الحق
كلمة (الحَقِّ) في اللغة تعني: الشيءَ الموجود حقيقةً.و(الحَقُّ)...
1.Нун.(1) Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба қалам ва он чӣ менависанд, фариштагон ва одамон аз хайру нафъ ва илмҳо,
2.ки ту эй Расул ба фазли Парвардигорат, ки паёмбарӣ ва рисолатро бар ту арзонӣ намудааст, девона нестӣ.
3.Бегумон барои ту эй Расул, он чӣ аз сахтиҳо кашидаӣ бар таблиғи рисолат, мукофоти поённопазир аст
7. Албатта, Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе бадбахт аст ва аз роҳи ҳидояти Ӯ гумроҳ гаштааст ва Ӯ ба парҳезгорони роҳёфтагон (ба дини ҳақ) донотар аст.(1)
8. Пас, эй Расул бар дини худ устувор бош ва ба дурӯғшуморандагон итоъат макун.
9. Таманно ва дӯст доранд, ки бо онҳо нармӣ кунӣ, то барои ту нармӣ кунанд.
10. Ва эй Расул, аз ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр савганд мехӯрад, пайравӣ макун:
11. Айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад ва миёни онҳо фасод меорад,
12. боздоранда аз хайр, ки бар хайр кардани мол бахил аст, аз ҳад гузаранда, ки ба мардум таҷовуз мекунад, гунаҳкор, ки бар ҳаром бисёр даст задааст,
13. дағалмарде, ки бадхулқ ва бадрафтор аст, зинозода, (ҳаромзодаи бепадар,)
14. ба хотире, ки соҳиби молу фарзанд аст саркашӣ кард ва аз пазируфтани ҳақ такаббур кард,
15. чун яке аз оёти Мо бар ӯ хонда шавад, онро дурӯғ шуморад ва гӯяд: «Афсонаҳои пешиниён аст»(1)
16. Ба зудӣ бар биниаш доғ гузорем, ки назди мардум бо он доғ бад шавад.
17. Ҳароина, Мо аҳли Маккаро бо гуруснагиву қаҳтӣ озмудаем, чунон ки соҳибони он боғро озмудем. Он гоҳ, ки миёни худ қасам хӯрданд, ки фардо бомдод ҳатман меваҳоро хоҳанд чид ва азм карданд, ки мискинонро аз он маҳрум гардонанд.
19. ГТас, азобе (оташи фарогир шабона) аз сӯи Парвардигорат бар боғи онҳо фурӯ омад, дар ҳоле, ки ҳама дар хоб буданд,
22. «Агар мехоҳед мева бичинед, бомдодон ба киштзори худ биравед!»
23. Сипас ба роҳ афтоданд ва оҳиста ба ҳамдигар сухан мегуфтанд:
24. ки имрӯз набояд мискине ба боғи шумо дарояд.
25. Ва субҳгоҳон зуд тавонманд (ба хотири манъи бенавоён) ба он боғ расиданд, ки худро бар чидани мева ва манъи бенавоён тавоно медиданд.(1)
26. Чун боғи худро диданд, гуфтанд: Роҳро гум кардем. Пас он ҳангом, донистанд, ки он боғи онҳост, гуфтанд:
27. Балки, мо аз ҳосил маҳрумшудаем, ба сабаби бухле, ки аз мо сар зад.
28. Яке аз беҳтарини онҳо гуфт: Оё ба шумо нагуфтам, чаро шукру тасбеҳи Аллоҳро намегӯед ва «иншоаллоҳ» нагуфтед?
29. Баъд аз он ки ба роҳи ҳақ баргаштанд, гуфтанд: Пок аст Парвардигори мо, аз зулме, ки ба мо расидааст, балки ҳароина, мо бар нафси худ ва қасди бадамон ситамкор будаем.
30. Пас, ба хотири «иншоаллоҳ» нагуфтанашон ва қасди бадашон он гоҳ маломаткунон ба якдигар рӯ оварданд.
31. Гуфтанд: Вой бар мо, : ҳароина, мо мардуми саркаше будаем, ки бенавоёнро манъ кардем ва мухолифати амри Аллоҳ баромадем,
32. бошад, ки ба сабаби тавба ва иқрори гуноҳони худ Парвардигори мо дар иваз, чизе беҳтар аз он боғ моро диҳад. Ҳароина, Мо ба Парвардигори худ рӯй овардаем!
33. Инчунин аст азоб, монанди азобе, ки соҳибони он боғро мубтало кардем, ҳамин гуна азоби мо дар дунё барои касест, ки амри Аллоҳро мухолифат мекунад ва аз хайр кардани мол бахилӣ менамояд. Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст, албатта аз ҳар сабабе, ки мӯҷиби азоб аст, худро бартараф месохтанд!(1)
34. Ҳароина, барои парҳезгорон, онон, ки аз азоби Аллоҳ тарсиданд, бо анҷом додани амрҳояш ва тарк намудани манъкардаҳояш дар назди Парвардигорашон боғҳоест пурнеъмат ва бардавом.(1)
35. Оё пас мо мусалмононро ҳамчун гунаҳкорон қарор медиҳем?
36. Шуморо чӣ шудааст? чӣ гуна доварӣ мекунед, пас ҳар ду гурӯҳро дар ҷазо баробар хоҳем кард? Ҳеҷ гоҳ!(1)
37. Оё шуморо китобест, аз осмон нозил шуда, ки аз он мехонед ва дарс мегиред, ки фармонбардор монанди гунаҳкор аст?
38. Ва ба таҳқиқ, дар он китоб он чиро интихоб кунед, барои шумо навишташуда аст?! (Ҳаргиз чунин нест!)(1)
39. Ё ин ки шумо бар ӯҳдаи Мо аҳду паймони устуворе доред, ки то рӯзи қиёмат ҳар чиро ҳукм кунед, ҳақ барои шумо бошад?!
40. Эй Расул, аз мушрикон бипурс, кадом якеашон зомини чунин паймонест, ки кофирон дар охират монанди мӯъминонанд?
41. Ё онҳоро шариконест, ки онҳоро дар охират ҳамонанди мусалмонон гардонанд? Агар рост мегӯянд, дар даъвои худ, пас шарикони худро биёваранд.(1)
42.
Рӯзе, ки соқ бараҳна ва макшуф гардад, (яъне, рӯзи қиёмат вазъият бениҳоят Душвор гардад, дар он рӯз Аллоҳ таъоло соқи худро, ки бе чӣ гунагӣ ва ба чизе монандӣ надорад, ошкор кунад, Аллоҳ таъоло барои доварӣ миёни мардум биёяд) ва ҳама халоиқ ба саҷда фаро хонда шаванд, пас мунофиқон ва мушрикон саҷда кардан наметавонанд.(1)
43.
Дар ҳоле, ки чашмонашон аз надомат ва хиҷолат фурӯ афтода ва аз азоби Аллоҳ зиллат ва хорӣ онҳоро фурӯ гирад ва ҳақиқатан, ки пеш аз он дар дунё дар ҳоле, ки солим буданд, ба саҷда фаро хонда мешуданд, аммо онҳо аз рӯи такаббур саҷда намекарданд.(1)
44. Пас, эй Расул, Маро бо касе, ки ин сухан (Қуръон)-ро дурӯғ мебарорад, вогузор, зеро интиқом аз онҳо ва ҷазо доданашон бар Ман аст. Мо онҳоро ба зудӣ аз он ҷое, ки намедонанд, андак-андак ба азоб хоҳем гирифт.(1)
45. Ва ба онҳо мӯҳлат диҳам ва умрашонро дароз кунам, то гуноҳро зиёд кунанд. Албатта, тадбири Ман тадбири устувор аст ва касе аз он раҳоӣ надорад.(1)
46. Эй Расул ё аз мушрикон, дар ивази таблиғи рисолат музде металабӣ, пас товони он барояшон гаронбор аст ва онҳо аз адои он дар ранҷанд?
47. Ё илми ғайб назди онҳост, пас онҳо аз рӯи он менависанд он чиро, ки мегӯянд?
48. Пас эй Расул барои фармон ва ҳукми Парвардигорат сабр кун, ва монанди соҳиби моҳӣ (Юнус ибни Мато алайҳиссалом,) мабош, ки дар даъвати қавмаш сабр накард ва чун саршор аз ғаму андӯҳ буд, Аллоҳро нидо кард.
49. Агар неъмат ва раҳмате(1) аз сӯи Парвардигораш ӯро дарнамеёфт, яқинан аз шиками моҳӣ ба саҳрои беобу алаф партофта мешуд, дар ҳоле, ки ӯ бадҳол буд.
50. Пас, Парвардигораш ӯро барои рисолаташ ихтиёр кард ва ӯро аз зумраи солеҳон қарор дод, ки ният, аъмол ва ақволашон шоиста ва дуруст аст.(1)
51. Ва кофирон чун Қуръонро шуниданд, наздик буд, ки аз сабаби бад диданашон туро бо чашмони худ билағжонанд ва аз рӯи ҳасад мегӯянд, ки қатъан ӯ девона аст.
52. Ва ҳол он ки Қуръон барои ҷаҳониён (аз инсу ҷин) фақат панде аст!