الطيب
كلمة الطيب في اللغة صيغة مبالغة من الطيب الذي هو عكس الخبث، واسم...
1.Мо, ҳароина, Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем ва ба ӯ гуфтем, ки қавми худро пеш аз он ки азоби дардовар бар сарашон фуруд ояд, бим деҳ.
2.Нӯҳ гуфт: «Эй қавми ман, ман ҳароина, бимдиҳандаи ошкоро ҳастам шуморо аз азоби Аллоҳ, агар Ӯро нофармонӣ кунед.
3.Ва ҳамоно ман фиристодаи Аллоҳ ҳастам ба сӯӣ шумо, пас Ӯро ягона бипарастед ва аз азоби Ӯ битарсед ва аз ман итоъат кунед, дар он чизе, ки шуморо амр ё манъ мекунам.
4.
Аллоҳ гуноҳонатонро биёмурзад ва шуморо дар умратон, то муддати муъайяне, ки дар илми Аллоҳ аст мӯҳлат диҳад, ҳароина, он аҷали Илоҳӣ чун ба сар ояд, дигар таъхир нашавад, агар шумо инро медонистед, ҳамоно ба сӯи имон ва тоъат ҳаракат мекардед».(1)
5. Гуфт Нӯҳ: «Эй Парвардигори ман, ман ҳароина, қавми худро шабу рӯз ба сӯи Ту даъват кардам.
6. Пас даъвати ман онҳоро ба сӯи имон зиёда накард дар онҳо, ҷуз гурехтану нафрат аз имонро.
7.
Ва албатта, ман, ҳар бор, ки онҳоро ба сӯи Ту даъват кардам, то Ту онҳоро биёмӯрзӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ карданд, то даъвати ҳақро нашунаванд ва ҷома дар сар кашиданд, то, ки маро набинанд ва давомат карданд бар куфри худ ва такаббур карданд аз қабули имон, такаббур кардани сахт.
9. Боз, ҳароина, дар ҳама ҳол ҳам ба овози баланд ва ҳам бо овози паст барояшон даъват кардам.
10. Сипас гуфтам ба қавмам: «Аз Парвардигоратон омӯрзиши гуноҳоятонро кунед ва ба сӯи Ӯ аз куфри худ тавба кунед. Албатта, Ӯ таъоло омӯрзандаи тавбаи бандагонаш аст.
11. Агар тавба карда аз Ӯ омӯрзиш талаб кунед, мефиристад Аллоҳ таъоло бароятон боронҳои резандаро пай дар пай.
12. Ва молу фарзандонатонро зиёд мекунад ва бароятон бӯстонҳо биёфаринад, то, ки аз меваҳояш фоида баред ва дарёҳо то, ки аз обаш зироъат ва молҳоятонро об бидиҳед.(1)
13. Шуморо эй қавм чӣ шудааст, ки аз бузургӣ ва азамати Аллоҳ наметарсед.
15. Оё намебинед, ки чӣ гуна Аллоҳ ҳафт осмонро табақа - табақа болои ҳам биёфарид?
16. Ва моҳро дар ин осмонҳо равшанӣ ва хуршедро барои аҳли замин чароғашон гардонид.
18. Боз шуморо баъд аз маргатон ба он бозмегардонад ва боз рӯзи баъс аз он берун меоварад.
21. Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳамоно қавми ман нофармонии ман карданд ва бечорагони онҳо пайравӣ карданд пешвоёни гумроҳашонро, ки молу фарзандаш ҷуз ба зиёнашон наяфзуд.(1)
22. Ва макру ҳила карданд сардорони куффор пайравони худро - макри бузурге.
23. Ва гуфтанд: «Парастиши маъбудони худро, ба ҷои Аллоҳи ягонае, ки Нӯҳ ба сӯи он даъват мекунад, тарк накунед. Ва парастиши Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро тарк макунед!(1)»
24. Ва ҳамоно он пайравон бисёре аз мардумро бо зиннат додани роҳҳои гуноҳ гумроҳ карданд. Баъд аз он Нӯҳ алайҳиссалом гуфт: Эй Парвардигори мо маяфзой ба он ситамкорони саркаш магар дуриро аз ҳақ!».
25. Ба ҷазои гуноҳонашон ба тӯфон ғарқа карда шуданд, пас ба оташи даргирандаву сӯзонанда дохил карда шуданд, пас ба ҷуз Аллоҳ барои худ ёваре наёфтанд, ки аз онҳо азобро дур кунад.
26. Ва Нӯҳ алайҳиссалом баъди ноумед шуданаш аз қавмаш гуфт: «Эй Парвардигори ман, бар рӯи замин ҳеҷ як аз кофиронро магузор, ки ҳаракат кунад.
27. Ҳамоно, агар ту онҳоро бигузорию ва ҳалокашон накунӣ, бандагонеро, ки ба Ту аз роҳи ҳақ имон овардаанд, гумроҳ мекунанд ва фарзандоне таваллуд намекунанд, магар фоҷиру кофир.
28. Эй Парвардигори ман, марову падару модарамро ва ҳар киро бо имон ба хонаи ман ворид шавад ва низ мардони мӯъмину занони мӯъминро биёмӯрз ва ситамкоронро дар дунёву охират ҷуз ба ҳалокаташон маяфзой!»