الشكور
كلمة (شكور) في اللغة صيغة مبالغة من الشُّكر، وهو الثناء، ويأتي...
Ва [ёд кун аз қиёмат] рӯзе, ки ҳамаи онон [инсу ҷин]-ро гирд меоварад [ва мефармояд]: «Эй гурӯҳи ҷинниён, аз одамиён [бисёреро гумроҳ кардед ва пайравони] фаровон ёфтед».
Ва дӯстони [мушрики] эшон аз [миёни] инсонҳо мегӯянд: «Парвардигоро, бархе аз мо аз бархе дигар баҳрабардорӣ карданд [ва дар куфру гуноҳ ба якдигар ёрӣ расониданд] ва [ин ки] мо ба поёне, ки бароямон муқаррар карда будӣ, расидаем» [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Ҷойгоҳатон оташ аст [ва] дар он ҷовидон хоҳед буд, магар он чиро Аллоҳ таоло бихоҳад [ки аз он бикоҳад ё бибахшояд]. Бе тардид,Парвардигорат ҳакиму доност»