الآخر
(الآخِر) كلمة تدل على الترتيب، وهو اسمٌ من أسماء الله الحسنى،...
40.
Эй ёрони Паёмбар, агар Паёмбарро шумо ёриву нусрат надиҳед чӣ суд? Ҳамоно Аллоҳ нусрат додааст ӯро, он гоҳ ки берун карданд ӯро кофирони қурайш аз Макка ва ҳамроҳаш каси дуввум (яъне, Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу) буд. Чун ин ду кас (Паёмбар ва Абубакр) дар ғор буданд, он гоҳ Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки ба ёри худ мегуфт: "Ғам махӯр, Аллоҳ бо мост". Пас, фиристод Аллоҳ оромиши худро ба Паёмбар ва нусрату қувват дод ӯро ба лашкарҳое, ки надиданд онҳоро (яъне, фариштагон) ва пасттару фурӯтар сохт сухани кофиронро ва сухани Аллоҳ суханест баланд. Ва Аллоҳ пирӯзманд аст дар мулкаш ва дурусткор аст дар тамоми корҳояш.(1)