الرب
كلمة (الرب) في اللغة تعود إلى معنى التربية وهي الإنشاء...
[Эй асҳоби паёмбар] Агар шумо ӯро ёрӣ накунед, ҳатман, Аллоҳ таоло ёриаш намуд: ҳангоме ки кофирон ӯро [аз Макка] берун карданд, он гоҳ ки яке аз он ду, ки дар ғор [-и Савр паноҳ гирифта] буданд, ба ҳамроҳи худ [Абубакр] гуфт: «Андуҳгин мабош, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бо мост». Пас, Аллоҳ таоло оромиши худро бар ӯ фурӯ фиристод ва ӯро бо сипоҳиёне, ки онҳоро намедидед, таъйид [-у тақвият] кард ва сухани касонеро, ки куфр варзиданд, пасттар гардонд. Ва сухани Аллоҳ таолост, ки бартар аст ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст