النصير
كلمة (النصير) في اللغة (فعيل) بمعنى (فاعل) أي الناصر، ومعناه العون...
128. Ва (ба ёд ор эй Расул,) рӯзе, ки ҳама кофиронро аз инсу ҷин гирд оварад ва гӯяд: «Эй гурӯҳи ҷинҳо, шумо бисёре аз одамиёнро пайрави худ сохтед». Ва гуфтанд дӯстонашон аз одамони куффор: «Эй Парвардигори мо, мо аз якдигар баҳраманд мешудем ва ба поёни замоне, ки барои зистани мо қарор дода будӣ дар ҳаёти дунё, расидем». Аллоҳ гӯяд: «Ҷойгоҳи шумо оташ аст, ҷовидона дар он ҷо хоҳед буд, магар он чӣ Аллоҳ бихоҳад дар он ҷо ҷовидон нахоҳад монд аз гунаҳкорони ахли тавҳид». Албатта Парвардигори ту устуворкору доно аст!