المزّمّل

تفسير سورة المزّمّل

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ يَا أَيُّهَا الْمُزَّمِّلُ﴾

1.Эй ҷома бар худ печида,

﴿قُمِ اللَّيْلَ إِلَّا قَلِيلًا﴾

2.шабро бо намоз зинда бидор, магар андакеро,

﴿نِصْفَهُ أَوِ انْقُصْ مِنْهُ قَلِيلًا﴾

3.қиёми ними шаб кун ё андаке аз нима кам кун,(1)

﴿أَوْ زِدْ عَلَيْهِ وَرَتِّلِ الْقُرْآنَ تَرْتِيلًا﴾

4.Ё андаке бар соати ними шаб бияфзой ва Қуръонро оҳиста бо тадаббур шумурдаву (бодиққату) равшан бихон(1).

﴿إِنَّا سَنُلْقِي عَلَيْكَ قَوْلًا ثَقِيلًا﴾

5.Ҳамоно Мо ба ту эй Паёмбар Қуръони бузургеро, ки дар бар мегирад амру наҳйҳо ва аҳкоми шариъатро нозил хоҳем кард.

﴿إِنَّ نَاشِئَةَ اللَّيْلِ هِيَ أَشَدُّ وَطْئًا وَأَقْوَمُ قِيلًا﴾

6.Албатта, ибодате, ки дар дили шаб сурат мегирад, таъсири сахте дорад дар дил ва лафзҳояш дурусттар аст ба сабаби фориғ будани дил аз корҳои дунявӣ.

﴿إِنَّ لَكَ فِي النَّهَارِ سَبْحًا طَوِيلًا﴾

7.Албатта, корҳои ту дар рӯз бисёр аст. Пас, шабҳо Парвардигоратро ибодат кун.

﴿وَاذْكُرِ اسْمَ رَبِّكَ وَتَبَتَّلْ إِلَيْهِ تَبْتِيلًا﴾

8.Ва ёд кун эй Паёмбар, номи Парвардигоратро ва аз ҳама тараф гусаста канда шуда ба ибодаташ бипайванд:

﴿رَبُّ الْمَشْرِقِ وَالْمَغْرِبِ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ فَاتَّخِذْهُ وَكِيلًا﴾

9.        (яъне, бо сидқу ихлос бандагӣ кун). Ӯст подшоҳи машриқу мағриб. Нест ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ӯ. Пас Ӯро корсози хеш интихоб кун!

﴿وَاصْبِرْ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَاهْجُرْهُمْ هَجْرًا جَمِيلًا﴾

10.    Ва сабр кун бар он чӣ мушрикон дар шаъни ту ва динат мегӯянд ва ба ваҷҳи писандида аз онҳо дурӣ ҷӯй(1).

﴿وَذَرْنِي وَالْمُكَذِّبِينَ أُولِي النَّعْمَةِ وَمَهِّلْهُمْ قَلِيلًا﴾

11.    Дурӯғшуморандагони соҳибнеъматро ба Ман вогузор. Ва андаке мӯҳлаташон деҳ, то фуруд омадани азоб бар онҳо.

﴿إِنَّ لَدَيْنَا أَنْكَالًا وَجَحِيمًا﴾

12.    Албатта, ҳаст назди Мо дар охират кишангҳои гарон ва барои сӯхтану азоб додани онҳо оташи дӯзах аст.

﴿وَطَعَامًا ذَا غُصَّةٍ وَعَذَابًا أَلِيمًا﴾

13.    Ва назди Мо таъоми гулӯгир аст, ки на фурӯ меравад ва на берун меояд ва низ азоби дардовар аст.(1)

﴿يَوْمَ تَرْجُفُ الْأَرْضُ وَالْجِبَالُ وَكَانَتِ الْجِبَالُ كَثِيبًا مَهِيلًا﴾

14.    Рӯзе, ки замину кӯҳҳо ба ларза оянд ва кӯҳҳо теппае аз реги равон гарданд! (Баъд аз он, ки сахту устувор буданд).

﴿إِنَّا أَرْسَلْنَا إِلَيْكُمْ رَسُولًا شَاهِدًا عَلَيْكُمْ كَمَا أَرْسَلْنَا إِلَىٰ فِرْعَوْنَ رَسُولًا﴾

15.    ҳароина, Мо бар шумо (эй аҳли Макка) Муҳаммадро фиристодем, ки гувоҳидиҳанда аст бар куфру исёни шумо, ҳамчунон ки ба сӯи Фиръавн Мӯсоро фиристодем.

﴿فَعَصَىٰ فِرْعَوْنُ الرَّسُولَ فَأَخَذْنَاهُ أَخْذًا وَبِيلًا﴾

16.    Пас итоъат накард Фиръавн Мӯсоро. Ва ба рисолаташ имон наовард. Пас ҳалок кардем ӯро ҳалок кардани сахт.(1)

﴿فَكَيْفَ تَتَّقُونَ إِنْ كَفَرْتُمْ يَوْمًا يَجْعَلُ الْوِلْدَانَ شِيبًا﴾

17.    Пас чӣ гуна нафсҳоятонро дар амон мемонед, агар кофир бошед ба азоби рӯзи қиёмат, ки аз сахтии вазниниаш кӯдаконро пир мегардонад?

﴿السَّمَاءُ مُنْفَطِرٌ بِهِ ۚ كَانَ وَعْدُهُ مَفْعُولًا﴾

18.    Дар он рӯз осмон бишикофад ва ваъдаи Аллоҳ хоҳу нохоҳ ба вуқӯъ пайвандад.

﴿إِنَّ هَٰذِهِ تَذْكِرَةٌ ۖ فَمَنْ شَاءَ اتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِ سَبِيلًا﴾

19.    ҳаройина, ин нишонаҳои тарсонанда пандест барои мардум. Пас, ҳар ки бихоҳад панд ва манфиаъте бигирад, роҳе ба сӯи розигии Парвардигораш бигирад, ки ӯро халқ кард.

﴿۞ إِنَّ رَبَّكَ يَعْلَمُ أَنَّكَ تَقُومُ أَدْنَىٰ مِنْ ثُلُثَيِ اللَّيْلِ وَنِصْفَهُ وَثُلُثَهُ وَطَائِفَةٌ مِنَ الَّذِينَ مَعَكَ ۚ وَاللَّهُ يُقَدِّرُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ ۚ عَلِمَ أَنْ لَنْ تُحْصُوهُ فَتَابَ عَلَيْكُمْ ۖ فَاقْرَءُوا مَا تَيَسَّرَ مِنَ الْقُرْآنِ ۚ عَلِمَ أَنْ سَيَكُونُ مِنْكُمْ مَرْضَىٰ ۙ وَآخَرُونَ يَضْرِبُونَ فِي الْأَرْضِ يَبْتَغُونَ مِنْ فَضْلِ اللَّهِ ۙ وَآخَرُونَ يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ فَاقْرَءُوا مَا تَيَسَّرَ مِنْهُ ۚ وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَأَقْرِضُوا اللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا ۚ وَمَا تُقَدِّمُوا لِأَنْفُسِكُمْ مِنْ خَيْرٍ تَجِدُوهُ عِنْدَ اللَّهِ هُوَ خَيْرًا وَأَعْظَمَ أَجْرًا ۚ وَاسْتَغْفِرُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

20.
    ҳароина, Парвардигори ту (эй Паёмбар) медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онон, ки бо ту ҳастанд, наздик ба ду саввуми шаб ё нисфи он ва ё сеяки шабро ба намоз меистед. Ва Аллоҳ ягона худаш андозаи шабу рӯзро муъайян мекунад. Ва медонад, ки шумо тамоми шабро бо намоз гузаронида наметавонед. Пас, тавбаи шуморо бипазируфт(1). Ва ҳар чӣ муяссар шавад дар намози шаб, аз Қуръон бихонед.
Аллоҳ медонад чӣ касоне аз шумо ба сабаби беморӣ аз намози шаб мемонад ва гурӯҳе дигар ба талаби ризқи ҳалол аз Аллоҳ дар рӯи замин барои тиҷорат ва кор ба сафар мераванд ва гурӯҳи дигар дар роҳи Аллоҳ ба ҷанг мераванд(2). Пас ҳар чӣ муяссар шавад, дар намозҳоятон аз қуръон бихонед. Намоз бигузореду закот бидиҳед(3) ва дар роҳҳои хайр ва некуй аз молҳоятон эҳсон кунед. Ва ҳар хайру эҳсоне, ки барои худ дар ин дунё пешопеш бифиристед, аҷру савобашро рӯзи қиёмат барзиёд хоҳед ёфт. Ва аз Аллоҳ дар тамоми ҳолатҳоятон омурзиш бихоҳед. Ҳароина, Аллоҳ бисёр омӯрзгор аст барои касе, ки аз вай омӯрзиш бихоҳад ва бисёр меҳрубон аст барои касе, ки аз вай талаби раҳм кунад!

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: