман раҳсипор [-и ҷиҳод] нахоҳед шуд ва ҳаргиз ҳамроҳ бо ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо нахустинбор ба хонанишинӣ ризоият додед, пас, бо хонанишинон бинишинед

84- ﴿وَلَا تُصَلِّ عَلَىٰ أَحَدٍ مِنْهُمْ مَاتَ أَبَدًا وَلَا تَقُمْ عَلَىٰ قَبْرِهِ ۖ إِنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَمَاتُوا وَهُمْ فَاسِقُونَ﴾


Ва ҳаргиз бар ҳеҷ мурдае аз онон намоз нахон ва [барои дуо хондан ва талаби омурзиш] бар сари қабраш наист, [чаро ки] бе тардид, онон ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш куфр варзидаанд ва дар ҳоле мурданд, ки нофармон буданд

85- ﴿وَلَا تُعْجِبْكَ أَمْوَالُهُمْ وَأَوْلَادُهُمْ ۚ إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ أَنْ يُعَذِّبَهُمْ بِهَا فِي الدُّنْيَا وَتَزْهَقَ أَنْفُسُهُمْ وَهُمْ كَافِرُونَ﴾


Ва [эй паёмбар, афзунии] амвол ва фарзандонашон туро шигифтзада накунад. Ба ростӣ, ҷуз ин нест, ки Аллоҳ таоло мехоҳад ба ин [васила] дар дунё азобашон кунад ва дар ҳоле ки кофиранд, ҷонашон барояд

86- ﴿وَإِذَا أُنْزِلَتْ سُورَةٌ أَنْ آمِنُوا بِاللَّهِ وَجَاهِدُوا مَعَ رَسُولِهِ اسْتَأْذَنَكَ أُولُو الطَّوْلِ مِنْهُمْ وَقَالُوا ذَرْنَا نَكُنْ مَعَ الْقَاعِدِينَ﴾


Ва ҳангоме ки сурае нозил шавад [ва амр мекунад], ки «Ба Аллоҳ таоло имон биёваред ва ҳамроҳи паёмбараш ҷиҳод кунед», сарватмандонашон [барои нарафтан ба ҷиҳод] аз ту иҷозат мехоҳанд ва мегӯянд: «Бигзор, мо бо хонанишинон бошем»

87- ﴿رَضُوا بِأَنْ يَكُونُوا مَعَ الْخَوَالِفِ وَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لَا يَفْقَهُونَ﴾


Онон розӣ шуданд, ки бо хонанишинон бошанд ва бар дилҳояшон муҳр [-и нифоқ] ниҳода шудааст. Пас, [хайру салоҳи хешро] дарнамеёбанд

88- ﴿لَٰكِنِ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ جَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ ۚ وَأُولَٰئِكَ لَهُمُ الْخَيْرَاتُ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ﴾


Аммо паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо амволу ҷонҳои худ [дар роҳи Аллоҳ таоло] ҷиҳод карданд. Ононанд, ки ҳамаи некиҳо барои эшон аст ва ононанд ки растагоранд

89- ﴿أَعَدَّ اللَّهُ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ﴾


Аллоҳ таоло бар эшон боғҳое [аз биҳишт] муҳайё кардааст, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст [ва] ҷовидона дар он мемонанд. Ин [ҳамон растагорӣ ва] комёбии бузург аст

90- ﴿وَجَاءَ الْمُعَذِّرُونَ مِنَ الْأَعْرَابِ لِيُؤْذَنَ لَهُمْ وَقَعَدَ الَّذِينَ كَذَبُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ سَيُصِيبُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾


Ва узртарошони бодиянишин омаданд, то ба онон иҷозати [маофият аз ҷиҳод] дода шавад ва касоне, ки [дар иддаои имони худ] ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш дурӯғ мегуфтанд, [бидуни ҳеҷ узре ва иҷозате ба ҷойи ҷиҳод] хонанишин бошанд. Ба зудӣ ба касоне аз онон, ки куфр варзиданд, азоби дарднок хоҳад расид

91- ﴿لَيْسَ عَلَى الضُّعَفَاءِ وَلَا عَلَى الْمَرْضَىٰ وَلَا عَلَى الَّذِينَ لَا يَجِدُونَ مَا يُنْفِقُونَ حَرَجٌ إِذَا نَصَحُوا لِلَّهِ وَرَسُولِهِ ۚ مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾


Бар нотавонон [занон ва кӯдакон] ва беморон ва бар касоне, ки чизе намеёбанд, [то дар роҳи ҷиҳод] харҷ кунанд, агар барои Аллоҳ таоло ва паёмбараш хайрхоҳӣ кунанд, гуноҳе нест [ки дар ҷиҳод ширкат накунанд]. Бар накукорон [-и эшон низ] ҳеҷ роҳе [барои сарзаниш ва муҷозот] нест ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

92- ﴿وَلَا عَلَى الَّذِينَ إِذَا مَا أَتَوْكَ لِتَحْمِلَهُمْ قُلْتَ لَا أَجِدُ مَا أَحْمِلُكُمْ عَلَيْهِ تَوَلَّوْا وَأَعْيُنُهُمْ تَفِيضُ مِنَ الدَّمْعِ حَزَنًا أَلَّا يَجِدُوا مَا يُنْفِقُونَ﴾


Ва [ҳамчунин] гуноҳе нест бар касоне, ки чун наздат омаданд, то [барои рафтан ба ҷиҳод бар чаҳорпое] саворашон кунӣ, [ба онон] гуфтӣ: «Чизе пайдо намекунам, ки шуморо бар он биншонам». Онон бозгаштанд, дар ҳоле ки чашмонашон аз ин андуҳ ашкбор буд, ки чизе намеёбанд, то [дар роҳи ҷиҳод] харҷ кунанд

93- ﴿۞ إِنَّمَا السَّبِيلُ عَلَى الَّذِينَ يَسْتَأْذِنُونَكَ وَهُمْ أَغْنِيَاءُ ۚ رَضُوا بِأَنْ يَكُونُوا مَعَ الْخَوَالِفِ وَطَبَعَ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ﴾


Роҳ [-и сарзанишу муҷозот] танҳо барои касоне [кушода] аст, ки бо онки тавонгар [ва имкони ҷиҳод доранд], аз ту иҷозат мехоҳанд [ки дар ҷиҳод ширкат накунанд]. Онон ба ин ризоият доданд, ки бо хонанишинон бошанд ва Аллоҳ таоло бар дилҳояшон муҳр [-и нифоқ] задааст, пас, [хайру салоҳи хешро] дарнамеёбанд

94- ﴿يَعْتَذِرُونَ إِلَيْكُمْ إِذَا رَجَعْتُمْ إِلَيْهِمْ ۚ قُلْ لَا تَعْتَذِرُوا لَنْ نُؤْمِنَ لَكُمْ قَدْ نَبَّأَنَا اللَّهُ مِنْ أَخْبَارِكُمْ ۚ وَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾


Вақте [аз ғазваи Табук] ба сӯяшон баргардед, бароятон узр меоваранд. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Узр наёваред, мо ҳаргиз [сухани] шуморо бовар намекунем. Дар ҳақиқат, Аллоҳ таоло моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст ва ба зудӣ Аллоҳ таоло ва паёмбараш рафторатонро хоҳанд дид [ки оё тавба мекунед ё бар нифоқ мемонед]. Он гоҳ ба сӯйи [Аллоҳ таолои] донои пинҳон ва ошкор бозгардонда мешавед ва Ӯ шуморо аз ончи мекардед, огоҳ мекунад»

95- ﴿سَيَحْلِفُونَ بِاللَّهِ لَكُمْ إِذَا انْقَلَبْتُمْ إِلَيْهِمْ لِتُعْرِضُوا عَنْهُمْ ۖ فَأَعْرِضُوا عَنْهُمْ ۖ إِنَّهُمْ رِجْسٌ ۖ وَمَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ﴾


[Эй муъминон, пас аз ҷанг] вақте ба сӯйи онон [ мунофиқон] бозгардед, бароятон ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, то аз [гуноҳи] онон чашмпӯшӣ кунед. Пас, аз эшон рӯ бигардонед, [чаро ки] бе тардид, онон палиданд ва ба [сазои] ончи мекарданд, ҷойгоҳашон дузах аст

96- ﴿يَحْلِفُونَ لَكُمْ لِتَرْضَوْا عَنْهُمْ ۖ فَإِنْ تَرْضَوْا عَنْهُمْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يَرْضَىٰ عَنِ الْقَوْمِ الْفَاسِقِينَ﴾


Бароятон савганд ёд мекунанд, то аз онон хушнуд шавед, [ҳатто] агар шумо аз он розӣ шавед, Аллоҳ таоло ҳаргиз аз гурӯҳи нофармон розӣ намегардад

97- ﴿الْأَعْرَابُ أَشَدُّ كُفْرًا وَنِفَاقًا وَأَجْدَرُ أَلَّا يَعْلَمُوا حُدُودَ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ عَلَىٰ رَسُولِهِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾


Куфру нифоқи аъроб [-и бодиянишин аз дигарон] шадидтар аст ва сазовортаранд, ки ҳудуди ончиро, ки Аллоҳ таоло бар паёмбараш нозил кардааст, надонанд. Ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст

98- ﴿وَمِنَ الْأَعْرَابِ مَنْ يَتَّخِذُ مَا يُنْفِقُ مَغْرَمًا وَيَتَرَبَّصُ بِكُمُ الدَّوَائِرَ ۚ عَلَيْهِمْ دَائِرَةُ السَّوْءِ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾


Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишин] ҳастанд, ки ончиро [дар роҳи Аллоҳ таоло] харҷ мекунанд, хасорате [барои худ] медонанд ва бароятон интизори пешомадҳои бад доранд [то аз шумо раҳоӣ ёбанд]. Пешомади бад барои онон хоҳад буд ва Аллоҳ таоло шунавову доност

99- ﴿وَمِنَ الْأَعْرَابِ مَنْ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَيَتَّخِذُ مَا يُنْفِقُ قُرُبَاتٍ عِنْدَ اللَّهِ وَصَلَوَاتِ الرَّسُولِ ۚ أَلَا إِنَّهَا قُرْبَةٌ لَهُمْ ۚ سَيُدْخِلُهُمُ اللَّهُ فِي رَحْمَتِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾


Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишин] ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон доранд ва ончиро, ки инфоқ мекунанд, боиси наздикӣ ба Аллоҳ таоло ва дуоҳои паёмбар [дар ҳаққи хеш] медонанд. Огоҳ бошед! [Ин инфоқ] Мояи наздикии онҳост. Аллоҳ таоло [дар қиёмат] ононро дар ҷивори раҳмати хеш дархоҳад овард. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

100- ﴿وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ﴾


Ва пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онон пайравӣ карданд, Аллоҳ таоло аз онон хушнуд гашт ва онон [низ] аз Ӯ хушнуд шуданд ва барояшон боғҳое [дар биҳишт] муҳайё кардааст, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст

101- ﴿وَمِمَّنْ حَوْلَكُمْ مِنَ الْأَعْرَابِ مُنَافِقُونَ ۖ وَمِنْ أَهْلِ الْمَدِينَةِ ۖ مَرَدُوا عَلَى النِّفَاقِ لَا تَعْلَمُهُمْ ۖ نَحْنُ نَعْلَمُهُمْ ۚ سَنُعَذِّبُهُمْ مَرَّتَيْنِ ثُمَّ يُرَدُّونَ إِلَىٰ عَذَابٍ عَظِيمٍ﴾


Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишини Мадина], ки перомуни шумо ҳастанд, [гурӯҳи] мунофиқанд ва аз аҳли Мадина [низ] гурӯҳе ба нифоқ хӯ гирифтаанд. [Эй паёмбар] Ту ононро намешиносӣ, [вале] мо ононро мешиносем. Ононро ду бор азоб хоҳем кард, сипас ба сӯйи азоби бузург [дар қиёмат] фиристода мешаванд

102- ﴿وَآخَرُونَ اعْتَرَفُوا بِذُنُوبِهِمْ خَلَطُوا عَمَلًا صَالِحًا وَآخَرَ سَيِّئًا عَسَى اللَّهُ أَنْ يَتُوبَ عَلَيْهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾


Ва гурӯҳи дигар ба гуноҳони худ [дар бораи фирор аз ҷиҳод] эътироф кардаанд. [Онон] Кори шоиста ва ношоистаро ба ҳам омехтаанд. Умед аст Аллоҳ таоло тавбаи эшонро бипазирад, [чароки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

103- ﴿خُذْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ صَدَقَةً تُطَهِّرُهُمْ وَتُزَكِّيهِمْ بِهَا وَصَلِّ عَلَيْهِمْ ۖ إِنَّ صَلَاتَكَ سَكَنٌ لَهُمْ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾


Аз амволи онон [тавбакорон] садақа [ва закот] бигир, то ба ин васила ононро [аз гуноҳ] пок гардонӣ ва дараҷоташонро боло бибарӣ ва барояшон дуо кун, [чароки] яқинан дуои ту оромиш барои ононаст. Ва Аллоҳ таоло шунавову доност

104- ﴿أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ هُوَ يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ وَيَأْخُذُ الصَّدَقَاتِ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ﴾


Оё намедонанд, ки Аллоҳ таоло аст, ки тавбаро аз бандагонаш мепазирад ва садақотро меситонад ва бе тардид, Аллоҳ таолост, ки тавбапазири меҳрубон аст

105- ﴿وَقُلِ اعْمَلُوا فَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ وَالْمُؤْمِنُونَ ۖ وَسَتُرَدُّونَ إِلَىٰ عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾


Ва [эй паёмбар, ба мутахаллифон аз ҷиҳод ва тавбакорон] бигӯ: «Ба амал кӯшед [ва ончиро, ки аз даст додаед, ҷуброн кунед]. Пас, Аллоҳ таоло ва паёмбараш ва муъминон корҳои шуморо хоҳанд дид ва ба зудӣ ба сӯйи [Аллоҳ таолои] донои пинҳону ошкор бозгардонда мешавед, сипас Ӯ [дар қиёмат] шуморо аз ончи анҷом медодед, огоҳ месозад»

106- ﴿وَآخَرُونَ مُرْجَوْنَ لِأَمْرِ اللَّهِ إِمَّا يُعَذِّبُهُمْ وَإِمَّا يَتُوبُ عَلَيْهِمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾


Ва гурӯҳи дигар [аз мутахаллифони Табук ҳастанд, ки сарнавишташон] мавкул [вобасташуда] ба фармони Аллоҳ таоло аст: ё азобашон мекунад ва ё тавбаашонро мепазирад. Ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст

107- ﴿وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مَسْجِدًا ضِرَارًا وَكُفْرًا وَتَفْرِيقًا بَيْنَ الْمُؤْمِنِينَ وَإِرْصَادًا لِمَنْ حَارَبَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ مِنْ قَبْلُ ۚ وَلَيَحْلِفُنَّ إِنْ أَرَدْنَا إِلَّا الْحُسْنَىٰ ۖ وَاللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ﴾


Ва касоне [аз мунофиқон ҳастанд], ки барои зиён расондан [ба мусулмонон] ва [тақвияти] куфру тафриқаафканӣ миёни муъминон масҷиде сохтанд, [то] камингоҳе бошад барои касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш аз пеш дар ҷанг буданд ва, албатта, онон савганд ёд мекунанд, ки қасде ҷуз некӣ [ва хидмат] надоштаем. Ва Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки онон, ҳатман, дурӯғгӯ ҳастанд

108- ﴿لَا تَقُمْ فِيهِ أَبَدًا ۚ لَمَسْجِدٌ أُسِّسَ عَلَى التَّقْوَىٰ مِنْ أَوَّلِ يَوْمٍ أَحَقُّ أَنْ تَقُومَ فِيهِ ۚ فِيهِ رِجَالٌ يُحِبُّونَ أَنْ يَتَطَهَّرُوا ۚ وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُطَّهِّرِينَ﴾


Эй паёмбар] Ҳаргиз дар он масҷид [ба намоз] наист, [зеро] шоистатар аст дар масҷиде [ба намоз] биистӣ, ки аз рӯзи нахуст бар пояи парҳезгорӣ бино шудааст. [Оре, масҷиди Қубост] Ки дар он, мардоне ҳастанд, ки дӯст медоранд, ки [аз гуноҳу олудагӣ] поку покиза гарданд. Ва Аллоҳ таоло покизагонро дӯст медорад

109- ﴿أَفَمَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَىٰ تَقْوَىٰ مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانٍ خَيْرٌ أَمْ مَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَىٰ شَفَا جُرُفٍ هَارٍ فَانْهَارَ بِهِ فِي نَارِ جَهَنَّمَ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ﴾


Оё касе, ки бунёни [кори] хешро бар пояи парҳезгорӣ ва хушнудии Аллоҳ таоло бино ниҳода,беҳтар аст ё касе, ки бунёни хешро бар лаби партгоҳи фурӯрехтание бино ниҳодааст ва бо он дар оташи дузах сарнагун мегардад? Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро [ба сабаби куфру нифоқашон] ҳидоят намекунад

110- ﴿لَا يَزَالُ بُنْيَانُهُمُ الَّذِي بَنَوْا رِيبَةً فِي قُلُوبِهِمْ إِلَّا أَنْ تَقَطَّعَ قُلُوبُهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾


Он биное, ки онон бунён ниҳодаанд, пайваста дар дилҳояшон мояи тардид [ва нифоқ] хоҳад буд, магар онки дилҳояшон пора-пора шавад [ва бимиранд]. Ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст

111- ﴿۞ إِنَّ اللَّهَ اشْتَرَىٰ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ أَنْفُسَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ بِأَنَّ لَهُمُ الْجَنَّةَ ۚ يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَيَقْتُلُونَ وَيُقْتَلُونَ ۖ وَعْدًا عَلَيْهِ حَقًّا فِي التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ وَالْقُرْآنِ ۚ وَمَنْ أَوْفَىٰ بِعَهْدِهِ مِنَ اللَّهِ ۚ فَاسْتَبْشِرُوا بِبَيْعِكُمُ الَّذِي بَايَعْتُمْ بِهِ ۚ وَذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ﴾


Бе тардид, Аллоҳ таоло аз муъминон ҷонҳо ва амволашонро ба [баҳои] инки биҳишт барои онон бошад, харидааст, ҳамон касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло меҷанганд ва [кофиронро] мекушанд ва [ё худ ба дасти онҳо] кушта мешаванд. [Ин подош] ба унвони ваъдаи росту дуруст дар Таврот ва Инҷил ва Қуръон бар уҳдаи Ӯст. Ва кист, ки аз Аллоҳ таоло ба паймони хеш вафодортар аст? Пас, [эй муъминон] ба муомилае, ки бо Ӯ кардаед, шодмон бошед ва ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст

112- ﴿التَّائِبُونَ الْعَابِدُونَ الْحَامِدُونَ السَّائِحُونَ الرَّاكِعُونَ السَّاجِدُونَ الْآمِرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَالنَّاهُونَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَالْحَافِظُونَ لِحُدُودِ اللَّهِ ۗ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ﴾


[Онон, ки чунин подоше доранд, ҳамон] тавбакунандагон, парастишгарон, сипосгузорон, рӯзадорон, рукуъкунандагон, саҷдакунандагон, водорандагон ба корҳои писандида ва боздорандагон аз корҳои нописанд ва посдорони ҳудуд [ва аҳкоми] илоҳӣ ҳастанд. Ва он муъминонеро, [ки чунин ҳастанд, ба биҳишт] башорат бидеҳ

113- ﴿مَا كَانَ لِلنَّبِيِّ وَالَّذِينَ آمَنُوا أَنْ يَسْتَغْفِرُوا لِلْمُشْرِكِينَ وَلَوْ كَانُوا أُولِي قُرْبَىٰ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُمْ أَصْحَابُ الْجَحِيمِ﴾


Барои паёмбар ва касоне, ки имон оварданд, сазовор нест, ки барои мушрикон, пас аз инки бар эшон ошкор шуд, ки онон аҳли дузаханд, омурзиш бихоҳанд, ҳарчанд аз наздикон бошанд

114- ﴿وَمَا كَانَ اسْتِغْفَارُ إِبْرَاهِيمَ لِأَبِيهِ إِلَّا عَنْ مَوْعِدَةٍ وَعَدَهَا إِيَّاهُ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُ أَنَّهُ عَدُوٌّ لِلَّهِ تَبَرَّأَ مِنْهُ ۚ إِنَّ إِبْرَاهِيمَ لَأَوَّاهٌ حَلِيمٌ﴾


Омурзишхоҳии Иброҳим барои падараш [Озар] ҷуз ба хотири ваъдае, ки ба ӯ дода буд, сурат нагирифт, вале ҳангоме ки барояш ошкор шуд, ки вай душмани Аллоҳ таолост, аз ӯ безорӣ ҷуст [ва барояш дуо накард]. Ба ростӣ, ки Иброҳим, басе ниёишгар ва бурдбор буд

115- ﴿وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيُضِلَّ قَوْمًا بَعْدَ إِذْ هَدَاهُمْ حَتَّىٰ يُبَيِّنَ لَهُمْ مَا يَتَّقُونَ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ﴾


Ва Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он нест, ки гурӯҳеро пас аз онки ҳидояташон кардааст, гумроҳ бигзорад. Магар онки чизеро, ки бояд [аз он] парҳез кунанд, барояшон равшан карда бошад [ва онон ба он амал накарда бошанд]. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност

116- ﴿إِنَّ اللَّهَ لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ يُحْيِي وَيُمِيتُ ۚ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ﴾


Дар ҳақиқат, фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таолост. [Ӯст, ки] зинда мекунад ва мемиронад ва шумо ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ корсозу ёваре надоред

117- ﴿لَقَدْ تَابَ اللَّهُ عَلَى النَّبِيِّ وَالْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ الَّذِينَ اتَّبَعُوهُ فِي سَاعَةِ الْعُسْرَةِ مِنْ بَعْدِ مَا كَادَ يَزِيغُ قُلُوبُ فَرِيقٍ مِنْهُمْ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ ۚ إِنَّهُ بِهِمْ رَءُوفٌ رَحِيمٌ﴾


Бе гумон, Аллоҳ таоло бар паёмбар ва муҳоҷирин ва ансор, ки дар ҳангоми душворӣ [ғазваи Табук] аз Ӯ пайравӣ карданд, раҳмат овард, баъд аз онки наздик буд дилҳои гурӯҳе аз онон билағжад [ва ба сабаби сахтиҳои фаровон ҷиҳодро тарк кунанд], пас, [боз] тавбаи ононро пазируфт. Бе тардид, Ӯ [нисбат] ба онон дилсӯз [ва] меҳрубон аст

118- ﴿وَعَلَى الثَّلَاثَةِ الَّذِينَ خُلِّفُوا حَتَّىٰ إِذَا ضَاقَتْ عَلَيْهِمُ الْأَرْضُ بِمَا رَحُبَتْ وَضَاقَتْ عَلَيْهِمْ أَنْفُسُهُمْ وَظَنُّوا أَنْ لَا مَلْجَأَ مِنَ اللَّهِ إِلَّا إِلَيْهِ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ لِيَتُوبُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ﴾


Ва ба он се нафар, ки [аз ширкат дар ғазваи Табук] тахаллуф намуданд [ва пазириши тавбаашон ба таъхир афтод, низ лутфу эҳсон намуд],он гоҳ ки [мусулмонон аз онон, ки буриданд ва] замин боҳамаи фарохияш бар эшон танг шуд ва аз худ [низ] ба танг омаданд ва донистанд, ки аз Аллоҳ таоло ҷуз ба сӯйи худи Ӯ паноҳе нест. Пас, [Аллоҳ таоло бо бахшоиши хеш] ба онон бозгашт, то тавба кунанд [ва аз эшон даргузашт]. Яқинан, Аллоҳ таоло аст, ки тавбапазири меҳрубон аст

119- ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَكُونُوا مَعَ الصَّادِقِينَ﴾


Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бо ростгӯён бошед

120- ﴿مَا كَانَ لِأَهْلِ الْمَدِينَةِ وَمَنْ حَوْلَهُمْ مِنَ الْأَعْرَابِ أَنْ يَتَخَلَّفُوا عَنْ رَسُولِ اللَّهِ وَلَا يَرْغَبُوا بِأَنْفُسِهِمْ عَنْ نَفْسِهِ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ لَا يُصِيبُهُمْ ظَمَأٌ وَلَا نَصَبٌ وَلَا مَخْمَصَةٌ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَلَا يَطَئُونَ مَوْطِئًا يَغِيظُ الْكُفَّارَ وَلَا يَنَالُونَ مِنْ عَدُوٍّ نَيْلًا إِلَّا كُتِبَ لَهُمْ بِهِ عَمَلٌ صَالِحٌ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ﴾


Сазовор нест, ки аҳли Мадина ва аъроб [-и бодиянишин] перомуни эшон аз [ҳамроҳӣ бо] Расулуллоҳ бозмонанд ва ҳифзи ҷони хешро муқаддам бар ӯ шуморанд, зеро дар роҳи Аллоҳ таоло ҳеҷ ташнагӣ ва ранҷу гуруснагие ба онон намерасад ва дар ҳеҷ маконе, ки кофиронро ба хашм меоварад, қадам намегузоранд ва аз душман ҳеҷ [шикаст ва] зарбае намехӯранд, магар инки ба [подоши] он кори шоиста барояшон сабт мешавад. Баростӣ, ки Аллоҳ таоло подоши накукоронро зоеъ намегардонад

121- ﴿وَلَا يُنْفِقُونَ نَفَقَةً صَغِيرَةً وَلَا كَبِيرَةً وَلَا يَقْطَعُونَ وَادِيًا إِلَّا كُتِبَ لَهُمْ لِيَجْزِيَهُمُ اللَّهُ أَحْسَنَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾


Ва ҳеҷ моли кучак ва бузургеро [дар роҳи Аллоҳ таоло] инфоқ намекунанд ва [дар роҳи ҷиҳод] аз ҳеҷ сарзамине намегузаранд, магар инки [подошаш] бар эшон сабт мешавад, то Аллоҳ таоло подоши накутарин кирдорашонро ба онон бидиҳад

122- ﴿۞ وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنْفِرُوا كَافَّةً ۚ فَلَوْلَا نَفَرَ مِنْ كُلِّ فِرْقَةٍ مِنْهُمْ طَائِفَةٌ لِيَتَفَقَّهُوا فِي الدِّينِ وَلِيُنْذِرُوا قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُوا إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ﴾


Ва сазовор нест, ки муъминон ҳамагӣ раҳсипор [-и ҷиҳод] шаванд.
Пас, чаро аз ҳар гурӯҳе аз онон иддае раҳсипор намешаванд [ва иддае низ ҳамроҳи паёмбар намемонанд], то [ба сабаби ончи аз маҳзараш фаро мегиранд] дар ин огоҳӣ биёбанд ва қавми худро вақте ба сӯяшон бозгаштанд, бим диҳанд? Бошад, ки онон [аз кайфари илоҳӣ битарсанд ва] бипарҳезанд

123- ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قَاتِلُوا الَّذِينَ يَلُونَكُمْ مِنَ الْكُفَّارِ وَلْيَجِدُوا فِيكُمْ غِلْظَةً ۚ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ﴾


Эй касоне, ки имон овардаед, бо кофироне, ки наздики [маҳалли зиндагии] шумо ҳастанд, биҷангед [то хатарашонро рафъ намоед] ва онон бояд дар шумо шиддату хушунат биёбанд ва бидонед, ки Аллоҳ таоло бо парҳезгорон аст

124- ﴿وَإِذَا مَا أُنْزِلَتْ سُورَةٌ فَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ أَيُّكُمْ زَادَتْهُ هَٰذِهِ إِيمَانًا ۚ فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا فَزَادَتْهُمْ إِيمَانًا وَهُمْ يَسْتَبْشِرُونَ﴾


Ва ҳангоме ки сурае нозил мегардад, бархе аз онон [ба дигаре] мегӯянд: « Ин сура ба имони кадом яке аз шумо афзуд»? Аммо касоне, ки имон овардаанд, бар имонашон меафзояд ва [ба он] шодмон мегарданд

125- ﴿وَأَمَّا الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ فَزَادَتْهُمْ رِجْسًا إِلَىٰ رِجْسِهِمْ وَمَاتُوا وَهُمْ كَافِرُونَ﴾


Ва аммо касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [шакку нифоқе] аст, пас, палидӣ бар палидияшон меафзояд ва дар ҳоле ки кофиранд, мемиранд

126- ﴿أَوَلَا يَرَوْنَ أَنَّهُمْ يُفْتَنُونَ فِي كُلِّ عَامٍ مَرَّةً أَوْ مَرَّتَيْنِ ثُمَّ لَا يَتُوبُونَ وَلَا هُمْ يَذَّكَّرُونَ﴾


Оё онон намебинанд, ки ҳар сол як ё ду бор озмоиш мешаванд? Аммо на тавба мекунанд ва на панд мепазиранд

127- ﴿وَإِذَا مَا أُنْزِلَتْ سُورَةٌ نَظَرَ بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ هَلْ يَرَاكُمْ مِنْ أَحَدٍ ثُمَّ انْصَرَفُوا ۚ صَرَفَ اللَّهُ قُلُوبَهُمْ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَفْقَهُونَ﴾


Ва ҳангоме ки сурае нозил мешавад [ки аҳволи мунофиқонро баён намудааст], баъзе аз онон ба баъзи дигар нигоҳ мекунанд [ва мегӯянд]: «Оё касе шуморо мебинад»? Сипас [махфиёна аз он маҷлис] бозмегарданд. Аллоҳ таоло дилҳояшонро [аз хайру ҳидоят] бозгардондааст, зеро онон гурӯҳе ҳастанд, ки намефаҳманд

128- ﴿لَقَدْ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مِنْ أَنْفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ﴾


Яқинан, паёмбаре аз [миёни] худи шумо ба сӯятон омад, ки ранҷдиданатон бар ӯ [гарону] душвор аст ва бар [ҳидояти] шумо сахт исрор дорад ва [нисбат] ба муъминон дилсӯз [ва] меҳрубон аст

129- ﴿فَإِنْ تَوَلَّوْا فَقُلْ حَسْبِيَ اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ ۖ وَهُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ﴾


Пас, [эй паёмбар] агар [мушрикон ва мунофиқон аз ҳақ рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Аллоҳ таоло барои ман кофист. Ҳеҷ маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест, танҳо бар Ӯ таваккал кардам ва Ӯ Парвардигори Арши бузург аст»

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: