الذاريات

تفسير سورة الذاريات

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ وَالذَّارِيَاتِ ذَرْوًا﴾

1. (Аллоҳ савганд ёд мекунад:) Савганд ба бодҳое, ки хокро ба сахтӣ пароканда мекунанд,

﴿فَالْحَامِلَاتِ وِقْرًا﴾

2. пас савганд ба абрҳои бардорандаи бори об,

﴿فَالْجَارِيَاتِ يُسْرًا﴾

3. пас савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ дар обҳои баҳру уқёнусҳо равонанд,

﴿فَالْمُقَسِّمَاتِ أَمْرًا﴾

4.  пас савганд ба фариштагоне, ки бо фармони Аллоҳ миёни халқаш тақсимкунандаи корҳоянд,

﴿إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَصَادِقٌ﴾

5. ки ҳароина, он чӣ шуморо ваъда ва бим медиҳанд, аз омадани қиёмат ва ҳисоб рост аст

﴿وَإِنَّ الدِّينَ لَوَاقِعٌ﴾

6. ва ҳароина, рӯзи ҷазои аъмол, ҳатман омаданист.

﴿وَالسَّمَاءِ ذَاتِ الْحُبُكِ﴾

7. (Ва Аллоҳ савганд ёд мекунад:) Савганд ба осмон, ки ороста ба ситорагон аст.

﴿إِنَّكُمْ لَفِي قَوْلٍ مُخْتَلِفٍ﴾

8.  Бегумон шумо эй такзибкунандагон(1) дар бораи Қуръон ва ба хусуси пайғамбар дар сухане гуногун дар бораи ваҳй бо ҳам ихтилоф доред.

﴿يُؤْفَكُ عَنْهُ مَنْ أُفِكَ﴾

9. Аз ҳақ (Қуръон ва паёмбар) рӯй гардон мешавад, он касе, ки аз имон овардан ба Қуръон ва паёмбар рӯйгардон шуда бошад. (Аз сабаби он, ки ҳуҷҷату бурҳонҳои равшани илоҳиро қабул надошт, пас ба роҳи хайр муваффақ нашуд.)

﴿قُتِلَ الْخَرَّاصُونَ﴾

10.   Марг бод бар он шаккокон ва дурӯғгӯён,

﴿الَّذِينَ هُمْ فِي غَمْرَةٍ سَاهُونَ﴾

11. онон, ки ба ғафлат дар куфру дар ҷаҳл фурӯ мондаанд.

﴿يَسْأَلُونَ أَيَّانَ يَوْمُ الدِّينِ﴾

12. Инҳо дурӯғгӯён бо тамасхур мепурсанд: «Рӯзи ҷазо кай хоҳад буд?»

﴿يَوْمَ هُمْ عَلَى النَّارِ يُفْتَنُونَ﴾

13.   Рӯзи ҷазо, рӯзест, ки бар оташ азобашон мекунанд,

﴿ذُوقُوا فِتْنَتَكُمْ هَٰذَا الَّذِي كُنْتُمْ بِهِ تَسْتَعْجِلُونَ﴾

14. ва барояшон гуфта мешавад «Азоби худро бичашед! Ин аст он чизе, ки дар дунё ба шитоб металабидед! » (1)

﴿إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ﴾

15. Ҳароина, парҳезгорон, ки дар дунё аз Аллоҳ метарсиданд, дар боғҳову канори чашмасорон бошанд.

﴿آخِذِينَ مَا آتَاهُمْ رَبُّهُمْ ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا قَبْلَ ذَٰلِكَ مُحْسِنِينَ﴾

16.
Он чиро аз орзуҳояшон Парвардигорашон ба онҳо ато кардааст, ба хурсандӣ гирифтаанд ва ба он розӣ ҳастанд Ҳароина, пеш аз он дар дунё бо ба ҷо овардани амалҳои шоиста некӯкор будан (1)

﴿كَانُوا قَلِيلًا مِنَ اللَّيْلِ مَا يَهْجَعُونَ﴾

17. Он некӯкорон андаке аз шабро мехобиданд ва шабро бо намоз зиндадорӣ мекарданд

﴿وَبِالْأَسْحَارِ هُمْ يَسْتَغْفِرُونَ﴾

18. ва ба ҳангоми саҳар аз гуноҳони хеш истиғфор (тавба) мекарданд (1)

﴿وَفِي أَمْوَالِهِمْ حَقٌّ لِلسَّائِلِ وَالْمَحْرُومِ﴾

19. ва дар амволашон барои муҳтоҷон аз пурсандаву маҳрум; (он ки аз рӯи ҳаё намепурсад), ҳаққе буд. (1)

﴿وَفِي الْأَرْضِ آيَاتٌ لِلْمُوقِنِينَ﴾

20.   Ва дар замин барои аҳли яқин (ба онон, ки ба ваҳдонияти Аллоҳ бовар доранд ва рисолатии паёмбарашро тасдиқ мекунанд), далоили равшан ва ибратҳоест

﴿وَفِي أَنْفُسِكُمْ ۚ أَفَلَا تُبْصِرُونَ﴾

21.   ва низ дар вуҷуди худатон нишонаҳои ошкоре ҳаст, ки далолат бар ягонагии офаридагори шумо мекунад ва танҳо Ӯ сазовори ибодат аст. Оё намебинед, то аз он ибрат бигиред?(1)

﴿وَفِي السَّمَاءِ رِزْقُكُمْ وَمَا تُوعَدُونَ﴾

22.   Ва ризқи шумо ва ҳар чӣ ба шумо аз неку бад ва савобу иқоб ваъда шуда, ҳамааш дар осмон навишта шудааст.

﴿فَوَرَبِّ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ إِنَّهُ لَحَقٌّ مِثْلَ مَا أَنَّكُمْ تَنْطِقُونَ﴾

23.
   Пас, Аллоҳ ба Зоти поки худ қасам ёд мекунад:) савганд ба Парвардигори осмонҳову замин, ки он чи ваъда шудааст бароятон ҳақ аст, ҳамон гуна ки шумо бо якдигар) сухан мегӯед ва дар суханатон шак намеоред(1).

﴿هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ ضَيْفِ إِبْرَاهِيمَ الْمُكْرَمِينَ﴾

24.   Эй Расул, оё хабари меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст, ки он меҳмонон фариштагон буданд?

﴿إِذْ دَخَلُوا عَلَيْهِ فَقَالُوا سَلَامًا ۖ قَالَ سَلَامٌ قَوْمٌ مُنْكَرُونَ﴾

25.   Он гоҳ ки назди ӯ омаданду гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом! Шумо мардуми ношиносед!»(1)

﴿فَرَاغَ إِلَىٰ أَهْلِهِ فَجَاءَ بِعِجْلٍ سَمِينٍ﴾

26.   Дар ниҳон ва шитобон назди аҳли худ рафт ва қасд ба гӯсолаи фарбеҳе карда онро кушта бирён карда овард.

﴿فَقَرَّبَهُ إِلَيْهِمْ قَالَ أَلَا تَأْكُلُونَ﴾

27.   Таъомро ба наздашон гузошту бо лутфу меҳрубони гуфт: «Чаро намехӯред?»(1)

﴿فَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِيفَةً ۖ قَالُوا لَا تَخَفْ ۖ وَبَشَّرُوهُ بِغُلَامٍ عَلِيمٍ﴾

28.   Он ҳангом, ки дид, ки намехӯранд, пас дар дилаш аз онҳо тарсе ёфт. Гуфтанд (барояш): «Матарс!» Мо паёмбарони Аллоҳ ҳастем.
Ва ӯро ба писаре доно башорат доданд, ки ҳамсари ӯ Сора барояш таваллуд мекунад ва чун ба ҳадди мардӣ мерасад, онгоҳ бисёр доно ва огоҳ аз илми илоҳӣ мешавад ва ӯ Исҳоқ алайҳиссалом аст(1).

﴿فَأَقْبَلَتِ امْرَأَتُهُ فِي صَرَّةٍ فَصَكَّتْ وَجْهَهَا وَقَالَتْ عَجُوزٌ عَقِيمٌ﴾

29.
   Пас чун занаш башорати малоикаҳоро шунид, фарёдзанон (аз таъаҷҷуб) омад ва бар чеҳрааш заду гуфт: «чӣ гуна таваллуд мекунам, ҳол он ки ман пирзани нозо ҳастам».(1)

﴿قَالُوا كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِ ۖ إِنَّهُ هُوَ الْحَكِيمُ الْعَلِيمُ﴾

30.   Малоикаҳо барояш гуфтанд: «Парвардигори ту ҳамчунин фармудааст он чӣ ба ту хабар додаем ва Ӯ бар ҳар чӣ қодир аст, пас дар қудрати Ӯ таъаҷҷубе нст. Ва ҳароина, Ӯ ҳаким аст ҳама ашёро ба ҳикмати худ дар ҷояш мегузорад ва ба шоистагии бандагонаш доност!»

﴿۞ قَالَ فَمَا خَطْبُكُمْ أَيُّهَا الْمُرْسَلُونَ﴾

31.   Иброҳим ба малоикаҳо гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?»

﴿قَالُوا إِنَّا أُرْسِلْنَا إِلَىٰ قَوْمٍ مُجْرِمِينَ﴾

32.   Гуфтанд: «Мо ҳароина, ба сӯи мардуми табаҳкор(1) фиристода шудаем,

﴿لِنُرْسِلَ عَلَيْهِمْ حِجَارَةً مِنْ طِينٍ﴾

33.   то пораҳои сангҳои гилӣ бар сарашон биборем, ҳалокашон созем,

﴿مُسَوَّمَةً عِنْدَ رَبِّكَ لِلْمُسْرِفِينَ﴾

34.   ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад гузаштаҳо (дар гуноҳ) нишонае гузошта шудааст».

﴿فَأَخْرَجْنَا مَنْ كَانَ فِيهَا مِنَ الْمُؤْمِنِينَ﴾

35.   Пас, ҳамаи касонеро, ки дар он ҷо имон оварда буданд, аз диёри қавми Лут берун овардем.(1)

﴿فَمَا وَجَدْنَا فِيهَا غَيْرَ بَيْتٍ مِنَ الْمُسْلِمِينَ﴾

36.   Ва дар он шаҳр ҷуз як хонаи дигаре аз фармонбардорон наёфтем. Ва он хонаи Лут алайҳиссалом буд, магар ҳамсараш, ки ӯ аз ҳалокёфтагон буд(1)

﴿وَتَرَكْنَا فِيهَا آيَةً لِلَّذِينَ يَخَافُونَ الْعَذَابَ الْأَلِيمَ﴾

37.   Ва дар он сарзамин(1) барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне, ки далолат бар ҳалоки куффор аст, боқӣ гузоштем.(2)

﴿وَفِي مُوسَىٰ إِذْ أَرْسَلْنَاهُ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ بِسُلْطَانٍ مُبِينٍ﴾

38.
Ва дар қиссаи Мӯсо, барои касоне, ки аз азоби дарднок метарсанд, нишонае қарор додем, он гоҳ ки ӯро бо далелҳои ошкор (бо мӯъҷизаҳои равшан) назди Фиръавн фиристодем.

﴿فَتَوَلَّىٰ بِرُكْنِهِ وَقَالَ سَاحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ﴾

39.Ва Фиръавн ба ҳамаи нерӯяш рӯй гардонду гуфт: Ин Мӯсо: «Ҷодугарест ё девонае!»(1)

﴿فَأَخَذْنَاهُ وَجُنُودَهُ فَنَبَذْنَاهُمْ فِي الْيَمِّ وَهُوَ مُلِيمٌ﴾

40.   Пас Фиръавн ва лашкарҳояшро фурӯ гирифтем ва ба баҳр андохтем. Ва ӯ ба сабаби куфру инкори ҳақ сазовори маломат буд.(1)

﴿وَفِي عَادٍ إِذْ أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمُ الرِّيحَ الْعَقِيمَ﴾

41.   Ва низ барои андешакунандагон ибратест дар ҳалок шудани қавми Од, чун боди ақимро(1) бар онҳо фиристодем.

﴿مَا تَذَرُ مِنْ شَيْءٍ أَتَتْ عَلَيْهِ إِلَّا جَعَلَتْهُ كَالرَّمِيمِ﴾

42.   Ба ҳар чизе ки мевазид, онро боқӣ намегузошт, магар ки онро чун устухони пӯсида мегардонд.

﴿وَفِي ثَمُودَ إِذْ قِيلَ لَهُمْ تَمَتَّعُوا حَتَّىٰ حِينٍ﴾

43.   Ва низ панду ибратест дар ҳалок шудани қавми Самуд, чун ба онҳо гуфта шуд: «Замоне чанд то ба охир расидани умратон баҳра баред».

﴿فَعَتَوْا عَنْ أَمْرِ رَبِّهِمْ فَأَخَذَتْهُمُ الصَّاعِقَةُ وَهُمْ يَنْظُرُونَ﴾

44.   Пас онон аз фармони Парвардигорашон сар тофтанд ва ҳамчунон ки бо чашми сар менигаристанд, раъди тунде онҳоро фурӯ гирифт.(1)

﴿فَمَا اسْتَطَاعُوا مِنْ قِيَامٍ وَمَا كَانُوا مُنْتَصِرِينَ﴾

45.   Пас на тавони гурехтан ва на тавони ба по истодан доштанд ва на интиқомгиранда буданд, то худро кумак кунанд.(1)

﴿وَقَوْمَ نُوحٍ مِنْ قَبْلُ ۖ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمًا فَاسِقِينَ﴾

46.   Ва пеш аз он гурӯҳ қавми Нӯҳро ҳалок сохта будем, зеро онҳо қавми фосиқе(1) буданд.

﴿وَالسَّمَاءَ بَنَيْنَاهَا بِأَيْدٍ وَإِنَّا لَمُوسِعُونَ﴾

47.   Ва аммо осмонро бо қувват ва қудрати азим бино кардем ва онро сақфе барои замин қарор додем ва ҳаққо, ки Мо бар паҳноварии канорҳои он тавоноем.(1)

﴿وَالْأَرْضَ فَرَشْنَاهَا فَنِعْمَ الْمَاهِدُونَ﴾

48.   Ва заминро паҳн кардаем ва барои зиндагии мардумон омода сохтаем, пас чӣ омодакунандагони хубе ҳастем!(1)

﴿وَمِنْ كُلِّ شَيْءٍ خَلَقْنَا زَوْجَيْنِ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ﴾

49.   Ва аз ҳар (мавҷудот) чиз ҷуфте(1) биёфаридаем, бошад, ки аз қудрати илоҳӣ ибрат гиред.(2)

﴿فَفِرُّوا إِلَى اللَّهِ ۖ إِنِّي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ مُبِينٌ﴾

50.
   Пас Паёмбар гӯяд: Эй мардум аз азоби Аллоҳ, ба сӯи раҳмати Аллоҳ ба василаи имон овардан ба Аллоҳу расулаш ва ба пайравӣ намудану амал кардан ба фармонаш бигрезед. Ҳароина, ман шуморо аз ҷониби ӯ бимдиҳандае ошкорам.(1)

﴿وَلَا تَجْعَلُوا مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ ۖ إِنِّي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ مُبِينٌ﴾

51.   Ва бо Аллоҳи якто маъбуди дигареро мапарастед. Ҳароина, ман шуморо аз ҷониби ӯ бимдиҳандае ошкорам.

﴿كَذَٰلِكَ مَا أَتَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا قَالُوا سَاحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ﴾

52.
   Ҳамин гуна, ки қурайшиҳо паёмбарашон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ мебароранд, ҳеҷ паёмбаре ба сӯи мардумони пеш аз онҳо наёмад, магар ин гуфтанд: «Ӯ ҷодугар ё девонаест»(1)

﴿أَتَوَاصَوْا بِهِ ۚ بَلْ هُمْ قَوْمٌ طَاغُونَ﴾

53.
   Оё ба гузаштагон ва ояндагон дурӯғ баровардани паёмбаронро бо якдигар васият карда буданд? На! Балки, онҳо мардуми саркаше буданд, ки дилҳо ва амалҳояшон дар куфр варзидан ва саркашӣ кардан монанди якдигараст. Пас ояндагоншон чунин гуфтаанд, чунон ки гузаштагонашон гуфтаанд.(1)

﴿فَتَوَلَّ عَنْهُمْ فَمَا أَنْتَ بِمَلُومٍ﴾

54.   Пас, эй Расул, аз мушрикон рӯй бигардон, то фармони Аллоҳ дар ҳаққи онҳо ба ту нозил гардад. Касе туро маломат нахоҳад кард, зеро он чиро, ки бар ӯҳдаи ту буд, ба охир расонидаӣ.(1)

﴿وَذَكِّرْ فَإِنَّ الذِّكْرَىٰ تَنْفَعُ الْمُؤْمِنِينَ﴾

55.   Ва панд деҳ, ба ростӣ ки панд додан ба мӯъминон фоидае мебахшад.

﴿وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ﴾

56.   Ва ҷинну одамиро наёфаридаам, магар барои (ҳадафи бузурге, то танҳо) маро ибодат кунанд, (на ғайри Маро)(1)

﴿مَا أُرِيدُ مِنْهُمْ مِنْ رِزْقٍ وَمَا أُرِيدُ أَنْ يُطْعِمُونِ﴾

57.   Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро таъом диҳанд. (Аллоҳ таъоло худ эҳтиёҷ ба халқ надорад, балки онҳо ҳама ба Ӯ эҳтиёҷманданд. Ӯ офаридагор ва рӯзидиҳандаи онҳост ва аз онҳо бениёз аст).

﴿إِنَّ اللَّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ﴾

58.   Ҳароина, Аллоҳ барои бандагонаш рӯзидиҳандааст. Ва Ӯст соҳиби тамоми нерӯи сахти устувор!

﴿فَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا ذَنُوبًا مِثْلَ ذَنُوبِ أَصْحَابِهِمْ فَلَا يَسْتَعْجِلُونِ﴾

59.   Пас, ҳароина, барои касоне, ки ситам кардаанд(1), аз азоб насибаест монанди насибае, ки ёронашон доштанд. Пас, набояд, ки ба шитоб аз ман азоб талаб кунанд! Бегумон он омаданист.(2)

﴿فَوَيْلٌ لِلَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ يَوْمِهِمُ الَّذِي يُوعَدُونَ﴾

60.   Вой (ва ҳалокӣ бод) бар онон, ки куфр варзиданд ба Аллоҳу расулаш, аз он рӯз, ки онҳо ба фуруд омадани азоб ваъда дода мешаванд! Ва он рӯз рӯзи қиёмат аст.(1)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: