القابض
كلمة (القابض) في اللغة اسم فاعل من القَبْض، وهو أخذ الشيء، وهو ضد...
74. Мунофиқон ба Аллоҳ савганд мехӯранд, ки нагуфтаанд чизеро, ки Паёмбар ва мусалмонон аз он нороҳат шаванд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки ислом оварда буданд, кофир шудаанд. Ва бар қасд кор карданд, ки ба Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам зарарҳо оваранд, аммо ба он ноил нашуданд. Ва мунофиқон чизеро инкор накарданд, магар Аллоҳу паёмбарашро, ки аз ғаниматҳо сарватмандашон карданд.
Пас, агар тавба кунанд, некиашон дар он аст ва агар рӯй гардонанд, Аллоҳ ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд, ки азоби Аллоҳро аз онҳо боздорад ва на мададкоре, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад!(1)